Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:19

Шӯрои уламо: Агар масҷид иҷозати расмӣ надорад, наметавонед намози ҷумъа бихонед

2 июн 2017, 12:07

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хондани намози ҷумъаро дар масоҷиде, ки иҷозаи расмӣ барои адо кардани намози ҷумъаро надоранд, ҷоиз намедонад.

Масъулини ин шӯро дар посух ба суоли як корбари торнамояшон бо номи Комил, ки навиштааст, “дар масҷиди мо намози ҷумъаро манъ кардаанд. Дирӯз ба ҷойи ҷумъа намози пешин хондем. Мо чӣ кор кунем?”, чунин навиштаанд: “Агар дар масҷиди шумо баргузор кардани намози ҷумъаро манъ карда бошанд, шумо наметавонед, ки дар он ҷо ҷумъа бихонед, зеро яке аз шартҳои иқомати ҷумъа иҷозати расмӣ аст. Агар дар наздикии шумо масҷиди ҷомеъ бошад, метавонед дар он ҷо намози ҷумъаро бигузоред”.

Давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон дари даҳҳо маконе ки ҳамчун масҷид истифода мегардид бо далели надоштани санади расмӣ баста шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • abdullo

  • 2 июн 2017 13:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
таровехро хонда мешавад мухтарам шуро????
Посух додан
  • Арбоб

  • 2 июн 2017 14:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ё Аллоҳ ин шурои уламо бошад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мухтарам шурочон бо кадом далел хонда намешавад?
далелатро аз дини Худо биер
Посух додан
  • Самандар

  • 2 июн 2017 16:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хонатон хонед хам кабул аст, буродарои ахли ислом.
Посух додан
  • Раджаб

  • 10 июн 2017 13:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо хато мекунед домулло. Масчид чои намозхони аст. Хучати расми ин як бахона аст. Дуруст фикр кунед. Бад хучати расми гуед.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!