Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:47

Тақдири норушан ё тамосҳои қатъшуда аз зери парчами сиёҳи ДИИШ

6 июн 2017, 12:12

Моҳи майи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гуфт, дар се соли ахир 60 сокини ин вилоят дар ҷангҳои Ироқу Сурия кушта шудаанд.

Рафтори бади фарзандон ба тақдири волидону ёру ақрабои онҳо ҳам таъсири баде мерасонд. Нафароне, ки фарзандонашон ба гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд, мегӯянд, дар ҷомеа ангуштнамо шудаанд ва онҳое, ки аз зинда ё мурдаи фарзандонашон бехабаранд, мегӯяд, ифротӣ шудан ва ба Сурияву Ироқ рафтани фарзандонашон дар зиндагии онҳо доғи сиёҳе гузоштааст.

Хабари марги шавҳараш Гулқадаҳро чанд моҳ бемор кард. Ба Сурия рафтан ва кушта шудани ҳамсар натанҳо ба ҷисмаш, балки ба руҳаш хам таъсири бади худро расонд. Вай миёни мардум ангуштнамо шуд.

Тақдири норушан ё тамосҳои қатъшуда аз зери парчами сиёҳи ДИИШГулқадаҳ Ғафорова, сокини деҳаи Роҳи нави ҷамоати деҳоти "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш (110 километр аз ҷануби шаҳри Душанбе), 27 сол дорад. Ӯ бо умеди зиндагии хуб ба писари муҳоҷири холааш соли 2008 арӯсӣ карда буд. Вай мегӯяд, шавҳараш дар шаҳри Маскав дар коргоҳи фурӯши мева кор мекард ва ҳар сол як бор ба назди онҳо меомад. Вале моҳи октябри соли 2014 ба онҳо на аз Русия, балки аз Сурия занг задааст, ки тамоми хонаводаро дар ҳолати сахти равонӣ гузошт. Баъди як сол хабари маргаш расид: “Дар ҳаёт ҳеч чиз нашудам. Хонаи шавҳар бо шавҳар зеб дорад, худамро онҷо бегона эҳсос кардам ва ба хонаи модарам баргаштам. Баъди рафтанаш бо ман суҳбат накард, шавҳарам ҳеч чиз намегуфт, бо тақво набуд, дар Ислом сахт намегирифт”.

Баъди ба хонаи падар баргаштан зиндагияш душвор гардид, ӯ хонанишин аст ва аз тарси посух наёфтан ба суолҳои зиёди мардум, ки чаро шавҳарт ба Сурия рафт, аз хона берун намебарояд.

Дар канори хонаводаҳои ноумед, ки фарзандонашон кушта шудаанд ё моҳҳо аз онҳо хабаре нест, хело кам хонаводаҳое ҳастанд, ки фарзандонашон пушаймон шуда, аз Сурия ба Тоҷикистон баргаштаанд. Парвиз Қосимови 21-сола, сокини деҳаи Навкори ҷамоати "Сарвати Истиқлол"-и ноҳияи Бохтар баъди 9 моҳи дар Ироқу Сурия будан соли 2015 ба Тоҷикистон баргашт ва мақомот ӯро авф намуд. Вай он замон 18 сол дошт ва донишҷӯи бахши тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, вале тариқи шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" ба доми фиреб афтид ва якуми сентябри соли 2014 ба Маскав ва аз онҷо ба Сурия рафт.

“Ман дар ҷангҳо ширкат накардам, чун маълумоти тиббӣ доштам ба духтурон дар бемористон кумак мекардам”,- мегӯяд Парвиз Қосимов.

Ӯ дар идома афзуд, "вақте ҷанг дар Ироқ шадид шуд, маро аз Сурия ба Ироқ бурданд, зиёд захмиҳо мардуми осоишта ва ҳам ҷангҷӯёнро барои табобат мебурданд. Вақте ки мушоҳида карданд, ки зиёд беморон ба беморхона оварда мешавад, ҳавопаймои бесарнишин низ ба мо ҳамла карданд, ки дар поям захм бардоштам".

Парвиз гуфт, ки ӯ ба хотири "ҷиҳод" ба Сурия рафт, вале он чизеро, ки тассавур мекард ё ба онҳо ваъда додаанд, пайдо накард. Аз рӯзи аввал пушаймон шудааст, вале роҳи бозгашташ душвор буд. Вай баъди 9 моҳу 15 рӯз дар Сурия ва Ироқ буданаш амирон ё онҳоеро, ки ӯро назорат мекардаанд, фиреб дода, ки бо модараш дар Туркия мулоқот мекунад, аз зери парчами сиёҳи ДИИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) фирор кардааст.

