Бахшҳо

Вазорат: Ягон ҳолати баргузор кардани Занги камолот сабт нашудааст

Масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ягон ҳолати саркашӣ аз иҷрои фармони вазир дар бораи манъи Занги камолот сабт нашудаст.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 7 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, кормандони вазорат дар ҳолати омодабош қарор дошта, дар ҳолати расидани шикоятҳо санҷиш мегузаронанд: “Дар макотиб тибқи ҷадвали дарсие, ки дар муаасисаҳои таълимӣ ҳаст, дарс рафта истодааст”.

Ба гуфтаи ӯ, аммо баъзе шикоятҳо дар мавриди манъи гирифтани “винетка” барои хатмкунандагони синфҳои 11 ворид шудаанд: “Мо инро манъ накардаем, танҳо гузаронидани Занги камолот, ки ҷамъоварии маблағҳои зиёдро дар бар мегирифт, манъ шудааст”.

Бар асоси омори расмӣ соли равон дар қаламрави Тоҷикистон 124 ҳазору 44 нафар мактаби миёнаро хатм мекунанд. Соли дуюм аст, ки дар Тоҷикистон, 7 июн соли таҳсил бидуни садо додани Занги камолот анҷом меёбад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо қабули як қарор “Занги камолот”, “Иди Алифбо” ва чорабинии “Хайр, боғча!”-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар манъ намуд. Ҳадаф аз ин қарор “амалисозии қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” унвон шудааст. Вазорат ҳушдор додааст, “дар сурати риоя нашудан нисбати роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону мураббияҳо бар асоси Кодекси меҳнат муҷозоти меҳнатӣ таъин мегардад”.

Зимнан, сардорони раёсатҳои маорифи Вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ муваззаф шудаанд, иҷрои қарори мазкурро таъмин ва риояи онро зери назорати ҷиддӣ бигиранд.

Соле қабл Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон таҷлили “Занги камолот” барои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11-ро дар тамоми макотиби миёнаи кишвар манъ кард. Бо қарори имзонамудаи Нуриддин Саид, 7 июн дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машғулиятҳо тибқи ҷадвали дарсҳо ба роҳ монда мешаванд: “Ба директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияташон супориш дода шавад, ки аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҷиҳати ба хонандагон ва падару модарон фаҳмонидани моҳияти қарори мазкур ва мактубҳои дастурии вазири маориф ва илми Тоҷикистон тадбирҳои амалӣ андешанд”.
Мӯҳр
Точик
Абсурд! Кудакони бечора наход сазовори як тантанаву табрик дар дохили мактаб набошанд!!!??

СССР
Дошли до Феодализма....

Рахмат бар падаратон, Вазири Маориф! Камтар нафаси озод кашидем. Хар гуна суханхои кабеху зидро онхое менависанд, ки як фарзанд доранду маблагхои худро намедонанд чи гуна сарф кунанд. Мо, ки мардуми одди хастему 3-4 фарзанди мактабхон дорем ва бо маоши ночиз зиндаги мекунем, аз ин икдоми пешгирифтани Шумо хеле хурсандем. Агар илочаш бошад, пулгирии мохонаи муаллимонро низ пеши рохашро мегирифтед, нуран ало нур мешуд.

Нисо
Мои дети закончили школу в Москве,не было ни каких выпускных..самим детям это не интересно и старомодно выглядет. эти деньги многие старшеклассники желают тратить на благотворительность.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)