Бахшҳо

Кори хайр: Ҳоҷии 68-сола деҳаи Хоҷағалтонро сероб кард

Як ҳоҷии 68-сола аз ноҳияи Восеъ бо маблағи худ ба рустои Хоҷағалтони ҷамоати ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳия хатти об кашидааст.

Ба гуфтаи сокинони ин деҳа, онҳо 14 соли ахир аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашиданд. Ҳоҷӣ Рустамхон Бобоев дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин корро аз пасандози нафақааш анҷом дод. “Корҳо моҳи майи соли равон оғоз шуд ва айни замон дар масофаи 1 км ба деҳа об кашондем. Ин корро ба хотири мардуми бечора, ки аз надоштани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашид, ба сомон расонидам”,-афзуд ӯ.

Сайфуллои Шамшод як сокини деҳаи Хоҷағалтон гуфт, дар гузашта сокинон дар чор фасли сол ба мушкили беобӣ рӯбарӯ буданд: “Аз масофаи 3 км бо хар оби ошомиданӣ мекашондем. Имрӯз ин мушкил дар деҳа ва мактаб ҳал шуд. Ҳоло дар ҳар кӯчае, ки мегузарӣ об ҳаст”.

Ҳоҷӣ Рустамхон Бобоев мегӯяд, ният дорад, ояндаи наздик барои сангфарш кардани роҳи ин деҳа низ саҳм гузорад.
Мӯҳр
Ревизор Сугд
Ин Бобои Хочи Рустам дар як мох чанд сомони нафака мегирифтаст, ки дар муддати кутох ба дехаи Хочагалтон хати оби ошомидани кашондааст. Холо он ки Хукумати барои дар ин кадар масофа хати об кашониданаш солхои зиёд захмат мекашад. Ин бисёр кори ачоибот ва харйатангез бовар кунед. Э канда занед Бобо значит нафакаба гап нестай....

дехкон
Хочи бо кори кардаат рахмату неки агар бисола пенсията чаъм кни рос намеояд

Салох
Чавоб ба харду ки ин хочи чанд нафака мегирад. Чанд гиред нагирад аз кучо овардаст кори савоб кардаст. Ба чои он ки рахмат гуед. Як саволхои бемаъни додаед. Шарм намекунед!!!!

аму
чавоб ба ду муфаттиши боло. коратон чи пенсияи хочи чи кадар меган аз рох бзан хайр кун. шумо ягон хайр кардаед. одам як кор кна меганш накуна меган пул дора неки мумсикай. точики ман зинда бод.

капирак
кандакта бзан муйсафед ба хамин кори хайр мекадагид...дар хамин мохи мубораки шарифи рамазон....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)