Ҳилларӣ Клинтон, собиқ Котиби давлатии Амрико яке аз сабабҳои бохташ дар интихоботи президентиро ба шабакаи Facebook рабт додааст. Ӯ гуфта, паҳн кардани иттилои бардурӯғ тавассути ин шабака омили мағлубияташ шуд.
Бино ба иттилои хабаргузории Reuters, Клинтон дар конфронси марбут ба технологияҳои иттилоотӣ дар Калифорния изҳор доштааст,ки нақши калидиро дар маъракаи пешазинтихоботӣ паҳнсозии маълумоти бардурӯғ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бозид. Ба иддаои ӯ, хабарҳое ки одамон тавассути Facebook дастрас мекарданд, интихоботро ба фоидаи Трамп ҷамъбаст намуд.
Доналд Трамп, президенти Амрико дар пайи ин ҳарфҳои Клинтон дар саҳифаи “Twitter”-аш навиштааст:
“Ҳиллари Клинтони бадбахт, акнун ба ҷуз аз худаш ҳамаро гунаҳкор меҳисобад. Ӯ намехоҳад эътироф кунад, ки довталаби бад буд”.
Мӯҳр