Бахшҳо
29 май 2017 16:32Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баъди парвози ҳавопаймо. Талош барои барқарор намудани хатсайри автобусҳо ба Узбакистон

Ширкати Asian Express Terminal барои барқарор намудани хизматрасонии мусофиркашонӣ тавассути автобусҳо дар хатсайри Тоҷикистон-Узбакистон интизори посухи Тошканд аст. Дар ин бора Алиҷон Валиев, намояндаи Asian Express Terminal ба Радиои Озодӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи Валиев, мавзӯи барқарор намудани хатсайрҳоро қаблан бо намояндаи сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон дар миён гузоштаанд. "Чунин тавофуқи ибтидоӣ ҳосил шудааст, ки мусофирон дар терминали "Asian Express Terminal" дар Душанбе барои сафар ба Узбакистон номнавис шуда, нусхаи шиносномаи худро медиҳанд. Сипас, ба таври гурӯҳӣ ба онҳо визаи сафар дода мешавад. Агар чунин пешниҳод тасдиқ гардад, арзиши сафар аз Душанбе ба шаҳрҳои Узбакистон бамаротиб арзон аз хадамоти ҳавопаймо хоҳад буд", - таъкид кардааст Валиев.

Ба навиштаи ca-news.org, дар сурати дарёфти посухи мусбат тирамоҳи соли ҷорӣ автобусҳои Asian Express Terminal дар хатсайрҳои Душанбе-Тошканд-Душанбе, Душанбе-Самарқанд-Душанбе ва Душанбе-Бухоро-Душанбе ба ҳаракат медароянд.

Талош барои барқарор намудани хатсайри автобусҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ҳолест, ки 11 апрели соли 2017 баъди 25 сол хатсайри ҳавойӣ миёни ду кишвар аз сар гирифта шуд.
Мӯҳр
Ҳами акаи Алиҷон агар хаму шахси моро равон кардаги то Тюмен бошад. Ягон гапи хаку рост надора. Шатаи хами инсона ма худам хурдам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)