Тақдири норушан ё тамосҳои қатъшуда аз зери парчами сиёҳи ДИИШТоҷихон Бобиева, модари Парвиз Қосимов, мегӯяд, бозгашти писараш кори осоне набуд, дар беш аз 9 моҳе, ки писараш дар зери парчами сиёҳи “Давлати исломӣ" қарор дошт, зиндагии ӯ ва хонаводааш талх буд. Тоҷихон мегӯяд, баъди чанд ҳафта аз ҳузури писараш дар Сурия талош кард, ки ӯро баргардонад: "Барои ман душвор буд, ки писарам ба Сурия рафт, ба ӯ гуфтам, ки эзоҳи моддаи 401 ҳаст, ки авф мешавӣ, талоши худам ва ҳам масъулини Кумитаи амният буд писарам баргашт, илова бар ин ба ӯ видеоҳое, ки дар он гуфта мешуд, ки онҷо ҷиҳод нест, мефиристодем, ки тамошо мекард".




Парвиз дар суҳбат гуфт, ки роҳи бозгашт мушкил будааст, ҳато нафароне, ки мехостаанд фирор кунад бенишон гум мешудаанд, вале ӯ бо роҳи фиреб ба Туркия ва аз онҷо ба Тоҷикистон омадааст.

Мақомоти умури дохилаи вилояти Хатлон соли 2016 шумораи сокинони вилоят дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро 210 нафар гуфта буд, Бештари онҳо ҷавонони муҳоҷире ҳастанд, ки аз шаҳрҳои Русия мағзшӯи ё ба истилоҳ “вербовка” шуда ифротӣ мешаванд ва баъзеи онҳо ҳамсаронашонро бо худ низ бурдаанд. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон чандин ноҳия, хусусан Бохтарро аз ноҳияҳои осебпазир гуфтаанд ва барномаҳои мубориза бо терроризм онҷо бештар гузаронида мешавад.

Аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ҳамин вилоят гуфтанд, ки "Барномаи даҳҷониба" ки дар он равоншиносону рӯҳониён низ шомил ҳастанд дар шаҳру навоҳӣ бар зидди ифротгароӣ мубориза мебаранд.

Ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон мегӯянд, ки чун Тоҷикистон як ҷомеаи суннатӣ аст, бояд аз рӯҳониёни донишманд, ки метавонад ифротгароӣ ва хатари онро ба ҷомеа бифаҳмонанд бояд бештар истифода бурд. Сайраҳмон Назриев, таҳлилгаре дар ҷануби Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки мубориза ба ифротгароӣ бояд аз боғча ва мактабҳои миёна оғоз шавад ва дар зеҳни кӯдакону наврасон ҳисси ватандӯстиро бештар кард. “Маълум аст, ки ҳамасола ҷавонон мактаби миёнаро хатм карда ба муҳоҷират мераванданд, онҷо ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷиноӣ мепайванданд, дар мактабҳои миёна низ бояд кор кард. Ин муҳим аст, чун баъди хатми мактаб ҷавонон бештар ба муҳоҷират мераванд ва онҷо ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мепайванданд. Аз сӯи дигар бояд аз рӯҳониёнро бештар истифода кард, то ки ба мардум фаҳмонанд, ки ҷиҳод чӣ аст", - гуфт Назриев.




Аз ҳукумати ноҳияи Бохтар мегӯяд, ки 92 сокини ин ноҳия аз соли 2013 то соли 2016 ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ва то ҳол хабари марги 17 нафари онҳо дар задухурдҳои Сурия ва Ироқ расидааст. Тибқи иттилои мақомоти амниятии вилоят, аз ҳамин ноҳия 6 зан ҳамроҳи шавҳарони худ ба Ироқу Сурия рафтаанд, ки 16 фарзанди ноболиғ доштаанд. Наздикони ин афрод мегӯянд, ки бо гузашти солҳо тамосҳои фарзандону наздиконашон аз "Давлати исломӣ" қатъ шуда, хабари зинда ё мурда будани онҳо маълум нест.

Мақомоти амниятии вилояти Хатлон шумораи сокинони вилоятро, ки ба ДИИШ пайвастаанд моҳи арели соли ҷорӣ 300 нафар гуфта буд, моҳи май ҳамин сол Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар шумораи сокинони вилоятро, ки ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд 500 нафар гуфт. Дар мулоқоти моҳи май Президент гуфт, ки дар миёни онҳое, ки дар Ироқу Сурия меҷанганд занону кӯдакон ҳастанд.

Мақомот аз ҳузури сокинони вилояти Хатлон дар ҷангҳое бар зидди режими Башор Асад хабар медиҳад, вале дар дохил амалҳои ифротгароии ҷавонон аз мавзӯъҳои нигаронкунанда мебошад.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, ки аз аввали соли 2017, 28 парвандаи ҷиноятӣ, ки хусусияти террористию ифротгароӣ мебошад, ба онҳо расидааст, ки аз он 20 парванда баррасӣ шудааст. Вай мегӯяд, бештари онҳое ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, дар шаҳру навоҳии вилоят бо азоёни "Давлати исломӣ" тариқи интернет робита барқарор кардаанд ва ё аз шаҳрҳои Русия бо гумони ҳамкорӣ ба "Давлати исломӣ" боздошт шудаанд.

Ясриби Карим


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!