Бахшҳо
30 май 2017 14:48Ҳуқуқи инсон

Суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ: Бекорӣ ва “Давлати исломӣ”

Суҳбатҳои пайвастаи як ҷавони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо сабаби маҳрум шудан аз ҷойи кораш дар шаҳри Маскав шуд, балки ӯро ба доми мубалиғони созмони ба ном “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон) кашид.

Бар асоси ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон Баҳодур Тухтаев, як сокини ноҳияи Бохтар барои 13 сол равонаи зиндони низомаш сангини шаҳри Қӯрғонтеппа шуд. Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон ва ҳамзамон қозии мурофиа гуфт, Тухтаеви 23-сола, сокини деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти "Навбаҳор", ки чанд соли охир ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрҳои Русия мерафт, бар асоси моддаҳои 307, қисми 1 (ташкили фаъолияти созмони ифротӣ), 401 (зархаридӣ) ва 32 (тайёрӣ ба ҷиноят ё суиқасди ҷиноят) муҷрим шинохта шуд.

Суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ: Бекорӣ ва “Давлати исломӣ”Ҷаноби Муҳиддинзода афзуд, Баҳодур Тухтаев моҳи декабри соли 2016 дар фурудгоҳи Шереметовои Маскав замоне боздошт шудааст, ки қасд доштааст, ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия биравад: “Ӯро баъдан ба Тоҷикистон истирдод намуданд. Вай аз ҳукми додгоҳ шикоят накард”.

Тибқи иттилои расмӣ аз додгоҳи вилояти Хатлон Баҳодур Тухтаев бо шахси номаълуме бо номи "Абу Салоҳиддин" дар шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" дар шаҳри Маскав ошно шуда ва маҳз Абу Салоҳиддин ӯро барои ҷанг ба зидди режими Башор Асад ба Сурия даъват кардааст.

Волидони Баҳодур Тухтарев мегӯянд, писарашон дар шаҳри Маскав роҳрӯбӣ мекард, вале чун вақти бештарашро дар суҳбати шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронидааст, кордиҳанда ӯро рондааст. Уразмет Тухтаев, падари 52-солаи Баҳодур гуфт, писараш аз соли 2012 ба шаҳри Маскави Русия ба мардикорӣ рафта меомад. Маротибаи охир соли 2014 ба дидорбинии падару модараш омада, баъди ду моҳ боз ба Маскав баргаштааст.

Уразмет Тухтаев, ки мунтазири мулоқот бо писараш дар назди зиндони низомаш пурзури шаҳри Қӯрғонтеппа буд, дар суҳбати телефонӣ гуфт, 13 сол равонаи зиндон кардани писараш хеле зиёд аст, чун писараш умри ҷавонашро дар зиндон мегузаронад. Ҳарчанд ин падар аз ҳукми додгоҳ зоҳиран розӣ нест, вале мегӯяд, ки ба ҳукми баровардаи додгоҳ ӯ ва вакили писараш шикояте накардааст: "Писарамро ба мудати зиёд зиндонӣ карданд, гуноҳашро дар мурофиаи додгоҳ бар дӯш гирифт, мо шикоят накардем, намедонам, ки ояндааш чӣ мешавад. Ба хонаамон ҳамин писарам буд, ки пул мефиристонд”.

Ғулом Бобоев, вакили Баҳодур Тухтаев мегӯяд, ҳукми додгоҳ қувваи қонунӣ гирифт, вале онҳо шикоят намебаранд, чун аз ҳукм розӣ ҳастанд: "Ҳукми додгоҳ дуруст буд, шикояте накардем, ба фикрам ҷазо сабук аст, ин ҷиноят дар Русия содир шуд, тибқи қонуни он кишвар сабуктар ҷазо гирифтааст, агар тибқи моддаҳои қонуни ҷиноятии Тоҷикистон ҷазо мегирифт, муҳлати бештар аз 13 сол зиндонӣ мешуд”

Тибқи иттилои додгоҳи вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2017 зиёда аз 10 нафар сокинони ин вилоят ба иттиҳоми ҳамдастӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои манӯъи террористӣ равонаи зиндон шудаанд. Аз додгоҳ мегӯяд, ки аксарияти вакилон ва ҳам наздикони онҳо аз ҳукми бароварда шикоят намебаранд. Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, дар бештар маврид шикоят бурдани наздикон ва ё вакилони ин афрод бенатиҷа мемонад ва ҳамин аст, ки баъди ҳукми додгоҳҳо хомӯширо авло медонанд.

Ясриби ХАТЛОНӢ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)