Бахшҳо

Агар ҳама сиёҳ мебуд, аз ин Ватан ва ин миллат нишон намемонд

Азизи НАҚИБЗОД

Боре устод Салим Аюбзод ба ҳамин мазмун навишта буд, ки барои тоҷик ду ранг вуҷуд дорад, сафеди сафед ё сиёҳи сиёҳ. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар баҳодиҳӣ ба ақидаву андешаҳо ва намояндагони касбу пешаҳо ҳамватанони мо воқеан танҳо аз ҳамин ду ранг истифода мекунанд. Ё сип-сиёҳ ё сап-сафед. Борҳо аз ҳамватанон шунидаам, ки “ҳамаи рӯзноманигорон беҷасоратанд”, “ҳамаашон тамаллуқкоранд”... Ё “ҳамаи шоирону адибон гирифтори мадҳу ситоишанд”, “Ҳеч асари хонданӣ надоранд”...

Ҳамин тариқ, гуфта мешуду мешавад, ки ҳамаи додгустарон беадолатӣ мекунанд, ҳамаи духтурон беинсофанду тамоми муаллимон ришвахоранд ва ғайра.
Ва шахсан худам дар бораи милисаҳову додгустарону додситонҳо, умуман кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасаввуре чунин доштам. Бархӯрди милисаҳои дағаллгуфтор бо мардум дар хиёбонҳо маро бештар ба ин андеша мутақоид месохт. Аммо таи ду соли охир, ки аз қазо ва бо тақозои касб корам бо мақомоти қудратӣ зиёд уфтод, андешаам дар ин маврид дигар гашт. Ҳамчуноне, ки миёни рӯзноманигорон шахсони содиқ ба арзишҳои касбӣ ва бовиҷдон зиёданд дар ин ниҳодҳо низ кам набудаанд. Дар ин ниҳодҳо бо муфаттишоне вохӯрдам, ки бо вуҷуди фишор аз болонишинон пой аз чорчӯби адолат фаро наниҳоданд. Аммо тавре зикр гашт, ҳамаи мо ҳамдигарро ё сиёҳ мебинем ё сафед.

Мансабдоре аз мақомот боре гуфт:
-Ту савдогареро бовиҷдон ва ҳалолкор аст, навиштаӣ! Магар савдогар бовиҷдон мешавад? Ман ҳечгоҳ савдогари бовиҷдонро надидаам! Ҳарчанд кӯшидам бифаҳмонам, ки фикраш ғалат аст, аммо қабул накард.

Ва як мақомотие, ки ман ҳар бор як соат маънои мафҳумҳоро барояш шарҳу тафсир мекардам, гаштаву баргашта такрор мекард:
-Ин қадар журналистони Шумо бесаводанд!

Аммо ончи муҷиби навистани ин матлаб шуд, вохӯрии тасодуфиам бо як нафар милисаи ҷавон,огоҳ ва сермутолиа шуд. Ду рӯз пеш ба таксие нишастам. Ронанда дар роҳ пурсид, ки магар рӯзноманигор нестам? Оё ҳануз дар “Озодагон” кор мекунам? Ҳамин тавр суҳбати мо оғоз гардид ва наздики як соат аз ҳар тараф гуфтугӯ кардем. Маълум гардид, ронанда милиса буда, дар рӯзҳои фароғат мусофирбарӣ мекарда, то даст ба ришва ва ҳаром назанад. То кудаконаш нони ҳалол бихӯранд. Ҳамсуҳбатам гила кард, ки мардум гумон мекунанд, ки ҳамаи милисаҳо бесаводанд, вале дар асл чунин нест ва милисаҳои сермутолиа ва босавод низ ҳастанд. Гуфтам, оре, дигар ман чунин фикр намекунам ва ба гуфтаи ту шак надорам.

Хулас, хеле суҳбат кардем ва ҳоло агар гуям, ки ин ҷавон онқадар огоҳ, пурхонда ва донишманд буд, ки шояд аз ҳамсолонаш дар Донишгоҳҳои кишвар назираш набошад, шояд боз ҳамон сиёҳбинии тоҷикиатон нагузорад, ки бовар кунед.
Аммо воқеъиятро гуфтам.
Ва рангҳо на фақат сиёҳу сафеданд.
Ва агар ҳама сиёҳ мебуд, аз ин Ватан ва ин миллат нишон намемонд.
Ва шукри будани сафедҳо!
Ва то сафедҳо ҳастанд ин Ватан пойдор хоҳад монд!


Бознашр аз саҳифаи фейсбуки муаллиф
Мӯҳр
Худованд сафи чунин милисахоро зиёд карда аз гайбаш ризкашонро арзони гардонад.

хабархони озодагон
Ман аз хисси сиёхбинии точики не, балки аз хисси кунчковии точики мепурсам: мабодо, ягон парвандаи шумо дар дасти ин милиса набошад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)