Оғози мавсим: Теъдоди ноболиғони ғарқшуда ба 40 расид...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ғарқшавии боз ду ноболиғи дигар дар ду рӯзи ахир хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ 5-уми июни соли 2017, тахминан соати 14:00 писарбачаи 10-сола, сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Вазорат далели ғарқшавиро беэҳтиётии кӯдак хондаст.
Ин ниҳод афзуд, ки “инчунин 3-юми июн, тахминан соати 11:30 писарбачаи 14-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Вахш”, аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст”.
Хабарҳои ғарқшавии ноболиғон ҳангоми оббозӣ дар Тоҷикистон тақрибан ҳамарӯза нашр мешаванд. Бар асоси иттилои Вазорати умури дохилӣ, танҳо имсол, ки мавсими шиноварӣ тоза оғоз гардид, наздик ба 40 кӯдаку наврас ғарқ гардидаанд. ВКД охири май иттилоъ дода буд, ки давоми 5 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 36 ҳолати ғарқшавии ноболиғон ба қайд расидааст: "Чунин ҳодисаҳои нохуш бештар дар вилояти Хатлон (17 далел) ва вилояти Суғд (11 далел) рух додаанд".
Мақомот дар аксари ҳолатҳо далели ғарқшавии ноболиғонро беэҳтиётии онҳо ва оббозӣ дар ҷое, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудааст, арзёбӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол бархе таҳлилгарон дар Тоҷикистон аз набудани ҷойҳои махсуси барои оббозӣ пешбинишуда интиқод мекунанд. Ба гуфтаи онҳо дар иқлими гарми Тоҷикистон, аз ҷумла бетарафии мақомот барои муҳайё кардани шароити оббозӣ, ҳамасола боиси марги даҳҳо ва садҳо нафар мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |