Бахшҳо

Суҳбат бо сафир: Аз демократияи Афғонистон то ДОИШ дар марз ва қавмгароӣ

Дар ин авохир, дар Кобул инфиҷори бузурге дар чаҳорроҳи Занбақ рух дод, ки 80 куштаву 500 захмӣ бар ҷой гузошт. Бар пайи он эътирозоти маданиеро шаҳрвандон доир карданд ва ҳукумату ниҳодҳои амниятиро дар бекифоятӣ муттаҳам донистанд. Ҳангоми талоши эътирозгарон барои ворид шудан ба Арки раёсатҷумҳурӣ пулис ба сӯйи муътаризин шиллик кард, ки 6 тан куштаву даҳҳо тан маҷруҳ шуданд ва ин хашми тазоҳургаронро ба бор овард. Фардои он дар маросим ҷанозаву хоксупории тазоҳуркунандаҳои кушташуда се инфиҷори дигар рух дод, ки 7 куштаву даҳҳо захмии дигар дар пай дошт. Баъди ин ҳама ҳаводис доманаи эътирозҳо густардатар шуд ва хаймаҳоеро дар Кобул заданд то ҳукумат ба хостаҳояшон посух бигӯяд. Хостаҳои тазоҳургарон ин аст, ки раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ канор зада шаванд ва амнияти мардум таъмин гардад.

Ин ва дигар мавзуоти Афғонистон рӯзноманигор Иршод Сулаймониро ба пойи суҳбати сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ҷаноби Муҳаммад Гул Залмай Юнусӣ кашонд.

Озодагон: Ҷаноби Сафир, дар қадами аввал мо ҳамдардии амиқи худро ба мардуми шарифи Афғонистон ва шахси Шумо баён мекунем ва хеле муттаасиф ҳастем, ки чунин ҳаводиси бади пурқурбоние иттифоқ уфтод.

Залмай Юнусӣ: Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Ташаккур. Ман ҳам аз ин ҳаводиси ахире, ки дар Афғонистон рух дод ва боиси шаҳодату захмӣ шудани садҳо тан аз ҳамватанони азизи мо дар моҳи шарифи Рамазон шуд, бисёр мутаассир ҳастам. Ин ҳолат дар Афғонистон сода нест ва шумо медонед, ки кишвари мо 38 сол аст, ки даргири ҷанг аст.

Озодагон: Ҷаноби Сафир, фикр мекунед тарафкашиҳои сиёсие, ки бар пайи ҳаводиси ахири Кобул ба вуҷуд омада ба куҷо мекашонад ва чӣ таъсироти манфие ба кори ҳукумати Ваҳдатӣ миллӣ мегузорад?

Залмай Юнусӣ: Бояд бигӯям, ки мо ахиран як гуруҳи бесару безабонеро гир мондем. Як гуруҳеро, ки на чашм дорад, на забон, фақат инсон мекушанд. Як ҳаюлое ҳаст, ки бидуни ҳадаф моро, тақрибан тайи ду даҳа даргири ҷанг сохта, ки ин чеҳра ё ҳаракате бо номи терруризм мебошад. Ҳаракати даҳшатафканиест, ки намефаҳмем ва шояд шумо ҳам нафаҳмед, ки ҳадафи инҳо чист. Инҳо даст ба аъмоле мезанад, ки ба ҷуз даҳшату ваҳшат чизеро ба даст намеоранд. Агар билфарз мо ҳадс бизанем, ки инҳо орзумандии қудрат болои Афғонистон ҳастанд, ҳар ҳаракати чапиву ростӣ ва ҳар ҳаракати муътадиле, ки дар ҷаҳон мову Шумо мебинем дорои барномаҳои муайяни сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ мебошанд ва бахше аз оммаи мардумро дилҷӯйӣ мекунанд. Оё бо ин ҳаракатҳои манфие, ки инҳо анҷом медиҳанд ва дар моҳи мубораки Рамазон садҳо тан ҳамватани бегуноҳ, роҳрав, дӯкондор, касабакору ғарибу бенавои моро аз байн мебаранд, чӣ тавҷеҳ дошта метавонад, ки дар оянда ба қудрати сиёсӣ бирасанд ва мардум чӣ ҷавобгӯ хоҳад буд. Инҳо пеш аз гирифтани қудрат маҳкум ҳастанд ва ба муҳокима супурда шаванд. Инҳо дар листҳои сиёҳи Созмони милал ҳастанд.
Аммо шумо бояд бидонед, ки ҳаракатҳои муназзаме, ки бузургтарин қудратҳои дунё пушти сарашон буданд, ҳеч гоҳе болои иродаи мардуми Афғонистон ҳоким шудан натавонистанд. Мардуми мо ин иззат ва қаҳрамониро доранд ва ҳеч гоҳе намегузоранд, ки иродаи ғайр, бахусус ин тур ҳаракатҳо болояшон таҳмил шаванд. Ин амалҳои онҳо болои иродаи мардуми Афғонистон таъсир карда наметавонад. Аммо ногуфта намонад, ки аз лиҳози равонӣ, аз лиҳози кори рӯзмарае, ки болои мардум аст, таъсироти манфии худро дорад. Давлати мо ба ивази ин ки ба тарафи барномаҳои инкишофии худ, беҳтар шудани вазъияти амниятӣ ва тарҳи барномаҳои иқтисодиву сиёсии худ биравад, ба ин гуна масоил масруф аст. Хусусан эътирозоте, ки дар Кобул шуданд, хуб ҳаракати маданӣ аст, ба ҷо буданд, вале чун дар Афғонистон ҳаракатҳои маданӣ собиқаи зиёд надоранд, онҳо ҳам каме дучори иштибоҳ шуданд. Инҳо бисёр зуд мехостанд ба нуқоте, ки аслан лозим набуд, дар он ҷо бошанд, бирасанд. Ба ҷо мебуд, ки нуқтаеро, ки пулис таъин карда буд, таваққуф мекарданд ва хостаҳои худро барои се-чор рӯз баён мекарданд. Агар давлат ба хостаҳои инҳо беэътиноӣ мекард, боз ба ҳаракати қаҳромез даст мезаданд, дигар ба ҷо буд, ки ҳамаи мову шумо инро тавҷеҳ медодем. Аммо бо таассуф, ки инҳо ҳам эҳсосотӣ шуданд ва агар пулис ҳам болои инҳо файр карданд, кори хубе накард.

Аммо ба ҳар ҳол инҳо ҳолатҳое ҳастанд, ки Афғонистон тайи 38 сол гузаронда истодааст ва мо умед дорем, ки ин марҳалаҳо ҳам мегузарад ва давлат барномаҳои сулҳу инкишоф дорад ва дар робитаву ҳамкории хубе бо ҳамсояҳову ҷаҳон аст, давлат раҳбарӣ дорад.

Озодагон: Дуруст аст, аммо ин ҳаводисе, ки ба вуҷуд омад ва бар пайи он эътирозоти густардае, ки мардум дар Кобул роҳ андохтанд ва ҳукумату ниҳодҳои амниятиро дар бекифоятӣ гунаҳкор карданд, боис ба ин шуд, ки як навъ таниши сиёсӣ ба вуҷуд биояд. Яке аз ҳизбҳои пурнуфуз ва саҳим дар ҳукумати имрӯзи Афғонистон - Ҷамъияти исломӣ эълом дошт, ки агар ҳукумат ҳозир нест, ки шароити онро бипазирад, имкон дорад, ки аз ҳукумат канор биравад. Фикр мекунед, ки оё ин оғози як буҳрони нави сиёсӣ дар Афғонистон шуда метавонад?

Залмай Юнусӣ: Як мавзуъ, ки имрӯзу фардо мову Шумо шоҳид хоҳем буд, ин аст ки давлат хост намояндаҳое аз эътирозгарон таъин шаванду биёянд музокира кунанд ва хаймаҳо аз ҷодаҳо барчида шаванд. Шояд дар рӯзҳои наздик хаймаҳо барчида мешаванд ва давлат ба хостаҳои инҳо гӯш медиҳад. Аммо маълум аст, ки як ҳаракати даҳшатафканӣ тавассути як гуруҳи даҳшатафкан ба ҳимояти истихбороти ҳар кишваре, ки дар минтақа буд, ин корро анҷом дод. Ҳоло беҳтар ин аст, ки мардум бо давлат якдаст шаванду роҳи наҷотро пайдо кунанд. Агар даҳшатафканҳо ҳаросатафканиву куштор кунанд ва мардум ҳам дар мухолифат бошанд, на танҳо чизе ба даст намеояд, балки ба ростои душман мераванд. Ин як бахши гап аст. Ман яқин дорам, ки дар фурсатҳои наздик давлат ба ҳарфҳои мардум гӯш медиҳад ва давлат ҳамеша ҳавсалмандии худро дошт. Мисле, ки қумандони горнизони Кобул бартараф шуд, касони дигаре, ки дар ин қазия муттаҳам мебошанд, шояд онҳоро ҳам ҷазо бидиҳанд. Ва шояд як силсила тағйирот ҳам дар давлат биояд.
Аммо мавзеъи Ҷамъият ҳарфи ҷудост. Ҷамъият ҳеҷ вақт аз давлат канор намеравад. Ҷамъият муҳраи асосӣ ва сутунфуқароти давлат аст. Дар давлат касе ба Ҷамъият қудрат надода. Ҷамъият бар асоси муборизоти пайгири худ тайи 38 сол, ки ҳазорҳо тан шаҳид додааст ва беҳтарин шахсиятҳояш аз қабили устод Раббониву Аҳмадшоҳ Масъудро низ аз даст дода аст, қудрат ба даст наоварда, балки барои мамлакат иззат ба даст овард. Биноан дар иззату истиқлоли Ватан яке аз ҳомиёну сарсупурдаҳояш Ҷамъият аст. Ҷамъият аз давлате, ки аз худаш аст куҷо канор биравад?! Мунтаҳо дар таркиби феълии давлат онҳо эътирози худро доранд, ки чун ҳамеша мо мутобиқи хости мардуми худ ҳаракат кардем ва чун мардум хост доранд, бояд ба хостҳояш ҷавоб дода шавад. Агар давлат намояндаи тазоҳургаронро бипазиранд ва хостаҳояшон ба баҳс кашида шавад, Ҷамъият кадом гуфтание надорад, аммо як кас аз хонаи худаш куҷо меравад?! Ин хости Ҷамъият хости мардум аст. Хости Ҷамъият он чӣ ки ҳаст машруъияти худро дорад ва ман умедвор ҳастам, ки фардо ё пасфардо, ҳамин ки давлат ба музокирот оғоз кунад, хости Ҷамъият бароварда мешавад. Фикр мекунам, ки мавзуъи берун шудани Ҷамъият аз давлат матраҳ нест.

Озодагон: Ҷаноби Сафир, Шумо дар ҳоле ба посух гуфтани ҳукумат ба хостҳои эътирозгарон ва минҷумла ба раҳбарони Ҷамъият хушбин ҳастед, ки Арк баъди шартгузории Ҷамъият хеле зуд як хабарномае мунташир кард ва гуфт, ки ҳукумат ҳеч тасмиме барои канор задани Мушовири амнияти миллиро надорад ва аз кору пайкори оқои Атмар тавсифҳое ҳам кард. Ин ҳам дар вазъе, ки яке аз шартҳои ҳам эътирозгарон ва ҳам раҳбарони Ҷамъият ин аст, ки раҳбарони ниҳоядҳои амниятӣ канор зада шаванд.

Залмай Юнусӣ: Дар ин маврид ҳарфҳои сухангӯйи раисҷумҳурро шумо шунидед. Яъне як иддао аз тарафи Ҷамъият ин аст, ки хости мардум посух гуфта шавад. Инро давлат зери баҳс дорад. Дар сурате, ки пойи шахсиятҳое, ки ном гирифта шуд дар ин масъала кашонда шуда бошад, ки онҳо масъулият доштанд, онҳоро бидуни чуну чаро давлат бартараф мекунад. Аммо агар ин иддао собит нашуд, шояд ун ашхос ба ҷояшон боқӣ бимонанд. Дар маҷмуъ ургонҳои амниятӣ, ки ғафлат кардаву файр кардаанд, шояд дар ин ниҳодҳо тағйирот ба вуҷуд биояд. Аммо агар ин бар асоси иддао шавад, фикр мекунам мушкил эҷод мекунад. Чун ҳадафи Ҷамъият ин набуд, ки фалону фалон чеҳраҳо дар ҳукумат набошанд. Манзури Ҷамъият ин аст, ки агар хости мардум барҳақ аст амал карда шавад, агар барҳақ нест, қаноат дода шаванд.

Озодагон: Ҳам муътаризин, ҳам бархе аз чеҳраҳои сиёсӣ, ҳукумати Ваҳдати миллӣ ва ниҳодҳои амниятиро дар бекифоятӣ муттаҳам медонанд ва набуди амниятро ба нокороии онҳо рабт медиҳанд. Дар воқеъ набуди амният дар Кобул марбути ҳукумат ва ниҳоядҳои амниятист ё далоили дигаре ҳам дорад?

Суҳбат бо сафир: Аз демократияи Афғонистон то ДОИШ дар марз ва қавмгароӣЗалмай Юнусӣ: Ман намегӯям, ки давлат ҳеч мушкилоте надорад. Шояд як силсила мушкилот ва зафъҳоеро дар дохил ҳам дорад. Аммо кишваре, ки 38 сол даргири ҷанг аст, иқтисодаш аз байн рафта, тамоми ниҳодҳои давлатияш аз байн рафта, аз сифр ҳама чизро оғоз кардааст, набояд ин таваққуотро дошта бошем, ки ба ҳайси як кишвари пешрафтаву муттараққӣ битавонад пеш биравад ва ба хостаҳои мардум посух бигӯяд. Давлат талоши худро мекунад, ки бояд ба хостаҳо посух бидиҳад. Аммо давлат давлати мунтахабу қонунӣ ҳаст ва бар асоси раъйи ҳамин мардуме, ки эътироз мекунанд, ҳукумати Ваҳдати миллӣ эҷод шуд. Бо вуҷуди ин ки ҳукумати Ваҳдати миллӣ дар Қонуни Асосии мо нест, аммо дар мухолифати зиёде ҳам бо Қонуни Асосӣ қарор надорад. Як роҳи ҳалли сиёсии хуб пайдо шуд, ки ҳамаи бештар аз 8 миллионе, ки дар интихобот раъй доданд ҳузури худро дар давлат мебинанд. Биноан, ҳар хостеро, ки мардум дорад, мешавад, ки бо давлат ҳамкорӣ бикунанд.

Мо дар як ҳолате қарор дорем, ки даргири ҷанг ҳастем мо 2400 км марз бо яке аз кишварҳои ҳамсоя надорем. Бо таассуф, бо вуҷуде, ки мо минҳайси як кишвари ҳамсояву бародару мусалмон ба мардумаш эҳтиром дорему сулҳ эълон кардем, аммо мебинем, ки гуруҳҳои даҳшатафкан дар хоки ҳамсояи мо, кишвари Покистон ҳастанд. Як тааҳҳудеро, ки Покистон боиси қаноати давлати Афғонистон шавад, насупурда, ки гуруҳҳои даҳшатафкан аз Покистон вориди Афғонистон намешаванд. Ба ҳамин хотир, касоне, ки эътироз мекунанд, беҳтарин чеҳараҳои онҳо ва сарсахтарин шахсиятҳояшонро, имрӯз ба ҷойи руасои Афғонистон, доктар соҳиб Ашраф Ғанӣ ва доктар соҳиб Абдуллоҳ биёварем кори бештаре наметавонанд, бикунанд. Вазъияти кишвари моро дарк кунед, эътироз кори осон аст, аммо ман яқин дорам, ки ҳар кадоми онҳоро дар ин масъулият қарор бидиҳем, на танҳо болотар аз инҳо коре наметавонанд бикунанд, балки бадтар мекунанд.

Таъмини амният дар Афғонистон то ин ки кишварҳои ҳамсоя як тааҳҳуди содиқона насупоранд, бисёр мушкил аст. Ҳоло агар бигирем тааҳҳуди содиқона байни Тоҷикистону Афғонистон набошад, марзҳо дучори чолишҳо мешавад. Имрӯз амният дар марзи мо бо шумо бар асоси қувваҳои бисёр неруманди на тоҷик гирифта шудаву на афғон, балки ҳар ду давлат тааҳҳуд дорад. Ҳоло агар ҳамин тааҳҳудро Покистон мисли чанд соле, ки дар замони Зоҳиршоҳ ва пасу пеш аз он дошт, бисупорад, фикр мекунам вазъияти Афғонистон хубтар мешавад. Як роҳ ин аст ва роҳи дигараш ин аст, ки давлати Афғонистон битавонад марзҳои худро сатр бисозад. То итминонро аз вазъияти сарҳадатои худ ҳосил накунем ин чолишҳо давом медошта бошанд. Афғонистон аз лиҳози жеупулутик, аз лиҳози вазъияти иҷтимоӣ ва сарҳадаот, аз лиҳози бархӯрду мавзеъгириҳои ҳамсояҳо чолишҳову мушкилоти худро дорад. Ин ҳама вақт кор дорад.

Озодагон: Яъне, ҷаноби Сафир, Шумо ба ин назар ҳастед, ки камкорие, ки ҳукумат дорад ё сахтгириҳое, ки ҳукумат мекунад ҳосили бесуботиву беамниятӣ дар Афғонистон аст ва инро муҷоз медонед?

Залмай Юнусӣ: На хайр. Давлат, фикр накунам, ки дучори камкорӣ бошад. Давлат талоши худро мекунад. Ҳеч давлате вуҷуд надорад, ки бигӯяд ман кор намекунам, ман Ватани худро хароб мекунам ва ҳеч барномаи инкишофӣ надорам.

Бо вуҷуде, ки бо сиёҳтарин ва хатарноктарин гуруҳ не, гуруҳҳои терруристӣ, аз 27 то 30 гуруҳ, давлат дар ҷанг қарор дорад, боз барномаҳои инкишофӣ ҳам дорад. Чаро имрӯз 37 кишвари дунё дар Афғонистон неру доранд. Мегӯянд, ки агар имрӯз мо дар Афғонистон лонаҳои терруризмро ҷилав нагирем ва ин эҷод шавад он тарафи курраи замин ҳам ором нахоҳад буд. Чаро Русия аз вазъияти сарҳадатои Тоҷикистон бо Афғонистон нигарон аст? Боз агар терруристҳо аз ин ҷо хато бихуранд ва ё дар ин ҷо ташаккул пайдо бикунанд, амнияти Русия ҳам таъмин нахоҳад буд. Ҳадафи ин гуруҳҳо танҳо Афғонистон нест, инҳо дорои аҳдофи ҷаҳонӣ ва мантақаӣ ҳастанд. Дар сурате, ки ИМА ба ҳайси як қудрат бо муттаҳидинаш –НОТУ аз ин гуруҳ ҳарос дорад, рус бо як қудрати бузурги ҷаҳонӣ, ки худро дар муқобили ИМА мегузорад аз ин гурҳ ҳарос дорад. Бинобар ин офарин ба мардуми Афғонистон бигӯйед. Бояд дунё ба мардуми Афғонистон таҳсин бикунад, ки имрӯз барои тамоми дунё синаи худро сипар кардаанд ва дар саффи аввали терруризм қарор гирифтаанд ва беҳтарин ҷавонҳояшоро ҳамарӯза шаҳид медиҳанд. Бо 27 гуруҳи терруристӣ давлати мо даргир аст, ки чӣ тур гуфта метавонем, ки ҳукумати мо камкор аст. Пурҳазинатарин ҳаракатҳо ҷанг аст, ҳазинаи мо ҳам дар ҷанг масраф мешавад. Фикри мо ҳам дар роҳи ҷанг масраф мешавад, барои давлат кай фурсат мешавад, ки аз 24 соат 10 соаташро барои инкишоф фикр кунад. Аз 24 соат 24 соаташ дар мавриди ҷанг аст, аммо мебинем, ки инкишоф ҳам ҳаст, бозсозӣ ҳам ҳаст.

Озодагон: Аммо Сафир-соҳиб, мунтақидини давлат мегӯянд, ки бо истифода аз бесуботиву беамниятӣ ҳукумат як миқдор худкоматар шуда ва ба хостҳои демукротики мардум посух намегӯяд ва бештар талош мекунад, ки баъзе аз ҳаракатҳои демукротику мадании мардумро саркӯб кунад.

Залмай Юнусӣ: Хидматон як мавзуъро ишора кунам, ки ба ҷуз аз давлати Афғонистон, ҳамин вазъият дар ҳар кишвари дигаре бошад, ҳолати изтирорӣ эълон мешавад. Ин вазъ эъҷоби 99 дарсади ҳолати изтирорро мекунад. Дар ин ҷо давлат даргири ҷанги хаторноку шуме бо терруризм аст. Дар ин ҷо аз давлати мо, ҳанӯз ҳам ҷомеаи маданӣ демукросӣ мехоҳад, ҳанӯз ҳам озодии баён мехоҳад. Чи ҳарфҳое нест, ки ба одраси давлат гуфта мешаванд. Беҳтар ин аст, ки 8 миллионе, ки ба ҳукумати Ваҳдати миллӣ раъй додаанд бояд ба хотири берунрафт аз вазъият басиҷ шаванд. Агар касоне, ки ҳам раъй додаанд, ба тахриб оғоз кунанд, аз давлат чӣ таваққуи дигаре мешавад дошт?!

Аммо давлати мо дар баробари ин ки ба хости мардуми худ ҷавоб мегӯяд, ҳам ба озодии баён иҷоза дода, ҳам ба озодии фикру ташаккули сиёсӣ иҷоза дода. Ҳоло ҳудуди 80 ҳизбу ташаккулҳои сиёсӣ дар Афғонистон фаъол мебошад. Озодие, ки дар Афғонистон ҳаст, мебинем, ки чи ҳарфҳое дар ҳаққи раисҷумҳур гуфта намешавад. “Тулуъ” як пругроми “Хандабозор” дорад мебинем, ки чӣ таҳқиру таҳвине нест, ки раисҷумҳурро назананд. Дар кадом кишвари дигаре ин корро карда метавонанд?! Ном бигиред, ки дар як кишваре раисҷумҳур таҳқир шавад таҳаммул мекунад?! Демукросие, ки дар Афғонистон ҷараён дорад, дар хубтарин кишварҳои демукрот ҳам нест. Дар шароити Афғонистон минҳайси як хабарнигори огоҳ таҳлил бикунед ва ба ин натиҷа бирасед, ки ин давлатро коро бигӯйем ё нокора. Чӣ тазмине вуҷуд дорад, ки як гуруҳи дигар агар биёяд кори аз ин хубтаре мекунад!? Мо бояд хосияти жеупулитики Афғонистон, хостҳои қудратҳои минтақавиу ҷаҳониро дарк кунем. Дар ин тур як вазъияти буҳронӣ, чӣ тур мешавад бигӯйем, ки доктар-соҳиб Ашраф Ғанӣ муъҷиза кунад ё доктар Абдуллоҳ? Оё касоне, ки ин ҳарфҳоро мегӯянд дар ҷойи ҳаминҳо бишинанд метавонанд муъҷиза кунанд?! Дуруст аст, ки мушкилот дар дохил вуҷуд дорад. Мо бояд таассуби қавмиро канор бигузорем. Аслан масоили шаклӣ аст, ки мо сари масоили қавмию мазҳабӣ мепечем. Мо бояд Ватанро эҷод бикунем.

Озодагон: Ин нукта, яъне масоили қавмӣ, ки Шумо ишора кардед. Баъзе аз чеҳраҳои пешгоми музоҳирин дар ҳамин охир ҳукумати Ғаниро ба якҷонибагароӣ ва ё қавмгароӣ муттаҳам мекарданд. Гузашта аз ин, мо шоҳиди ин гуна суханҳову эътирозот дар расонаҳои Афғонистон ҳам ҳастем. Назари Шумо чист?

Залмай Юнусӣ: Феълан дар ин маврид ман ҳарфе надорам. Аммо ҳамин қадар мегӯям, ки чун ҳукумати Ваҳдати миллӣ ҳаст ва агар раисҷумҳури мо як паштун аст, раиси иҷроияи мо як тоҷик аст. Албатта раисҷумҳур ин таваққуъро дорад, ки паштунҳоеро, ки барояш раъй доданд масъулиятҳое бидиҳад. Ин гуна ҳолатҳои қавмӣ дар Афғонистон вуҷуд дорад. Ин натиҷаи сиёсати истеъмори инглис аст. Чун дар се ҷанг шикаст хурд ва ба вазъияти сиёсии Афғонистон бо зӯр ҳоким шуда натавонистанд, ин мавзуъро доғ карданд ва ҳадафшон ин буд, ки ин мардум дигар ба ҳайси як қудрат ҳузур надошта бошанд. Ихтилофро ворид карданд: чӣ ихтилофоти қавмӣ ва чи забониву мазҳабӣ. Ин аз сиёсаткорони кӯҳнакори даврони инглис аст. Имрӯз ҳам ин масъала давом дорад. Вале таърихи воқеии кишвари мо ваҳдату бародарӣ аст. Биноан дар давлати Афғонистон феълан ин масъала бисёр доғ нест. Овардани вазирону раисон ба ниҳодҳо аз шумули қавмҳои гуногун хостҳои таассубгароёнаи қавмии на Ашрафғанисту на аз Абдуллоҳ. Балки раъйдиҳандагон ба асоси раъйе, ки додаанд ин таваққуъро доштану доранд. Таносубе, ки дар ҳукумати Ваҳдати миллӣ ҳаст ба таркиби қавмии кишвар баробар аст. Аммо намешавад, ки ҳама ақвом раисҷумҳуру раиси иҷроияву вазири дифоъ вазири маориф ва дигар шаванд. Ин як кори бисёр мушкил аст. Умедвор ҳастам, ки як рӯзе мо сари зарфиятҳо биравем ва аз ин ҳолат баройем.

Озодагон: Шумо аз ҳузури неруҳои НОТУ дар Афғонистон бо раҳбарии ИМА ҳарф задед. Фикр мекунед бо иддаое, ки доштанду омаданд, талошҳои онҳо барои ҳамон иддао содиқона буд?

Залмай Юнусӣ: Инҳо бар асоси файсалаи Шӯрои амнияти СММ омаданд, ки дар Афғонистон ҳокимияти терруристҳо ва гуруҳи “Толибон” забона мекашид. Ин қувватҳо ҳанӯз ҳам даргиранд. Инҳо на танҳо бо терруризм мубориза карданд, балки барои ташкили сохтори давлат ҳам оҳиста-оҳиста кӯшиданд. Чун инҳо ба як давлате омада буданд, ки на низом буду на як кори дурусте. Тамоми неруи ду давраи Карзай ва ин даврони ҳукумати Ваҳдати миллӣ дар сохторсозӣ сипарӣ мешавад. Фикр мекунам, феълан барои будани онҳо дар Афғонистон ниёз аст. Мо бо инҳо як саффи муттаҳид дар мубориза бо терруристҳо дорем, ки орзу дорам дар зудтарин фурсатҳо муваффақ шавем ва Афғонистон ҳам як кишвари бонизому босуботе шавад.

