Бахшҳо
01 июн 2017 17:15Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Дар Тоҷикистон боз як сомонаи хабарӣ фаъол шуд

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (МТЖ) сомонаи нави хабариеро бо номи sugdnews.tj фаъол кардааст.

МТЖ дар як иттилоияи ҳадафи таъсиси ин торнаморо “пур кардани фазои иттилоотии вилояти Суғд бо иттилооти боэътимод ва саривақтӣ оид ба сиёсат, ҷомеа, варзиш, сайёҳӣ, фарҳанг, таърих ва ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони минтақа” гуфтааст.

Ба иттилои манбаъ, ин торнамо ҳамчунин бо мақсади ҷалби сайёҳони хориҷӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз ҳамлаҳои иттилоотӣ ва туҳматҳои интернетӣ фаъол шудааст.

“Сомона танҳо бо забони русӣ фаъол буда, муассисон нақша доранд дар оянда бо чанд забон пахш шавад. Умедворем, ки бо мурури замон, ин сомона ба як агентии иттилоотии муваффақи чандзабона табдил хоҳад ёфт”
-омадааст дар иттилоия.

Хуршед Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз корбарон хоҳиш кардааст, маводи иттилоотии худро дар шакли хабар, гузориш, мусоҳиба ва мақолаҳои таҳлилӣ, видеоҳо ба почтаи электронии сомона фиристанд: “Мо омодаи ҳамкорӣ бо ҷомеаи журналистии ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳастем. Ҳар шахс метавонад ҳамчун хабарнигори мардумӣ ё минтақавии мо бошад. Баъд аз таҳрир онҳо дар сомонаи мо чоп карда мешаванд. Мо мехоҳем ба ҷаҳониён диёри азизамонро аз ҳар зовия нишон диҳем”.
Мӯҳр
Дар ин вакууми иттилоотие ки Сугд гирифтор аст танхо Хуршед ва камандааш метавонад вилоятро берун кашад... Аммо то кучо саломатиаш имкон медихад намедонам. Ба хар хол, муваффакият!

Хамаш хуб ва бехтар мешуд ки сомона бо забони точики хам мешуд

Сохти чунин сомона бисёр шармовар ва дарднок аст. Боиси афзоиши махалгарои мешавад. Бе инхам дар шимол мардум нисбат ба дигар минтакахои кишвар хисси махалгароии бештаре доранд. Набояд ичоза дода шавад ки ин сомона ба номи вилояти сугд ва ахбори вилояти сугд бошад. Барои мо сокинони дигар манотики точикистон ин мояи ранчиш аст.

Русӣ, русӣ, русӣ... Ҳамин шумобаринҳо ба русӣ инқадар таваҷҷӯҳ медиҳед, ӯро таблиғу ташвиқ мекунед, ки ҳатто хориҷиҳо дар кӯю кӯча бо тоҷикон русӣ ҳарф мезананд. Ҳар коре мекунед, бо забони худамон кунед. Агар тавонед, боз бо забони англисӣ низ ягон чиз нашр кунед. Забони байналмилалӣ забони англисист, на русӣ. Аз ду сар аз русони миллатгаро баро эҳтироми забонашон раҳмат намешунавед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)