Бахшҳо

Имом-хатиб: Волидони ноболиғоне, ки ба масҷид меоянд, ҷарима мешаванд

Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Қарамишқори пойтахт мегӯяд, аз ин ба баъд кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар назди масҷидҳои шаҳри Душанбе истода ва ҳар ноболиғеро, ки барои адои намози таровеҳ меояд, сабти ном ва волидонашро ҷарима мекунанд.

Имом-хатиби масҷиди Қарамишқор имрӯз, 2 июн дар поёни мавъизаи қабл аз намози рӯзи ҷумъа аз намозгузорон даъват кард, қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандро риоя намуда, фарзандони ноболиғи худро аз омадан ба масоҷид манъ кунанд. Ӯ гуфт, вуруди ноболиғон ба масҷид барои гузоштани намоз хилофи қонуни мазкур аст ва гузашта аз ин баъзан ноболиғон қоидаи ҳузур дар масҷидро риоя намекунанд. Вай даъват кард, мусалмонон бояд ба фарзандони ноболиғи худ бифаҳмонанд, ки то ба балоғат расидан намозҳои худро дар хона бигузоранд.

Имом-хатиб афзуд, имрӯз нозири минтақавӣ ба масҷид омада ва бори дигар таъкид намудааст, ки ба волидон хотирасон шавад, то аз омадани фарзандонашон ҷилавгирӣ намоянд. Ӯ гуфт, шурӯъ аз имрӯз кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар назди дари тамоми масҷидҳо истода ва нободиғонеро ки ба масҷид меоянд сабти ном ва волидони онҳоро ҷарима мебанданд. Вай дар охир аз ҳозирин даъват кард, ҳарфҳояшро дуруст дарк намоянд ва дар ростои риояи қонун масъулиятшинос бошанду онҳоро ҳам дар ҳиҷолат намонанд.
Мӯҳр
Мухочир
Мухочир
чумхурият
ана инро пешрави мегуянд офарин бо ин коратон тамоми праблемахои иктисоди хал мешавад офарин ба шумо

Аз Худо шарм кунед Шурои Уламо

Оиша
Саид, Ёфтед гапи осона, ки аз Худо шарм кунед. О мо давлати дунявй дорем, Аз ин хам дар назди Худованд бояд шарм кард.Худо мегуяд, ки низоми давлатдориатонро муроот намоед...

Банда
Мухтарам хатиб шумо гуед ки мусалмон аз сини чансолагиш ба балогат мерасад

гушна
Конуни масьулияти падару модар-ра фахмидум дар бораи масчид рафтании кудакон, анаа конуни Аллоҳ чи мегаа да и бора боби муллооо?

Хатлони
Мухтарам хатиб чаро дар бораи араку фохишахои кади куча намегуед якбор гуед ки либосе ки мепушан духтархои мусалмон хамачошон намоёнан вай либоси мусалмони нест аз мимбар хеста гуй чо мекна

Оиша,
Номат Оишаву ,лек худат ҳато маънои номатроҳам намедони ! Магар (фоҳишахонаҳову беадолатиҳоро ) намебини! ? "ОИША"! ақалан як моҳҳам ҳуқуқ надоранд бо масчид намози таровеҳро бо ҷамоъат гузоранд. Дар роҳи рост бошанд, на инки бо кучагардиву дискоклубҳо инро касе ҳуқуқ надорад аз мо гирад!
Худованд ҳамаи моро дар роҳи рост ҳидоят кунад ,Озодагон ман пеши Холиқи худ масъулиятамро иҷро кардам ,мутмаъинам ...

мехмон
Ноболиг дар Шариат аз 12 сола поён хаст!!!!

Ёсир
Салом алейкум домулло азиз мешуд агар баён мекардед ин синни булуғ мақсадатон булуғи шаръи аст ё булуғи қонуни канистутся . Ва синни балоғат дар ин дуқонунеки яке аз он ҳукми Худованд аст ва дигараш ҳукми башар чанд солро дар бар мегирад?[

003
Имом хатиби замонавӣ-Зиёдулло

Амина
Муҳтарам КОМЕНТАРИЯНАВИСОН, ки ҳамдигарро гап задан намемонед! Ягонтаи Шумо ба намози таробеҳ намеравед ба фикрам. Кур-курона ҳар чи ки пеш омад нанависед! Фақат як бор омада дар масҷид гуштингирии хурдсолонро бинеду ба мусулмонию намозхонии онҳо баҳо диҳед!
Мо дар масҷиди Яккачинор намози таробеҳ мехонем. Кудакон чунон рафтор мекунанд, ки хаёл мекуни онҳо дар ягон спротзал бошанд. 4 баъзан 8 ракаати намози таробеҳро хонда пеши худ баромада мераванд.
Агар бовар накунед ба масҷиди ЯККАЧИНОР омада бо чашми сар бинед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)