Бахшҳо

ВКД ҷузъиёти ҳамла ба афсари КДАМ-ро шаҳр дод

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамла ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Кӯлоб дар пайи хусумат ва қасос сурат гирифтааст.

Ин ниҳод бо нашри як гузориши видеоӣ гуфт, барои латту кӯби лейтинанти калон Муҳиддин Юнаев 6 нафар боздошт шудааст. Манбаъ аз дастгиршудаҳо бародарон Тоҳирҷон ва Комилҷон Тошмуродовҳо (26-28-cола), Наврӯз Раззоқов (26-сола), Ҷамолиддин Камолов (31-cола), Собир Азаматӣ (28) ва Сайфиддин Юсупов (24-сола) ном бурд. Дар гузориш гуфта мешавад, тафтишот нишон дода, ки Ҷамолиддин Камолов вобаста ба фаъолияти хизматии Юнаев, нисбати ӯ хусумат дошта ва латту кӯби ӯро дар пайи ҳамин хусумат ва бо ҳадафи қасос ташкил ва роҳбарӣ намудааст: “...Камолов бо рафиқонаш бародарон Тошмуродовҳо дар шаҳри Душанбе вохӯрда, бо мақсади содир намудани ҷиноят аз бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе се адад корди хоҷагидорӣ харидаанд”.

Манбаъ мегӯяд, Ҷамолиддин Камолов 12 май ҳамроҳи Тошмуродовҳо ба манзили Наврӯз Раззоқов дар шаҳри Кӯлоб рафта, ӯро бо нақшаи худ огоҳ ва барои ширкат дар ҷиноят даъват кардаанд: “Худи ҳамон рӯз Камолов ва ҳаммаслаконаш назди манзили Юнаев, ки ҳамчун иҷронишин зиндагӣ мекард, рафта, биноро аз назар гузаронида, вазифаи ҳар як иштирокчии ҷиноятро муайян намудаанд”.

Ба иттилои ВКД, тахминан соати 21:50-и шоми 13 май Камолов бо Тошмуродовҳо дар назди даромадгоҳи бинои истиқоматии Юнаев камин гирифта, ҳангоми ба бино ворид гардиданаш бо корд ба бадани ӯ “бетартибона ва бо як бераҳмии махсус зада, сипас ғайб задаанд”.

Манбаъ афзуд, гумонбарон ба узвҳои ҳайётан муҳими Муҳиддин Юнаев 24 маротиба задаанд: “Айни ҳол боздоштшудаҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд”.
Мӯҳр
Милиса
Шахсоне ки бо кормандони хифзи хукук чунин рафтор мекунанд бояд чазои сахт гиранд!

Саъид
Хусумат яъне чи?! Аввал бояд донист, ки ин корманди макомот нисбати ин афрод чи кореро карда буд, ки инхо алайхаш хусумат карда ба ин кор даст заданд?!

login
Милиса,
Милисахое ки нисбати халки бечора рафтори бад мекунанд (забони хуб надоран бисёрашон) чазои сахт дода шавад. Конун барои хама бояд як бошад, агар милисаро лату куб намоянд рост махбас агар духтуру муаллимро лату куб намоянд танхо чарима. АНА КОНУНУ МАНА КОНУН.

Анна
Они таким образам выразили свою благодарность всем военным Таджикистана за их труды, без сонные ночи и мира в стране!

Аз пушти беаклии ин 4-5 аблахи бетарбия кормандони кгб в милиса ганда мешану хуб не. Ба фикри ма барои хамихел аблаххо дар Точикистон хукми катл ташкил кунанд

Хирадманд
бе шамол дарахт намеч,унбад! таги коса нимкоса бех,уда нагуфтаанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)