Бахшҳо

Талоши дубораи Душанбе барои кӯмак: ХБА боз шарт гузошт

Мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки гуфтушунид бо Хазинаи байналмилалии асъор дар мавриди барномаи дастгирии иқтисодиёти кишвар аз сар гирифта шавад.

Дар ин бора Пол Рос, ки дар садри ҳайати ХБА аз 17 то 30-юми май дар Душанбе қарор дошт, дар сомонаи расмии ин ниҳоди байналмилалӣ хабар додааст.

Пол Рос мегӯяд, дар мулоқот бо аъзои блоки иқтисодию молиявии ҳукумат зарурати ислоҳот, устувор гардондани вазъи “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк”, фароҳам овардани шароит барои бахши хусусӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатиро таъкид кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ зимни сафари ҳайат ба Душанбе, ҳукумати Тоҷикистон хостааст, гуфтушунидҳо барои барномаи дастгирии ХБА аз иқтисодиёти Тоҷикистон аз сар гирифта шавад. Аммо ҷониби ХБА шарт гузоштааст, ки барои оғози гуфтушунидҳо ҳукумати Тоҷикистон бояд мушаххасан ба ислоҳот дар соҳаҳои калидӣ оғоз кунад. Аз ҷумлаи шартҳои ХБА таҳияи стратегияи миёнамуҳлати буҷа, устуворӣ дар пардохти қарзҳо, баҳогузории пайомадҳои макроиқтисодии лоиҳаҳои калон ва ислоҳоти соҳаи бонкӣ мебошанд.

Инчунин ҳайати ХБА таъкид кардааст, ки рушди воқеии иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2017, аз нишондоде, ки мақомоти тоҷик интизоранд, поинтар хоҳад буд.

Қаблан низ Масъуд Аҳмад, мудири департаменти ХБА дар Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ ба “Financial Times” гуфта буд, агар Тоҷикистон хостори дарёфти кӯмак аз ХБА аст, ҳукумати он бояд се шарти калидиро иҷро кунад: “Инҳо - таҳкими назорати умумии низоми бонкӣ, лағви маҳдудиятҳо дар бозори асъор, таъмини шаффофияти фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ҳамоиши онҳо бо буҷаи давлат мебошанд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)