Масъулияти теракти Лондонро ДИИШ ба зимма гирифт
Гуруҳи тундгарои ба ном "Давлати исломӣ" ё ДИИШ масъулияти ҳамлаи 3 июни шаҳри Лондони Бритониёро ба зимма гирифааст. Бар асари ин ҳамла ҳафт нафар кушта ва 48 тани дигар захмӣ шуд.
Пулиси Бритониё дар шарқи Лондон 12 гумонбарро дар ҳамдастӣ ба теракти шаби шанбе ба якшанбе боздошт кардааст. Ба иттилои пулис, ҳар се террористи ҳамлагар "камарбанди марг" дар тан доштанд, аммо камарбандҳо аз маводи тарканда холӣ буданд. Гуфта мешавад, ҳамлагарон мехостанд, ҳарчи бештар ваҳшату сардаргумӣ ба вуҷуд биоранд.
Ба иттилои мақомоти Бритониё, ҳашт пулис сӯи ҳамлагарон тир кушоданд. Пулис дар маҷмӯъ 50 тир кушода, ҳар се террористро кушт. Дар ин ҳодиса як роҳгузар маҷруҳ шуд.
Шаби 3 июн автобусе анбуҳи одамонро дар болои пули Лондон пахш кард. Баъди он се нафар аз автобус берун шуда бо корд ба одамон ҳамла карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |