Бахшҳо
06 июн 2017 13:48---

Дархости Салимов аз Э.Раҳмон: Афви умумӣ эълон кунед

Ёқуб Салимов, ба ҳайси собиқ вазири умури дохилӣ, раиси Кумитаи гумрук, вакили Шӯрои олӣ ва сафири Тоҷикистон дар Туркия бо нашри як муроҷиатномаи кушод аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, дар арафаи таҷлили 20- солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар кишвар боз як афви умумӣ эълон кунад.

Салимов, ки худ моҳи июни соли гузашта аз зиндон раҳо шуд, дар муроҷиатномааш навиштааст, “ман бовар дорам ин пешниҳод аз ҷониби Шумо, ки бо бахшиданҳову сиёсати сулҳпарваронаатон машҳури ҷаҳон гаштаед, мавриди марҳамат қарор мегирад”.

Собиқ вазири умури дохилӣ дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, “зимнан, ин пешниҳодро метавонед ҳамчун пешниҳоди нафаре қабул намоед, ки дар барқарории сулҳу субот дар кишвар то ҷое саҳмгузор буд ва баъдан бо дасисаҳои гуруҳҳои фурсатталаб қурбонии сиёсатбозиҳои беинсофона гашту 13 соли умри худро пушти панҷараи зиндон паси сар кард. Ин муддат барои шинохти воқеиятҳо ва муҳокимаву хулосабарориҳои рухдодҳои гузашта басанда буд. Ҳамчунин ман дар зиндон ҳолату бардоштҳои зиндониёнро, ки бисёриашон нофаҳмида ба бозиҳои пасипардагии ашхоси манфиатҷӯ гирифтор шудаанд, амиқан дарк намудам. Бояд инро ҳам иқрор шуд, ки на ҳама дар маҳбас бо гуноҳи исботшуда қарор доранд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки бо парвандаҳои сохтаву беасос пушти панҷара афтодаанд. Аз ҳамин хотир, фикр мекунам як афви дигари умумӣ сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистонро таҳти сарварии Шумо, барои ҷомеаи дохил ва хориҷи кишвар возеҳтар менамояд ва барои гумроҳон низ дари зиндагии воқеиро мекушояд. Албатта мо фаромӯш накардаем, ки роҳбарияти Тоҷикистон бо сарварии Шумо то ин замон 13 қонун “Дар бораи авф” –ро қабул кардааст ва дар натиҷаи онҳо ҳазорон нафар ба зиндагии осоишта баргаштанд. Онҳое ҳам шояд буданд, ки ин бахшиданҳо барояшон сабақ нагашт ва ба ҷиноят даст задаву боз ба зиндон “роҳхат” гирифтанд. Ин як чизи табиист. Ҷомеа танҳо аз онҳое иборат нест, ки ҳамеша тавони хулосабарории дурустро доранд. Вале барои онҳое, ки аз ҳар рухдоду воқеиятҳо таҷрибаи мусбат мегиранд, иқдомоти Ҳукумат барояшон руҳи нав, нерӯи нав хоҳад дод ва тамоми зарфиятҳояшонро баҳри пешрафти Ватани азиз сарф хоҳанд кард. Фикр мекунам дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон авфи дигар бо имзои Шумо мақому мартабаи Ҳукумати Тоҷикистонро бамаротиб боло бурда, эҳсоси ватандориву ватандӯстиро дар замири ҳар тоҷикистонӣ амиқтар хоҳад намуд ва барои амалӣ гардидани сиёсатҳои ҳукумат, ки баҳри шароити созгори ҳар шаҳрванд равона шудааст, кӯмак хоҳад расонд”.

Салимов дар муроҷиатномааш таъкид намудааст, ки шоҳиди бевоситаи қаҳрамониву азхудгузаштанҳои Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми раванди сулҳофарӣ будааст: “Тамоми воқеаҳои мушкил ва баъзан даҳшатноки пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро низ ба хотир дорам. Аз ҳамин хотир самимонаву содиқона изҳор менамоям, ки дар баробари дигарон Шуморо ҳамчун Асосгузори Сулҳу Ваҳдат аз ибтидо эътироф кардааму бовар дорам дар оянда низ хидматҳои беғаразонаатон аз ҷониби халқу давлат арҷгузориву қадрдонӣ хоҳад шуд”.
Мӯҳр
шахри
Бехтарин пешниход. Ахсан ба шумо Ёкуб Салимов. Ин дили гамзадаро гамзадагон медонанд. шумо ки худ ин имтихони шадидро пушти саркардед.медонед.ки бегунох равони зиндон шудан барои инсон чи маъни дорад.Э кош президент ин пешниходро аз чониби шумо бипазирад ва савоби чандин махбусонро бигирад дар ин мохи шарифи рамазон. Инсон аз дуи нек сабз мешавад гуфтаанд. агар чунин икдоми некро дар ин рузхо кунад ва махбусонро ба озоди барорад худо хам аз у рози мешавад.
Зинда бошед Зинда бошед. Ё.Салимов дар хар кучое бошед сарбаланд бошед.

Бехтарин суханхо, сад дар сад чонибдори ин пешниход хастем. Мухтарам Пешвои миллат - марди абадкудрат, чонфидои сулхи точикон, дар ин рузи таърихи 20- умин солгарди Вахдати милли, рузи иди бузурги Саиди Фитр, ки ба ин руз рост меояд бехтарин савоб авфи умуми хохад шуд.

Авф болои авф маъни надорад. Бигузор чинояткор чазояшро гирад. Ман хайрон мешавам,ки одамро мекушад бо авф мешад. Авф бояд онхоеро дар бар гирад,ки гунохи сабук содир кардаанд е ин,ки сахван гунох содир кардаанд аз кабили садамаи наклиети...

Ёкуб намедонад бо кадом рох худнамои карда, гуё сиёсатмадор бунадашро нишон дихад.О бародар, агар ин чанги бародаркуш намебуд, мисли шумо чандин "мансабталаб" дур аз чамъияту сиёсати давлат будед.Шумо калтакдорони сурх хастед. Чаноби оли зарурат ба маслихатхои шумо надорад.Рахмат ба Сарвари давлатамон ки боз андешаи инсондустииро пеша карда шуморо озод карданд.Пас чаро менависед ки чандин нафарон бегунох паси панчара нишастаанд? Таги коса нимкосае хаст.Бехтараш зиндагии худро пеш баред, фарзандонро тарбия намоед, оиларо насихат кунед.

Савол ба хукудонхо Оё ин пешниход аз нигохи конун ягон мантик дорад барои хама маълум ки ин пешниход аз чониби Ки шудааст. Ба фикрам дар сатхти Хукумат ба гумон аст, ки дастгири ебад, агар ха бахсхо ва печидагихои зиеде ба миен меояд е ман хато мекунам аз надонистани конунхо

Махваш! Ёкуб Салим не, Шумо рафта ба оиладориатон сарукор бигиред. Аз сиёсат бу намебаред! Ёкуб Салим кучову Шумо кучо, ки ба у маслихат медихед. Тули чанд соли охир аст, ки аз васвасахои бешууронаи шумохо барин инсонхо чандин нафархои наздик ва содики Чаноби Оли дар махбас хастанду аз кор рафтаанд ва вазъияти ичтимоиро то ин дарача ба кризис омада расид. Холо боз ду сол баъди дигар аз худи Чаноби Оли домангир мешавед, хаёти ичтимоиамон хуб нест, гуфта. Бигзор Втанро на бо шумо, балки дар канори онхое, ки хатто азобро аз сар гуарондаанду ба Ватан ва Пешвои миллат содик мондаанд, обод кунанд ва мо низ дар осоиштаги зиндаги кунем. Як чизро на бояд фаромуш кард, ки кадрхоро кадрашонро донистан лозим хаст ва агар имкон бошад, аз баъзе хатохояшон гузашт кардан лозим хаст. Ба гайр аз Худованд ки хаст гунохнакарда.. Шояд Шумои ба хич кор кодирнабуда.

Дилсуз
Мо ба пешвои миллат бовари мекунем, на ба одамоне, ки ба миллати точик хиёнат кардаанд.

Дониш
Ё.Салим шукри истиклолият кунед, дигар ба сиёсат пешниходу дархост накунед.....

кулоби
хай хеч гап не. хамчун шахрванди одди хар як инсон хукуки пешниход ва мурочиат ба рохбари давлатро дорад.

Вор должен сидеть в трюме, а не на воле


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)