Бахшҳо

Абдуқодири Абдуқаҳҳор: Дар Душанбе хиёбоне ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, директори китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешниҳод кардааст, дар пойтахти кишвар ба хиёбоне номи Аҳмадшоҳи Масъуд дода шавад.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор ҳамчунин пешниҳод намуда, то муҷассамаи ин чеҳраи саршиноси тоҷикони Афғонистон ҳам дар Душанбе гузошта шавад. Ӯ 2 июн дар саҳифаи Фейсбукаш аз корбарони ин саҳифа иҷтимоӣ хостааст, ин пешниҳодҳоро бо як муроҷиати дастаҷаъмӣ унвонии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдорӣ Душанбе бифиристанд. “Мо пешорӯи ҷашни бузурги ҳамдилию ҳамбастагӣ 20-умин солгарди Ваҳдати Миллӣ қарор дорем. Ҳамагон хуб ёд дорем ва самимона миннатдорем, ки дар истиқрори сулҳи Тоҷикон нақши дӯст ва бародари азизи Пешвои миллатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шахсияти маъруфи дунё, сипаҳсолори мумтоз, Аҳмадшоҳи Масъуд басо бузург аст”,-таъкид намудааст Абдуқодири Абдуқаҳҳор.

Ӯ дар идома менависад, аз шаҳрдори Душанбе - Рустами Эмомалӣ дархост шавад, то ба хотири арҷгузорӣ ба муборизи роҳи озодӣ, намоди шуҷоату ҷавонмардӣ, улгӯи фарзонамардӣ, Тоҷики асилзода, қаҳрамони миллии Афғонистон - Аҳмадшоҳи Масъуд хиёбоне номгузорӣ гардад ва ҳамчун рамзи шуҷоату шарафмандию ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ муҷассамааш гузошта шавад: “Фаразан кӯчаи Чапаев, муҷассамааш дар ҷойи нимпайкараи чекист – Дзержинский”.

Ҷаноби Абдуқаҳҳор гуфтааст, аз ҳамдилону ҳамфикрон хоҳишмандам, бо ишораи “лайк” пешниҳодро дастгирӣ намоянд ва ваъда кардааст, дар сурати 5 000 ҷонибдор ёфтан, расман ба шаҳрдори Душанбе муроҷиат хоҳанд кард. Давоми ду соати нашри ин дархост дар Фейсбук зери он 135 нафар “лайк” гузоштаанд.

17 ноябри соли 2014 Шоҳрух Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карда буд, яке аз кӯчаҳои пойтахт ба номи Бурҳониддин Раббонӣ ва муассисаи таълимии назди Вазорати дифоъ ба номи Аҳмадшоҳи Масъуд гузошта шавад. Шоҳрух Каримов, ки ба дафтари “Озодагон” омада буд, далели ин пешниҳодашро ба нақши беандоза доштани Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон, арзёбӣ намуд.

Аҳмадшоҳи Масъуд, 9 сентябри соли 2001 аз ҷониби ду арабтабор, ки ба ҳайси хабарнигор меҳмони ӯ буданд, кушта шуд. Онҳо маводи мунфаҷираро дар дастгоҳи наворбардорӣ насб карда, аснои дар рӯбарӯи дурбин нишастани Аҳмадшоҳ онро тарконданд. Баъди марг ба Аҳмадшоҳи Масъуд дар Афғонистон расман унвони “Қаҳрамони миллӣ” дода шуд.

Ҳоло дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон маркази ҷарроҳии шахсие номи Аҳмадшоҳи Масъуд, аз тоҷикони номовари Афғонистонро дорад.
Мӯҳр
бе ном
Фикр м екунам ки холо заруият надорад, зеро барои номгузори маблаг зарур аст дар ин бухрони иктисоди ба чои номхо сатхи иктисодиро бардоштан зарур аст

Чаро мо бегонапарастем? Магар Президенти Точикистон то имруз ба Афгонистон ёрии кам кардааст, ки боре афгонхо чунин пешниход намекунанд, ки номи акалан як кучаеро ба номи Эмомали Рахмон гузоранд? Мо бошем даррав хиёбонеро бояд барои ин шахс гузорем? Бехтараш хамаашро дар чояш гузоред истад, чи хеле ки хаст....

Точик
Мардуми худкушу, бегонапараст.

Дарвеш
Ахмадшох Маьсуд ба мардуми точик чи хизмат кардааст,ки бо номи у куча номгузори карда шавад. Бо номгузори зиндагии мардум хуб намешавад. Хуб мешуд,ки ба зиндагии мардум ахамияти чидди дода мешуд.Нарххо дар бозорхо ба дарачаи баландтарин расидааст.

