Бахшҳо

Муаррифии китоби Рухшона Раҳмонова, духтари Президент дар Душанбе (АКС)

Рухшона Раҳмонова, муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷӣ ва духтари Президенти Тоҷикистон имрӯз, 7 июн дар шаҳри Душанбе китоби тозанашраш зери унвони “Асосҳои хизмати дипломатӣ”-ро муаррифӣ кардааст.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷӣ, дар маросими рӯнамоии китоби Рухшона Раҳмонова кормандони вазорат, собиқадорони хидмати дипломатӣ, олимон ва мутахассисони соҳаи сиёсати хориҷӣ ширкат варзидаанд.

Вазорат аз қавли иштирокдорони маросими рӯнамоии китоб иттилоъ додааст, “Асосҳои хизмати дипломатӣ” асаре аст, ки оид ба мафҳуми дипломатия, заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии коркард ва татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии кишвар, ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, таърихи мухтасари дипломатияи тоҷик, инчунин дар бораи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа маълумот медиҳад: “Ба китоб фарҳанги мухтасари истилоҳоти дипломатӣ ва санадҳои ҳуқуқиву меъёрии танзимкунандаи хидмати дипломатӣ ва робитаҳои хориҷӣ замима шудаанд”.

Ба иттилои манбаъ, сарсухани ин китоб ба қалами академик Талбак Назаров , вазири пешини умури хориҷии Тоҷикистон таалуқ дорад. Ӯ аз ҷумла навиштааст: “Ин китоб ба сифати дастурамали касбӣ фарогири маҷмӯи иттилооти зарурӣ буда, масири амалкарди кормандони касбии хидмати дипломатиро дар мавридҳои мухталифи хизматӣ равшан менамояд. Он, бегумон, роҳнамоест барои дипломатҳои ҷавони тоҷик, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҳамчунин донишҷӯёне, ки дипломатия ва муносибатҳои байналмилалиро меомӯзанд”.

Рухшона Раҳмонова баъди Фирӯза, Озода, Таҳмина ва Парвина духтари панҷуми раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамсари Шамсулло Соҳибов, собиқ намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир мебошад. Рухшона Раҳмонова қаблан дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониё кор мекардааст.


Муаррифии китоби Рухшона Раҳмонова, духтари Президент дар Душанбе (АКС)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)