Тағйири қонун: Милиса дигар парванда “намекушояд” (ВИДЕО)
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 7-уми июн дар парлумон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи милиса”-ро муаррифӣ кард.
Аламшозода гуфт, бар асоси тағйирот афроди дорои шаҳрвандии кишвари дигар наметавонанд дар мақомоти милиса хизмат кунанд.
Ӯ афзуд, ки дар қонун инчунин баъзе мафҳумҳо таҳрир ёфтанд. Аз ҷумла калимаи “ҷиноӣ” ба "ҷиноятӣ" ва “кушодан” ба “оғоз” иваз карда шуданд.
Тибқи қонуни таҳрирёфта парвандаҳо минбаъд на кушода, балки оғоз карда мешаванд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи баррасӣ тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи милиса”-ро қабул намуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |