Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:43

Шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон дигар дар Русия лозим намешавад?

1 июн 2017, 14:26

Шурӯъ аз имрӯз, 1 июн муҳоҷирони тоҷик бо шаҳодатномаи ронандагии Тоҷикистон ҳаққи мусофиркашонӣ дар Русияро надоранд.

Бар асоси тағиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи амнияти ҳаракат дар роҳ” муҳоҷироне, ки шаҳодатномаи ронандагии Русияро надоранд, аз ҳаққи идораи автобус, боркаш ва таксиҳо маҳрум мешаванд. Дар ғайри сурат онҳоро барои “ронандагӣ бидуни шаҳодатнома” муҷозот мекунанд.

Ба омори кумитаи Думаи давлатӣ оид ба нақлиёт сар аз имрӯз беш аз 70 ҳазор ронанда, ки қаблан бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ фаъолият доштанд, аз ҳаққи рондани мошинҳои хидматӣ маҳрум гардиданд.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Челябинск гуфтааст, дар ҳудуди вилоят 846 шаҳрванди хориҷӣ бо шаҳодатномаи ронандагии кишварҳои худ ба мусофиркашонӣ машғуланд: “Бештари онҳо шаҳрвандони Қирғизистонанд, боқимонда тоҷикону қазоқҳо”.

Дар вилояти Новосибирск бошад, 105 ронанда бо шаҳодатномаҳои хориҷӣ сабт шудааст. Дар вилояти Свердловск ин рақам беш аз 900 будааст ва танҳо 40 дарсади онҳо шаҳодатномаи ронандагии Русияро гирифтаанд: “Аммо дар Қазон аз 554 ронандаи хориҷӣ 90 дарсад соҳиби шаҳодатномаи ронандагии русӣ ҳастанд”,-навиштааст торнамои "Лада онлайн".

Акс аз торнамои Коммерсантъ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Салим

  • 2 июн 2017 04:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
пас мо чи намуд хучати ронандаги аз давлати худ гирм ки да русия кор карда таво нем.илтимос озодагон сари ин масала равшани андозед.магар хучатхои ронандагии ФАРОЗ медодаги дигар ба кор намеоянд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!