Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 13:37

ВКД боди афғониро сабаби сӯхтори 2 бозор хонд (ВИДЕО)

31 май 2017, 10:54

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби сар задани сӯхтор дар ду бозори ноҳияи Фархор шамоли сахт мебошад, ки дар натиҷаи он ноқилҳои барқӣ оташ гирифтаанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод сӯхтор дар бозори ноҳияи Фархор 30 майи соати 17:10 сар зад: “Дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ноқилҳои симчӯбҳо оташ гирифта, дар қисме аз мағозаҳои бозорҳои ҶДММ «Фархор» ва ҶДММ «Дунё» сӯхтор сар зад. Сабаби сар задани сӯхтор шамоли сахт ва расиши кӯтоҳ дар ноқилҳои хати барқӣ мебошад, ки тавассути бозори ҶДММ «Фархор» аз болои дуконҳои савдо мегузашт”.

ВКД мегӯяд, фавран ба ҷои ҳодиса нақлиёти оташнишонӣ сафарбар гардида, сӯхтор бо пуррагӣ хомӯш карда шуд: “Ҳангоми сӯхтор ягон нафар ҷароҳати ҷисмонӣ набардошта, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Барои муайян кардани зарари расонидашуда аз сӯхтор комиссияи махсус аз ҳисоби мақомоти дахлдор таъсис гардида, тафтишот идома дорад”.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • каламбек

  • 31 май 2017 15:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
нарха боло бурден дар мохи Рамазон окибаташ хамин аст.
Посух додан
  • beodob

  • 1 июн 2017 02:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hami odamo chi kor kadestan ujada hatto moshini sukhtorkhomushkunak ay i mardum guzasta nametavonadкаламбек,
Посух додан
  • Шухрати Кулоби

  • 1 июн 2017 11:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И халки точик "Шунидан кай буват монанди дидан" гуфта тамошодоран
Посух додан
  • Фархори

  • 5 июн 2017 03:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакатан ду мошини сухторхомушкуни буд дар чои ходиса ятаашро мардум бо тела овардан дигараш бошад об надошт

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!