Суғд: Ҳалокати 5 ноболиғ дар садамаҳои нақлиётӣ
Дар пайи 22 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ давоми 4 моҳи соли равон дар шимоли Тоҷикистон 5 ноболиғи зери 16-сола ба ҳалокат расида, 20 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” аз дафтари матбуоти Шӯъбаи БДА дар Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд теъдоди садамаҳо бо ҳодисаҳои чор моҳи соли 2016 баробар бошад ҳам, аммо теъдоди ҳалокшудаҳо 2 ва ҷароҳатбардоштаҳо 1 адад афзоиш ёфтааст: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда дар давраи сипаригаштаи соли равон вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон дар миқёси вилоят ташвишовар боқӣ мемонад”.
Манбаъ афзуд, бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо, мутобиқи нақша-чорабиниҳои асосии Шӯъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва дар асоси нақша-чорабиниҳои мақсадноки “Назорат”, аз 23 май то 1 июни соли 2017 дар қаламрави вилоят амалиёти “Бачаҳо” роҳандозӣ гаштааст: “Аз ин лиҳоз, аз кулли иштирокчиёни ҳаракати роҳ, даъват ба амал оварда мешавад, ки дар муддати гузаштани амалиёт ва баъд аз он ба қоидаҳои ҳаракати роҳ қатъиян риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |