Бахшҳо

Нархҳоро кӣ бояд арзон кунад: Ҳукумат ё соҳибкорон?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Имсол ҳам дар дар моҳи Рамазон мавзӯи рақами аввали расонаҳо ва даҳони мардум боло рафтани нархи наво дар бозорҳои кишвар аст. Дар “ҷигар”-и тобистон картошкаву сабзӣ ва помидорро бо қиммате мехарем, ки бисёр баланд аст. Ин ҳам дар кишваре, ки даъво дорем, аграрист. Агар ҳоли як кишвари аграрӣ ин аст, пас...


Ва ин ҳама дар ҳоле ки шаҳрдори Душанбе супориш дода буд, ки нагузоранд нархи коло боло биравад. Дар пайи иҷро карда натавонистани дастури шаҳрдор мудирони ду бозори Душанбе – “Деҳқон” ва “Шоҳмансур” барканор шуданд. Оё ҳамин василаи танзими нархҳо дуруст аст?

Посух ин аст, ки не. Ман албатта мегӯям, ки иқтисоддон нестам ва вазъи иқтисодии кишварро дурусту илмӣ ташхис додан наметавонам, аммо барои ин ҳама сардаргумии кишвари моро бармалло кардан бисёр муҳим ҳам нест, ки иқтисоддони варзида бошӣ. Вале гумон мекунам, ки барои танзими нархи коло ва муътадил кардани маводи ниёзи аввалияи мардум ҳукумат бояд пеш аз ҳама даст ба ин корҳо бизанад:
Ба вуҷуд овардани муҳити солими тиҷорат. Барои ин пеш аз ҳама муҳим аст, ки иқтисод ва тиҷорат ғайрисиёсӣ гардонида шавад ва тиҷоратҳои бузург аз инҳисор (монополия)-и афрод ва гуруҳҳои пурнуфуз берун карда шаванд. Дар ҳукумат ҳама медонанд, ки монополисти тиҷорати гӯшт, орд, шакар, равған ва шириниву қандалот кист? Бояд ба инҳо фишор овард, ки иқтисодро аз чанголи носерамияшон раҳо кунанд. Маслан ҳамин инҳисори фурӯши маводи сӯхт (бензину керосину дигару дигар) чӣ қадар бадбахтиҳо барои мо овардааст. Ё дар инҳисори доираҳои пурнуфуз будани фурӯши тикет (чипта)-и ҳавопаймоҳо чӣ қадар ба боло рафтани нархи маҳсулот сабаб мешаванд.

Ғайрисиёсӣ кардани иқтисод ва тиҷорат ин маъноро дорад, ки бояд тиҷоратро аз чангол ва нуфузи сиёсатмадорону мансабдорон раҳо кард. Бояд ҳукумат аз ин тасаввур ва тафаккур даст кашад, ки тиҷоратро низ дар контроли худ дошта бошад ва фазои рақобатро ба таври воқеӣ таъмин накунад. Чун то имрӯз ин шеваи контрол кардани иқтисоду тиҷорат танҳо ба зарари рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон тамом шудааст. Зеро дахолати сиёсӣ ба иқтисод онро маҳв мекунад ва дар ҳеч сурат имкон намедиҳад, ки рақобат ва ё фазои рақобат ба вуҷуд биояд. Яке аз сабабҳои асосии рушд накардани иқтисод ва тиҷорат дар Тоҷикистон ҳамин монополистҳои пурнуфуз ва сиёсатмадор мебошанд. Мо имрӯз ҳатто мансабдороне дорем, ки як соат ба утоқи корияшон меоянду тамоми рӯз мустақиман дар қароргоҳҳои тиҷоратияшон мебошанд. Ҳол он ки қонун машғул шудани мансабдоронро ба тиҷорат манъ мекунад;

Додани сабукӣ ва имтиёзоти давлатӣ ба соҳибкорон. Бо роҳҳои сиёсӣ ва маъмурӣ поин бурдани қиммати коло ва маҳсулоти ниёзи аввал агарчи дар кӯтоҳмуддат имконпазир аст, аммо дуруст нест. Зеро ин табобат кардани дард не, балки масдуд кардани дард аст. Ҳукумат бояд ба баъзе соҳибкорон ва ё соҳибкорони ҳирфаие, ки маҳсулоти мавриди назарро савдо мекунанд, сабукӣ ва имтиёз бидиҳад. Барои мисол бонкҳои давлатӣ бояд қарзҳоро бо дарсадии паст бидиҳанд ё дар давраҳои буҳрониву фавқуллода ин гуруҳҳи соҳибкоронро аз супоридани андоз ва дигар “боҷу хироҷ”-и давлатӣ озод намоянд. Масалан қисми зиёди маҳсулот ба бозорҳои Душанбе аз вилояти Суғд оварда мешаванд ва ё ҳамчунин маҳсулоте аз Душанбеву ҷанубу шарқи кишвар ба вилояти Суғд интиқол дода мешаванд. Ҳукумат бояд як бор фикр кунад, ки ширкати пулчинаки IRS дар чанд постгоҳи пуличине, ки дорад чӣ миқдор маблағ аз инҳо меситонад. Магар имкон надорад, ки дар чунин даврони буҳронӣ ин ширкат барои муваққат аз чунин соҳибкорон пул нагирад?!

Чӣ гуна имкон дорад нархҳо танзим шаванд, дар ҳоле ки бештар аз 18 ниҳоди тафтишгари соҳибкорон ва тиҷорат вуҷуд дораду ҳар яке “дасти тамаъ” дароз мекунанд. Оё имкон надорад, ки ҳукумат тиҷоратро аз қабзаи ин “бюрократия”-и нолозим раҳо кунад?!

Шеваи бозордорӣ тағйир дода шавад. Агар ҳар соат мудирони бозорҳоро барканор кунем ҳам, имкон надорад, ки нархҳо танзим шаванд. Зеро шеваи имрӯзи фаъолияти бозорҳои мо, ки танҳо ҷойи фурӯшро ба соҳибкорон медиҳанду аз онҳо “боҷу хироҷ” меситонанд, чандон дуруст нест. Худи бозорҳо дар ихтиёри худ ширкатҳои кишоварзӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ) надоранд ва дар замонҳои “осоишта” бо ин гуна ширкатҳо шартнома намебанданд, ки дар ихтиёр худ захираии кофии маҳсулотро нигоҳ бидоранд ва дар чунин ҳолатҳои буҳронӣ пешниҳод намоянд. Дар бозорҳои Душанбе соат ба соат қиммати маҳсулот тағйир меёбад. Агар маҳсулот ба бозор бештар ворид шуд арзонтар, вале агар баъди як соат камтар шуд, қиммат болотар ва агар талаботи мардум бештар шуд, боз болотар бурда мешавад. Яъне мудирияти дуруст дар бозорҳо зарур аст. Бояд мудирони кордон ва муосир, ки “функсионер” набошанду воқеан набзи бозорро эҳсос кунанд, таъин шаванд, то чорасозӣ кунанд;

Иродаи қотеъ.
То замоне соҳибкорон ва тоҷирон бовар ҳосил накунанд, ки ҳукумат дар роҳи мубориза бо гаронфурӯшӣ ва ё бозингарони пасипардагии бозорҳо самимӣ нест ва иродаи қотеъ надорад, онҳо ҳам аз худ самимият нишон намедиҳанд. Агар дастуру амри ҳукуматдорон танҳо барои намоишкорӣ бошад дар асл бо омилҳои боло рафтани нархи наво мубориза накунад, пас дар роҳи танзими нарх умедвори беҳбудие шудан мантиқ надорад. Кор бо ташкил кардани комиссияҳо ҳал намешавад, зеро комиссияҳо замоне ташкил мешаванд, ки омилу сабабҳои мушкилот муайяну мушаххас набошанд. Дар ҳоле ки омилҳои боло рафтани нархи наво шиносоӣ шудаанд ва маълуманд, кумиссиюн неву ирода зарур аст.

Таҳлили авзоъ. Оё чораҳоеро, ки ҳукумат меандешад ҳосили таҳлили ниҳодҳои масъул аст? Оё таҳлили дуруст аз вазъ вуҷуд дорад? Оё ҳолат шинохта шудааст? Пештар сабаби боло рафтани нархи картошка баста будани нуқтаи транзитӣ дар марзи Покистону Афғонистон гуфта мешуд. Вале ин нуқта боз шуду аммо нарх поин нарафт. Чаро картошка аз Покистон бо ин ҳам дарозии роҳу “боҷу хироҷ”-и гумрукӣ дар дохили ду давлат, аз нархи картошкае, ки аз Масчоҳу Ҷиргатол оварда мешавад арзонтар аст? Чаро себи чиниву покистонӣ аз себи Ванҷ арзонтар аст? Боре ба ин савол посух додаем? Дар иқтисоду тиҷорат танҳо инсофи савдогару соҳибкор матраҳ нест... Танҳо масъала бо насиҳату таънаву маломат задан бар новатандӯстиву номусалмонӣ ҳал намешавад.
Ҳоло бибинем муборизаи ҳукумат бо нархи наво бо чӣ меанҷомад?

PS. Асоситарин унсури боло рафтани қиммати коло ин аст, ки савдогарон медонанд мардум маҷбуранд маҳсулотро бихаранд. Ҳоло вазъ ба ҳадде омадааст, ки ин маҷбуриро пинҳон кардан намешавад.
Мӯҳр
Шахрванд аз пойтахт
PS. Асоситарин унсури боло рафтани қиммати коло ин аст, ки савдогарон медонанд мардум маҷбуранд маҳсулотро бихаранд. Ҳоло вазъ ба ҳадде омадааст, ки ин маҷбуриро пинҳон кардан намешавад... Хулосаи дурусту сахех!

Рустами Достон
Нарххоро танхо фаровонии махсулот метавонад арзон кунад. дар чое ки конунхои иктисоди амал мекунанд мафхумхои инсоф, адолат, худотарси ва амсоли инхо ба кор намеоянд.

Дар замони Шурави, вакте мухбир барои ваъзи рузгузаронии чупонон ба як чарогохи дурдасти мавсими меравад ва холу ахвол мепурсад, чупонон арз мекунанд,ки кариб як мох боз аз ахволамон касе аз муттасадиёни нохия, колхоз, ки рамахо ба онхо тааалук доранд хабар намегиранд. Мухбир мепурсад, ки пас Шумо чи мехуред. Чупонон ба як овоз мегуянд, ки об хурда гаштаем то ба хол. Пас биёед мо хам дар ин мохи шариф об хурда гардем то махсулотхо дар бозор харидорашро наёбад ва шояд арзон гардад.Чи гуфтед...

Али
Ахсан сад дар сад рост мегиШахрванд аз пойтахт,

Ahmadi
Дуруст аст, ки рақобати озод метавонад кимматро танзим кунад. Роҳи дигари он роҳҳои воридотии маҳсулотро дар ин ҳолатҳо сабуктар кардан зарур аст. Он вакт метавон аз ҳисоби Покистон, Афғонистон ва Узбакистон қимати амводи ғизоиро як чанд маротиба поён бурд.

Якумин таҳлили ақли солимро мебинам нисбати бозору нархҳо .
Чаро аз ин мушкилиҳо ҳама медонему ,танҳо Иршод озод баён кунад . Ҳар як бемориҳам (решаи) худро дорад аз куҷо сар задааст беҳтараш даъвои нес кардани бемориро ҷустан лозим аст ! На онки лаҳзае ором кардани сузу гудози бемори.
Иршод албат решаи ин бесару сомониҳоро мардона ва бо шуурноки баён кард . Агар ин монеаҳоро ҳаслу фаслашро бинанд ,нархҳо бо тази (автомати) паст мешаванд. Серу пуру хонаобод бошед...

Сохибкор
Бародархо дар хамаи руи замин манаполистхо хастанд лекин манаполияра давлат бояд дар тахти худаш гирад давлат бояд намонад ай хади бад гузаронанд манаполистхо дар дармо маош паст асту хама чиз кимати ин як хунук назари вазирону раисон хаст нисбад бо халкашон.

аксаран фикри ин муаллиф хато аст бовар кунед ин замон замони пеш нест ки дар тичорат ягон макомдор монополя ташкил кунад зеро акнун кариб хамаи макомдорон бо мардуми одди кор мекунаду ба кишоварзи ва сохибкори машгул хастанд ва хавасманди ана хамин макомдорон дар кишоварзи ва тичорат е чорвопарвари намешуд имруз кртошка 5 не 10 ва ва гушт 38 нею 70с мешуд зеро руз то руз талабот зиед шудаистодаасту ахоли зиедтар гунахкори асоси ва монополистон ин хамон миенаравхои беинсофу бетачриба хастан нархро баъзе миенаравхои бо ном савдогару е савдогари беинсофе, болои нархи хурока маводи аввлияи рузгор фоидаи 10 чанд мемонад бояд болои картошка 20д е 30дир ва болои гушт 1 е 3 сом монда шавад зеро дар як руз як савдогари картошка аз 500 кг то 2 тон мефурушаду ва як гуштфуруш то 300кг бо хисоби миена пас раиси бечораи ки намедонад дар поен чи кор рафта истодааст гунахкор нест инчо гунахкор хадамоти зиддиинхисорист ки кор намекунад ин хадамот болои собунфуруш нею боло точироне, ки маводхои аввалияи рузгорро мефурушанду ва ин маводхо аз кабили картошка орд гушт сабзи биринч равган мебошаду ба хадафи асосии давлат мутобик яъне таъмини амнияти озукавори хам аз берун ва хам аз дарун бояд назорати чидди дода шавад албатта баъзан миенаравхо боз набошанд ин савдогарон бо маслихат нархро беш аз пеш зиед мекунанд ва мохи шарифи Рамазон махсулоти хурокаро реклама мекунад чи дар ин моху чи гайри ин мох талабот дар бозори хурока як аст чи гайри ин мох мардум дигар хурок намехурандми?

Раджаб
То агар монополистхо аз Точикистон нараванд нарх хеч гох арзон намешад. Бизнеси бензин дар дасти як одам. Зури ягон одам ба инхо намерасад. Ба гайр аз худои таоло. Чунки ричагхое ки даромад меорад дар дасти одамхои худи.

... дузд бошу боинсоф бош. Муддати 1сол дар шахр зиндаги мекнам ,лекин ман ягон чо инсофро намебинам . Хама чо ба номи Оллох, к,асам мехуранд ,ва фиреь медиханд .Вакте бозор медарои фурушанда мурочиат мекунад ьа харидор Эшон х,азрат командир ака ин хама ба хотири он ки ягон чи аз пешашон бихаранд Х,ол он ки ман не эшон не хазрат не комондир. Хулоса дар Душанбе 95 фоиз мардум дуруя факат шайтонгари . Шахрванд аз пойтахт,

Мирзо
Нарххоро бояд хукумат ба танзим дарорад. Спекулянт (ба ном бизнесмен)-хоро кам кунад бозор арзони мешавад. На танхо дар сохаи кишоварзи ва дар дигар сохахо хам.

Масъулин бояд содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқро то ба эътидол омадани нархҳо дар бозор ба воситаи фишангҳои иқтисодӣ, таҳти назорати қатъи гиранд. Маҳсулотҳои аввалияи ниёзи мардумро бошад, Тоҷикматлубот ва Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман ҳам бошад бояд ба танзим дароранд.Гуфтаниям, ки таъмини рақобатпазири дар бозорҳои дохилӣ ба онҳо алоқаманд мебошад ва бояд таъмин намоянд. Ҳарчанд, ки гуфтаҳои ман ба бисёр Созишномаҳои байналмилалии баимзорасонидаи Ҷумҳурии азизамон зид мебошад, локин чи илоҷ аввал вазъи бозори дохилии худамонро ба эътидол оварданамон лозим аст.

Барои чи дар ягон мох не?Факат хамасола дар мохи шарифи рамазон нарххоро боло мебардоранд?Ба хамин саволи ман ягон нафаре хаст ки чавоб гардонад.Дар кадом шахр йо мамлакати дуне хамин харомхуриву фасодкори ба назари ягон нафар афтидааст.Боз мушта дар кундаки сина зада меган мо мусалмон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)