Бахшҳо

Қонуни нав: “Оперативник”-ҳо дар интернет фаъол мешаванд

Ҷурахон Маҷидзода, вакили парлумон ва собиқ генерали милиса, мегӯяд, амалиёти оперативӣ ҷӯстуҷӯӣ алайҳи гуруҳҳои ифротгаро дар шабакаи интернет густурда мешавад.

Маҷидзода имрӯз, 7-уми июн, зимни муаррифии тағйирот ба қонун “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” изҳор дошт, ки “ҳадаф аз ин лоиҳа баланд бардоштани сатҳи ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон ба ифротгароӣ тариқи интернет, мебошад”.

Вакили парлумон афзуд, ки бар асоси як банди лоиҳа дар бораи афроду гуруҳҳое, ки дар интернет ба ҷалби шаҳрвандон ба ҳаракатҳои ифротӣ машғуланд, иттилоъ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон 3 миллион муштарии интернет аст, ки 80 дарсади онҳо ҳадафмандона ё ғайриихтиёр метавонанд ба манбаъҳои ифротӣ дастрасӣ дошта бошанд. Маҷидзода илова кард, ки ҳамарӯза дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафи худ 90 ҳазор паёмакҳо ирсол карда мешаванд. Минбаъд истифодабарандагони интернет, вақте фаъолияти таблиғгарони ифротгароиро мебинанд, муваззафанд, ки ба мақомот хабар диҳанд.

Собиқ генерали милиса зарурати мубориза бо ин равандро таъкид намуда, афзуд, ки феълан барои ҷилавгирии он мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо донишҷӯёни пешсаф дар интернет кор бурда истодаанд.
Мӯҳр
Tojik
Rafiq GENERAL tokush nest. Bo ikhtisosmandon boyad kor burd!!!!

Дарвеш
Рафик вакили мардуми барои мардуми точик чойхои кори ташкил кунед бо маошхои хуб , итминони комил дорам,ки хеч кас ба ифротгарои руй намеоранд. Бубинед, ки нарххои маводхои гизои чи кадар кимат шудаанд. Шумо,ки маошхои нагз мегиред чаноби вакили мардуми парвои мардуми камбагал надоред. Баьд интернету дигар чизхоро бахона меоред.

Мемурум чашм кабудмдае!!

Интернетбоз
инами ма 24 соат дар интернет кор мекнм, доим онлайнм, неки оли ягон хел на мактуб гирифтам, на смс ва на ягон даъват. и ба фикрм камтар мухобот кардай...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)