Бахшҳо

Шиноснома надорӣ? Дари марказҳои дилхушӣ ба рӯят баста аст!

Шахсони болиғ аз ин ба баъд танҳо бо пешниҳоди шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият шабона иҷозаи вуруд ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳоро хоҳанд дошт. Дар ин бора шаҳрдори Душанбе қароре имзо кардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, дар қарори Рустами Эмомалӣ таҳти №321 таъкид шудааст, марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо бояд дар ин бора “дар ҷойҳои намоён” эълон насб кунанд. Манбаъ мегӯяд, шабона воридшавию будубоши ноболиғон ва ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намудани онҳо дар чунин ҷойҳо қатъиян манъ шудааст. Дар зимн дастур шудааст, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, масъалаи ба ҷавобгарии дахлдори ҳуқуқӣ кашидани падару модари ин гуна ноболиғон ва роҳбарияти марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо тадбирҳои зарурӣ андешад: “Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, раёсатҳои фарҳанг, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе”, “Паёми Душанбе” ҷиҳати ташкил намудани барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, таҳия ва нашри асарҳои илмию оммавӣ ва тарбиявӣ, ба вуҷуд овардани захираҳои интернетии барои ташаккули дурусти шахсияти ноболиғон мусоидаткунанда, ташкили ҳар гуна бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, машғулиятҳои иловагӣ бо иштироки наврасону ҷавонон бо мақсади самаранок сипарӣ гардидани вақти холии онҳо тадбирҳои судмандро ба роҳ монанд”.

Ба иттилои манбаъ, Рустами Эмомалӣ Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо муваззаф намудааст, рафти иҷрои қарори мазкурро таҳлил ва ҷамъбаст намуда, аз натиҷааш ҳар нимсола ба раиси шаҳри Душанбе маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Мӯҳр
Тага дорум тага Тага дар киса дорум бояд ин хел чойхоро махкам кунанд фардо дер нашавад

Карори хуб аст , вале ичрои он кушиш ва захмати зиедро талаб мекунад.
Дар марказхои дилхуши ноболигон кисми зиеди муштариенро ташкил медиханд. Дар ин бора васоити ахбори омма ва шахсони алохида ин прблемаро бардошта буданд,вале натича надод. Умедворам, ки бо ташаббуси шахрдори, макомоти дахлдор ва шахрвандон масъалаи мазкур халли худро пайдо мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)