Дар ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси намояндагон Тоҷикистон, ки имрўз 19 декабр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи нотариати давлатӣ» муҳокима гардид.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, дар ҷаласаи шўро, ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳои ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ», «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Сарчашмаи хабар ҳамчунин гуфт, аз рўи масъалаҳои ба рўзномаи Шўро воридшуда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов ва дигар аъзои Шўро суханронӣ намуда, дар бораи ҳадафу мақсадҳои пешниҳоди ин лоиҳаҳо андешаҳои хешро иброз доштанд.
Мӯҳр