Бахшҳо
26 май 2017 10:21Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳамовозии сиёсии Тоҷикистону Амороти Араб дар масоили ҷаҳонӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди зуҳри 25-уми май дар мулоқот бо Шайх Абдулло бин Зойид Оли Наҳён, вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории сиёсӣ бо Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ карда, яксон ва ё наздик будани мавқеи ҷонибҳо оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намудаанд.

Манбаъ афзуд, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ, рушду густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва дар ҳамин замина таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, ифтитоҳи бонкҳои тиҷоратии Аморот дар Тоҷикистон инчунин фаъолгардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ зарур шуморида шуд: “Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаи муҳимияти ҳамкории густурдаи дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Арабва сайёҳӣ мароқ зоҳир гардид”.

Дар мавриди вазъи амниятии ҷаҳони ислом, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва пешгирию бартараф кардани хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир низ ҷонибҳо изҳори ҳамфикрӣ карда, барои тақвияти ҳамдастӣ дар ин самт дар шакли барои ҷонибҳо мақбулу муҳим изҳори омодагӣ намуданд.


Ҳамовозии сиёсии Тоҷикистону Амороти Араб дар масоили ҷаҳонӣ (АКС)

Ҳамовозии сиёсии Тоҷикистону Амороти Араб дар масоили ҷаҳонӣ (АКС)

Ҳамовозии сиёсии Тоҷикистону Амороти Араб дар масоили ҷаҳонӣ (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)