Ҷавони 26-сола дар қатли писарамаки 11-солааш айбдор мешавад
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 26-сола, сокини шаҳри Роғун хабар дод, ки дар қатли писарамаки ноболиғаш гунаҳкор мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД боздоштшуда 26-уми майи соли 2017, дар ҳудуди деҳаи Қалъаи-Нави шаҳри Роғун, дар пайи муноқиша бо писари амаки 11-солааш, сокини шаҳри Душанбе ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 12-маротиба ба аъзои баданаш зарба задааст: “Дар натиҷа, писарбачаи ноболиғ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ афзуд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |