Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:45

Салими Аюбзод: Наход “фаъолият кардан” беҳтар аз “кор кардан” бошад?

6 июн 2017, 15:06

“Сарвари давлат ба ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар анҷом дод”. Агар маънии “анҷом” оқибат, охир, фарҷом, поён, интиҳо бошад, чӣ гуна мешавад онро дод? Он гоҳ шояд беҳтар аст гуфта шавад: “ба сафараш анҷом дод”. Вале ин шеваи баён ва чанд қолибе, ки солҳои охир “мӯд” шудаанд, ба забони матбуоти мо оҳанги сатҳӣ ва хушк медиҳанд. Мисли “халал ворид кард” ва “мавриди баррасӣ қарор дод”. Он ҳам дар ҳоле ки мешавад гуфт: “халал расонд” ва “баррасӣ кард”.

Баъзан ба ҳамдигар танзомез мегӯем: “Шумо ғизои хешро мавриди тановул қарор додед?” – Ғалат нест, аммо ин ҳама барои гуфтани он аст, ки “Хӯрокатонро хӯрдед?” Чаро бояд як маънии содаро ин қадар печидаву “болохонадор” ё “тумтуроқ” кард.
Гӯӣ аз баҳри ҳурмати алам аст
Ин ҳама тумтуроқу ҷангу саманд.
(Саноӣ)
Наход “фаъолият кардан” беҳтар аз “кор кардан” бошад? Магар “кор” осонтару беҳтар нест? Гоҳе мехонем: “Чанд сол дар симмати муовин кору фаъолият намуд”. – “Чанд сол ҳамчун муовин кор кард”. Ё “Чанд сол муовин буд”.
Дарди бахайр буд, агар ин қолибҳо аҳёнан вомехӯрданд, аммо дареғ, онҳоро акнун сари ҳар қадам мешавад дид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо дигар кору масъалаи мухим наефтед ки бахс кунед Имруз як бор ба вазъи баду нигаронкунандаи мухими ктисодии кишвар назар андозеду баъд мавзуи бахсатонро ебед Чи фарк дорад ки фаолият кард ё кор кард мухимаш калимаеро ба забон вард ки ба максад наздик бошад
Посух додан
  • одил

  • 6 июн 2017 15:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"мешавад дид"-и худат дуруст аст?
Посух додан
  • Ҳоҷӣ

  • 7 июн 2017 07:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруст мегуед Бобои Салим. аммо ин набераҳо на чи гуфтанашонро медонанду на дарки маънро доро мебошанд
Посух додан
  • хонанда

  • 9 июн 2017 09:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
забондон,
Сухан дар бораи дурусти и забонрони(гуфтор) меравад, муаллим дуруст посух додаанд.
Вазъи иктисодиётро аз мутахасисони хамон соха пурсон шавед!!!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!