Озодагон: Фикр мекунед, ки ноамниҳои шимоли Афғонистон ва ҳузури ДОИШ, ки боиси нигарониҳои Тоҷикистон ҳам шуда, чӣ барномаҳое ҳастанд ва ба куҷо мекашонанд?

Залмай Юнусӣ: Ман пештар ҳам ишора кардам, ки ҳадафи инҳо Афғонистон нест. Инҳо барномаҳои байналмилалӣ доранд. Инҳо баъди ҷануб ба шимол омаданд, ки дар суфуфи худ тоҷику узбаку қирғизу туркману чиниву уйғуру дигарро доранд ва мехоҳанд бо истифода аз инҳо дар ин кишварҳо ҳам нуфуз пайдо кунанд. Ва ин як гапи комилан дақиқ аст. Аммо мардуми шимол ва ҳукумати Афғонистон ҳам мубориза дорад.

Озодагон: Ба унвони охирин суол. Чанде пештар, баъзе аз расонаҳои хориҷӣ ва аз ҷумла расонаҳои Афғонистон ҳам иттилоияе паҳн карда буданд, ки Русия дар музокирот бо “Толибон” қарор дорад ва гуё ин музокира дар Тоҷикистон сурат гирифта. Оё Шумо дар ҷараён будед?

Залмай Юнусӣ: Ҳамин ҳарфҳоеро, ки шунидед мо ҳам шунидем. Аммо мо бар ин ҳастем, ки таҷрибаеро, ки Иттиҳоди шӯравии вақт ва Русияи имрӯз аз Афғонистон дорад, ҳеч гоҳ ин тур як ақле пайдо намешавад, ки давлати Русияро ташвиқ ба мудохила дар умури Афғонистон кунад. Имрӯз мо равобити диплумотики бисёр хубе бо Русия дорем. Мутмаин ҳастем, ки дар кумак ба мухолифин Русия ҳеч вақте алайҳи давлати мо ёрӣ накардаву намекунад. Агар бо “Толибон” ягон тамосе дорад шояд ба он хотир бошад, ки мехоҳанд ин гуруҳро бар алайҳи ДОЪИШ истихдом кунанд. Аммо ҳеч гоҳ рус дӯсти истротежики “Толибон” нахоҳад шуд. Мо феъалан аз талошҳои Маскав хуш ҳастем.

Озодагон: Ташаккур, Ҷаноб Сафир барои суҳбат. Умедвор ҳастем, ки дар Афғонистони ҳамзабону ҳамсояи мо сулҳу амният биояд ва миллати шарифи ин сарзамин фурсатҳои хуберо барои инкишофу шукуфоӣ дар ихтиёр дошта бошад.

Залмай Юнусӣ: Аз Шумо ҳам ташаккур. Мо умедворем, ки ҳар чи зудтар сулҳ биояд ва ҳамин тур, ки бо Тоҷикистон ҳамсоягии нек доштем дар оянда ҳам ин некиро дошта бошем. Ба ҳайси сафир талоши ман ин аст, ки бо вуҷуди шароити буҳрониву душворе, ки ҳаст ва нигарониҳое ҳам вуҷуд дорад, корҳои бисёр муассирероро анҷом бидиҳам. Ва ҳайатҳое, ки рафту омад карданд то ҷойе мавриди итминону қаноат қарор гирифт. Ва дар ин 4 моҳе, ки ҳастем ва барномаҳоеро, ки бо давлати дӯсту бародари Тоҷикистон шарик сохтем як фазои хуберо ба вуҷуд оварда, ки умевдвор ҳастем фазо аз ин карда хубтар шавад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)