Бахшҳо
29 май 2017 10:50Тоҷикистон / Сиёсат

Генерал Раҳмоналӣ вазъи марз бо Чинро муайяну бо Афғонистонро мураккаб хонд

Генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд марз бо Чин аломатгузорӣ шудааст, аммо вазъ дар он тарафи дарёи Панҷ мураккаб мебошад.

Марзбони № 1-и Тоҷикистон зимни мусоҳиба бо Мавҷуда Анварӣ, хабарнигори “Ховар” дар мавриди ҳамкорӣ бо марзбонҳои кишварҳои ҳамсоя изҳор доштааст, ки марз бо Чин аломатгузорӣ шудааст: “Дар ин муддат аз ҷониби марзбонони тоҷик аломатгузории марзи Тоҷикистону Хитой гузаронда шуд. Бо назардошти хусусиятҳои релефи маҳаллӣ қисми зиёди сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон бо системаи огоҳкунӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд. Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 34 нуқтаи назоратии гузаргоҳи сарҳадӣ мавҷуд аст, ки 25 адади он мақоми байналмилалӣ дорад. Аз вақти зери назорати Қӯшунҳои сарҳадӣ гузаштани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз моҳи июли соли 2005, сарҳадбонони тоҷик дар фаъолияти хизматӣ-ҷангии ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳамкорӣ бо ҳамкасбони афғон, қирғиз, ӯзбек ва хитоӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади роҳ надодан ба фаъолияти ғайриқонунӣ дар сарҳад ва баланд бардоштани самаранокии ҳифзи сарҳади давлатӣ дар байни сарҳадбонони кишварҳои ҳаммарз доимо вохӯриҳои намояндагии сарҳадии гуногунсатҳ гузаронида мешаванд”.

Дар мавриди сарҳад бо Афғонистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ изҳор доштааст, ки сарҳади давлатӣ дар минтақаи Тоҷикистону Афғонистон дарозтарин мебошад: “Бо сабаби мухолифати қувваҳои давлатии ҶИА бо толибон, ҷангиёни «Ҳаракати исломӣ», «Ҷамоат-Ансоруллоҳ», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ал-Қоида» ва дигар гурӯҳҳо, вазъият дар ин кишвари ҳамсарҳад мурракаб мебошад. Ҳамаи ин ба вазъи сарҳади мо бо Афгонистон бетаъсир монда наметавонад”.

Ба гуфтаи ӯ яке аз таҳдидҳои асосӣ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ин афзоиш ёфтани қочоқи маводи мухаддир мебошад, чунки даромад аз фурӯши моддаҳои нашъадор яке аз сарчашмаҳои асосии даромади гурӯҳҳои террористӣ дар ҳудуди Афғонистон ба ҳисоб меравад: “Вазъияти ҳозира дар сарҳад, бо дарназардошти вазъи ҳарбӣ-сиёсии Афғонистон, махсусан баъди баровардани қувваҳои Иттиҳоди Атлантикаи шимолӣ масъулияти зиёдтарро талаб менамояд. Дар айни ҳол Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон асосан бо афсарони дорои маълумоти олии ҳарбӣ пурра гардонида шуда, қодиранд, ки бехатарӣ ва суботи сарҳадро таъмин намоянд”.

Дар охири мусоҳиба Раҷабалӣ Раҳмоналӣ марзбонони тоҷикро бо иди касбиашон, ки ҳамасола 28-уми май таҷлил мешавад, шодбош гуфта, афзудааст, “ба ҳар як шаҳрванде, ки таҳти парчами давлати соҳибистиқлоламон суботу оромии кишвар, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеаро таъмин мекунад, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ орзу менамоям”.
Мӯҳр
Афсар
Генерал Рахмонали шахси начибу фидокор хирфаи донишманд буда симои зебои милли точики дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)