Бахшҳо

Тоҷирон беинсофанд ё мо беинсофона меандешем?

Азизи НАҚИБЗОД,
Махсус барои “Озодагон”


Ҳар сол дар моҳи Рамазон, ба хусус дар арафаи Иди фитр нархи хурокворӣ дар бозору мағозаҳои Тоҷикистон боло меравад. Ҳар сол мақомот ба савдогарон супориш медиҳанд, то нархҳоро боло набаранд. Ҳар сол борони нафрину хашми харидорон ба сари фурӯшандагон меборад: -Инҳо инсоф надоранд, бевиҷдонанд, танҳо дар ғами киссаи худанд. Магар мусалмонӣ чунин аст?...

Аммо касе намегӯяд, ки сабаби болоравии нархҳо чист? Ҳеч кадоме аз мо намегӯем, ки шояд худамон беинсофона меандешем. Касе фикр намекунад, бозор қоидаҳои худро дорад ва савдогарон низ мушкилоти зиёд доранд. Ва бозорҳои Тоҷикистон аз бозорҳои дигар кишварҳо тафовут дорад. Танҳо дар кишвари мо барои ҳар чорабиние аз тоҷирон пул ғун карда мешавад.

Барои ҳалли масъала пеш аз ҳама бояд аз баҳри мафкураи “бригадирӣ” бароем. Дигар на Шӯравӣ ҳасту на колхозу на совхоз. Пас супориш додани савдогарон, ки молатро ба ин қиммат неву ба он қиммат фурӯш мантиқӣ нест. Мол дигар моли давлат нест, моли хусусии бозаргон аст. Пас бо чӣ ҳаққе метавонем, ба эшон амр диҳем?

Савдогарон аз кабудиву мева то қанду равғану ғайраро аз яклухтфурӯшон мегиранд ва асосан аз 10 то 20 дарсад гаронтар мефурӯшанд. Аз ин 10-20 дарсаде, ки ба болои арзиши аслӣ гузошта мешавад, харҷҳои иҷора, андоз, чекпулӣ (дар бозорҳо) ва ғайраро аз ин тарҳ намоем, савдогар 4-5 дарсад фоида мегирад. Беш аз ин вақте фурӯшанда фаразан қандро аз яклухтфурӯш 7 сомонӣ гирифта бошад, чӣ гуна метавонад ба мо 6 сомонӣ фурӯшад?

Пеш аз он ки фурӯшандаҳоро ба ноинсофӣ муттаҳам кунем, оё боре таваҷҷуҳ кардаем, ки нархи иҷораи як мағоза дар Душанбе чӣ қадар аст? Дар маркази шаҳри Душанбе як метри мураббаъи мағоза 20 доллар аст! Гӯшаҳои шаҳр 15-10 доллар. Яъне, агар дар маркази Душанбе сад метри мураббаъ мағозаеро ба иҷора гиред, танҳо 2000 доллар иҷорапулӣ медиҳед. Ба болои ин пули обу барқу андоз...

Тасаввур мекунед ки ҳар мағоза соле барои Тоҷикстандарт як маблағи муайян пардохт мекунад. Барои чӣ? Посух надорад. Посух биҷӯӣ аз корат мемонӣ! Ва тамоми хароҷот ба дӯши фурӯшанда-иҷорагиранда мебошад. Соҳиби мағоза танҳо иҷорапулӣ гирифтанро медонад. Ёддовар бояд шавем, ки аз оғози ҳамин сол ҳаҷми андози мағозаҳо низ то 100 дарсад боло бурда шуд. Ҳоло фурӯшанда бояд коре кунад, ки ин дарсадро ҳам аз ҳисоби мо харидорон ҷуброн кунад.

Яке аз сабабҳои болоравии нархҳо болоравии арзиши доллар аст. Фаромуш накунем, ки 70 дарсади маҳсулоти хӯрокворӣ аз хориҷ ворид карда мешавад. Ва имсол дар арафаи моҳи Рамазон Бонки миллӣ арзиши долларро ба дараҷаи чашмрас боло бурд. Пас чи гуна метавон аз тоҷир арзонфурӯширо тақозо кард?

Сабаби дар арафаи идҳо боло рафтани нархҳо агар аз як сӯ зиёд гардидани талабот бошад, аз сӯи дигар ҷуброни харҷҳои гарони дар муддати сол пардохтшуда мебошад. Ин танҳо дар тасаввури мо харидорон савдогарон ҳар рӯз фоида мегиранд. Дар асл чунин нест. Тоҷирон рӯзҳо ва моҳҳо бо заррар кор мекунанд. Ба умеди як рӯзи хуб, мавсими савдо...

Ҳеч мушкиле ки роҳи ҳал надошта бошад вуҷуд надорад. Пас роҳи арзон намудани маҳсулот кадом аст? Дар кутоҳмуддат масалан мешавад, тоҷирони яклухтфурӯш (воридкунанда)-ро дар моҳи Рамазон аз ААИ (НДС) озод намуд. Дар бозорҳо, ки бештарашон давлатианд, дар моҳи Рамазон савдогаронро аз иҷорапулӣ ё чекпулӣ метавон озод кард. Мағозаҳоро ҳам дар ин моҳ ё бояд аз андоз озод намоем ё ҳадди аққал андозашонро ба 50 дарсад поин барем.

Аммо дар дарозмуддат бояд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мағозаҳои давлатӣ таъсис дода шаванд. Давлат ҳамеша захираи маҳсулоти заруриро дошта бошад. Ва мағозаҳои давлатӣ табиист, ки аз имтиёзҳои гумрукиву андоз баҳравар мегарданд ва дар ҳолатҳои зарурӣ молашонро ба мардум бо нархи нисбатан арзон пешниҳод мекунанд. Ва он вақт давлат ҳақ пайдо мекунад, то амр диҳад ё фармон кунад, ки гарон нафурӯшед! Чун мағозаи худаш,моли худаш ва фурӯшандаи худаш аст.
Мӯҳр
Бародар Азиз ! Тахлили одилона вале нопура. Чаро факат точикстандарт ?

Саид
Рахмат ба падарт бехтарин тахлил.

Саид,
Саид,
Саидчон, одами рузадор хаминкадар менависад(((

Дина руз кариб ки тамоми шахрро гаштам аммо аз чое гушт дарёфт накардам танхо дар чое ки макони гуштфурушхо муариффи шудааст як ду нафарашон гушти гусфанд доштан ва як нафари дигар гушти зард шудаги ки вая агар укоба тиен намехурад, як чи нофахмо аст???????? ин бо кадом максад буд аз чониби хукумат супориш шуд ки нарху наво дар бозорхо дар мохи шарифи рамазон боло наравад ба хамин хотир бошад ки тамоми гуштфурушхо гуё ки маслихат карда бошанд ки вакте ки гап ин хел аст мо наметавонем бо ягон восита нархро боло барем якчоя маслихат кардаги бошанду ба бозор гушт набароварда бошандпас чаро ин масала зери назорати ягон сохтори дахлдор гирифта нашудаааст ,Пас чунин бошад бароред кароре ки касе ки як ду руз ба савдо набаромад тамоман дигар ба бозор набарояд ва кучое ки набошад намонанд ки ба чунин савдо даст занад.Хамун точире ки дукон дорад вай ба кавле (Бе таго нест вай Таго дорад ки дукон дорад ) масалан ман шахрванди одди бе таго наметонам дар маркази шахр ва дар дилхох бозор дукон гираму ба тичорате машгул шавам.Чаноби накибзод ин муамо нест шумо як фикр карда бад руи когази сафедро сиёх кунед хохиш мекунам ин арзе ки шумо карден ба хамагон маълум аст ..............

Пас малум мешавад ки 80 фисад гуште ки мо истемол мекунем хамун хам аз хорича ворид карда мешавад???????????????????????????7

Али
Ин масъала на бар души харидор асту на бар души фуршанда ва на точикстандарт. Об аз боло лой аст.

катаган
агар инсап набаша и корой худуш гуптаги пойда надара... чойа биги маълим..

шахрванд
Дар ягон мамлакати мусалмоннишин ин ахвол дида намешавад. Хар сол дар Точикистон хамин масъала дар Рамазон пеш меояд. Хатто мусалмонони Африко ин беинсофиро намекунанд

ин бозору фурушандахо ягон сохиб доранд е чи хел? о як бозору нарху наворо ба танзим дароварда наметавонен, мондаги мушкилиро чи хел халу фасл мекунен. факат таърифу гапи сапсата.

545
Ягона рохи халоси ин "товарная интервенция" яъне бисер мол ворид кунанд ба бозор.Иктисоди бозоргони фармони беасосро намеписандад,моли бозори имруза аз колхозу совхоз нест дигар ин моли сирф шахси алохидаи озод аст ва у нархро аз руи талаботи истеъмолкунанда нархгузори мекунад.Инчо роли матлубот низ бояд назаррас бошад аммо кани ун кас?Дар замони шурави наздикии хонахо ларек гуфтаги буд камбагалхо аз он чо харидори мекарданд кани хамонхо ?Хуллас ки бозор бояд пурри мол бояд бошад.

Хайрхох
роҳи арзон намудани маҳсулот кадом аст? Дар кутоҳмуддат масалан мешавад, тоҷирони яклухтфурӯш (воридкунанда)-ро дар моҳи Рамазон аз ААИ (НДС) озод намуд. Дар бозорҳо, ки бештарашон давлатианд, дар моҳи Рамазон савдогаронро аз иҷорапулӣ ё чекпулӣ метавон озод кард. Мағозаҳоро ҳам дар ин моҳ ё бояд аз андоз озод намоем ё ҳадди аққал андозашонро ба 50 дарсад поин барем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)