Бахшҳо

Шодии Жириновский аз пирӯзии "Эмомалӣ-ако" бар Трамп (ВИДЕО)

Дастфишории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоияш дар сархати расонаҳои ғарб ва ҳатто телевизионҳои федералии Русия қарор гирифт.

Владимир Соловёв, ровии маъруфи телевизиони Русия 24-уми май барномаашро аз ин дастфишорӣ оғоз карда, бо оҳанги шӯхиомез афзуд дар ин авохир чанд ҳодисаҳое рух доданд, ки шахсан ӯро такон додаанд: “Аз ҷумла Ҷоми беҳтарин мутахассиси ҷаҳон оид ба дастфишорӣ аз Амрико берун шуд. Доналд Трамп сабқатро бохт”.

Соловёв бо намоиши наворҳои қаблии дастфишории Трамп шарҳ дод, ки ба назар мерасид, Трамп ба ҳама чӣ қодир аст: “Аммо нохушие рух дод. Трамп бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон вохӯрд ва маълум шуд, ки президенти Амрико наметавонад бар президенти Тоҷикистон дастболо шавад”.

Шарҳи Соловёв, ки "Эмомалӣ-ако Трампро сӯи худ кашиду ҷояшро муайян кард", хандаю кафкӯбии ҳозирини барнома, аз ҷумла Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал демократи Русияро дар пай дошт.



Навори ҳафтсониягии дастфишории роҳбарони Амрико ва Тоҷикистон, ки 21-юми май дар шаҳри Риёз сабт гардид, рӯзҳои охир дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Расонаҳои Ғарб навиштанд, Трамп, ки бо дастфишории хос ва сӯи худ кашидани нафари муқобил маъруф аст, ахиран шикаст хӯрд. Дар ин расонаҳо таъкид шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон зоҳиран ба ин сабқат омодагии хуб дида, тамрин кардааст.

ВИДЕО дар бораи дастфишориҳои Трамп:



Мӯҳр
Оооооооофаринннн! Офариннннн! Офаринннннн! Падари миллати точик, Пахлавони миллати точик, fellow гамгори миллати точик, ватандусту сулхпарвару, сулхофари сулховари точик! Кудрату тавонои, далериву часури, бузургиву мехрубониатон хеч вакт кам нагардад. Саратон мисли куххои Помир баланд, дилатон мисли чашмахои Помир софу бегубор, умратон мисли дарёи Панч дароз ва беохир бошад!

Ман бовари дорам, ки Пешвои миллат Эмомали Рахмон бо хама Президентхои чахон самимона ва хеле бародарона рафтор менамояд, чун худашон тинаташон пок аст.
Акнун онро чи гуна шарх медиханд, ин вобастаги дорад ба дилуният ва хостахои шахрдиханда.

Точик
Дар хакикат Пешвои Миллат пахлавону часур аст. Зиндабош номбардори миллати точик . Мо бо Шумо фахр мекунем.

Дилшод
Вокеан Президенти мо нангу номуси баланд доранд. Чавонмардиро аз Пешвои миллат бояд омухт! Двр хакикат тамоми хастии худро барои Ватану миллат додаанд ва пеши касе кам гнамеоянд. Ин аст гурури милли ва далериву часури!

ofarin ба фикри ман чунин президенти пуркувват нест обру точикистон Боз хам болотару болотар меравад бо чунин сарвар 1000офарин

Носир
Ин як дастфишории дустона буд ин журналистон бахусус Россия аз паша фил месозанд зинда бод пешвои миллат дили пок доранд барои халки худ хизматхо кпрдаанд.

Номдор
Дар хакикат Ч О пешвои точикони чахон марди поку дил соф аст бо тамоми кас бо чехраи кушод сухан мекунад дар инчо танхо хурсанди аст дигар чизе нест Ахсан Мухтарам ЧО Худо хамеша ёру мададгорат бошад

браво,лидер нации эмомали рахмон.
пускай завидуеть Вас другие президенты.
Рустам научись друг мой.
Впред таджики.

ЗАФАР КУРБОНОВ
Рости гап и Соловев як машинаи тафрика ва чангандозии макомоти амнияти русисит. Ба хамин хотир ба касе осеб расонидани шаванд е тахдид кардани шаванд тарики Соловев хушдораш медиханд, Лекин миллати мо бояд рухафтода набошад, Раис чумхур, чаноби оли бояд мустахкамтар кадамхояша монад, Ба пеш Чаноб!

sardor
Аҷибаш дар онки, бино бар одоби муоширати худи Амрико, Австралия ва бисёр кишварҳои Аврупо ҳангоми салому алейк дастро сахт ва дуру дароз фишурдан беодобӣ ҳисоб мешавад. Модоме Трамп бо ҳамаи мардҳо сахт дастфишорӣ мекунад, ё аз этикети худашон бехабар аст, ё воқеан "ягон бало дорад".)))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)