Точик
Хамзабони маънои хамхуниву бародари надорад!!! Мо точикон ба шарофати шурави хеле пешрафтаем. "Бародарони" моро мафкураашон то хол дар карни сангист! Хеч зарурат надорад ин пешниходи раиси китобхона!

Точик,
Ту инро нав дидӣ, бародар. Мо дар ин бора бисту панҷ сол оз гбап мезанем. Тоҷик тоҷикпараст нест. Ӯ ё арабу афғонпараст аст ё руспараст. Ҳамин тавр буд, ҳамин тавр боқӣ хоҳад монд. Мутаассифона!

Чаноби Абдукахорзода дуруст мегуян ман тарафдори суханхои шумо, зеро Ахмадшохи Масъуд яке аз фарзандони Точики точдори мо буд ва барои як порчагии ватани Азизамон дар пахлуи асосгузори сулху вахдати милли Пешвои Милллат Мухтарам Эмомали Рахмон буданд ва хизматхои Шоистае хам кардаанд вагарна мо бо як кишваре хам сархад будем ва хастем ки кариб тулли 70 сол аст ки чангу хунрези идома дорад ва кад намегардад. Душманони миллати мо метавонистан таввасути ин кишвари ба мо дусту хамзабон чи корхоеро ба анчом расонанд. Ба хотири хифзу нигохдории хамсоя кишвараш хак дорад ва мо Точикон харгиз хизматхои ин Шермарди Паншериро аз хотир набарорем.......дар сурате ки мучассамааш ва ё кучаеро ба номаш нагузоштан.......... манзили охирадаш обод бод .....

мухочир
абдукаххор як пешниходхое мекунад ки ба акл рост намегирад

Зардушт
Человек меняет свою кожу. Ту ба Ахмадшох чи робита дори. Ин мучохиди бузурги рохи исломро дар Афгонистон ба тамоми маьни зинда нигох медоранд ва Кахрамони Милли эьлон карданд. Мо бояд аввал фарзандони халки худамонро зинда кунем .

Peshnihodi Khub! Biguzor qabul shavad. Ahmadshoh TOJIK ast va tojikon na tanho dar qalamravi Tojikistonand, balki berun az on ham makon dorand. Va onhoe, ki injo sukhan mezanand ba monandi: "Фикр мекунам ки холо заруият надорад, Чаро мо бегонапарастем?, Мардуми худкушу, бегонапараст, Ахмадшох Маьсуд ба мардуми точик чи хизмат кардааст? Хамзабони маънои хамхуниву бародари надорад!!! Мо точикон ба шарофати шурави хеле пешрафтаем. "Бародарони" моро мафкураашон то хол дар карни сангист! Хеч зарурат надорад ин пешниходи раиси китобхона!" guftaniyam, ki hamon Russiyae, shumo onro medoned baroi du to rusash Qrimro zada girift.. Ozodagon ozod bosh!

Солех
Ними кучахои Душанбе номи намояндахои миллатхои дигарро доранд, як точика номаша гузорем, хич гап не! Дила васеъ гиред, буродаро!

точик аз маскав
Ахмадшохи маъсуд точик аст на афгон аз баъзе точикхое ки дарди сар шуда зиёд хизмат карда аст барои точикону точикистон хуб мешуд баъзехо пеш аз навищтан якбор фахман хонанд донанд ки у кист баъд нависанд

ФАРЗАНДИ ТОЧИК ХАСТ.МАРХУМ АХМАТШОИ МАЪКСУД.ДАР СУЛХИ ТОЧИКОН РОЛИ БАРЧАСТА ИЧРОКАРДАСТ.МАН ТАРАФДОРАМ МУЧАСАМАШРО МОНЕН .И НОМИ ХИЁБОНА.БАНОМАШ МОНЕШ.

ОЗОД
Шансоне дар ин чо Кайд кардаанд е ин шахси бузургро намешиносанд е ки тассавурот надоранд.магар Рустаму Золу Коваву СУхроб аз Точикистон буданд'имруз хар хонадони точик аз онхо мефахрад. Барои чи Дзержинский бегона нею Ахмадшох рухашон шод бод, бегона. Хохем нахохем ин шахсиято дар тарихи нави Точикистон хамчун кахрамоннони точик каламдод мешаванд. Бие бо якдигар санг назанему дастгири кунем.

Ahmadshoh
Бехтарин фикр хеле писанд омад.... Шахсияти барчаста аз ин хам зиёд метавон кадрдони кард.. Хизматхои шоистае бахри ин Ватану ин Милат кардааст..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)