Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 май 2019, 09:49

СММ теъдоди ҷангиёни ДИИШ дар Ироқу Сурияро эълон кард

9 июн 2017, 15:25

Давоми 16 моҳи ахир теъдоди ҷангиёни гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид хабар додааст.

Ба гузориши мутахассисони СММ дар ҳоли ҳозир дар Сурия ва Ироқ аз 12 то 20 ҳазор ҷангии ДИИШ меҷанганд. Дар баробари коҳиши теъдоди ҷангҷӯён ҳамчунин ба сафи ин гуруҳи ифротӣ пайвастани шаҳрвандони хориҷӣ ҳам кам шудааст. Сармоягузории ин гуруҳ низ ба ҳадди ниҳоӣ поин рафтааст. Мутахассисони СММ гуфтаанд, ҳоло хавфи асосӣ аз маҳалҳои низоъ ба кишварҳои худ рафтани ҷангҷӯён аст.

Гуруҳи даҳшатафкани ба ном “Давлати исломӣ” соли 2014 як қисмати бузурги Сурия ва Ироқро ишғол кард. Ин гуруҳ бо қатлҳои ваҳшиёна ва нашри онҳо дар интернет маъруф аст.

Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар саффи ин гуруҳ меҷанганд, кам нест ва то имрӯз хабари кушта шудани садҳо тани онҳо расонаӣ шудааст. Маъруфтарин ҷангии тоҷики ДИИШ Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини ОМОН аст, ки Ҳукумати ИМА барои маълумот дар бораи ӯ 3 миллион доллар ваъда кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
12 то 20 ҳазор кам нест. Ин шумора тахминан баробари ду дивизияи ҷангӣ аст. Бо дарназардошти он, ки ин қотилон ҳеҷ гоҳ рӯ ба рӯ намеҷанганд, балки бо ҷангҳои партизанӣ, истифода аз мерганҳо ва фидоиони худкуш овозадор шудаанд, ин теъдод ниру барои қувваҳои эътилофӣ (коалитсия) мушкилоти зиёд хоҳад овард. Бадтарин усули ҷанги онҳо аз фидоиёни худкуш дар байни мардум истифода бурдан аст, ки дар натиҷаи он даҳҳо одамони бегуноҳи мулкӣ қурбон мешаванд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!