Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:44

Вазорати тандурустӣ: Агар ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шавад, ба Паймона аробачаи маъюбӣ медиҳем

12 июн 2017, 16:53

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешниҳоди аробачаи маъюбӣ ба Паймона, як духтарчаи 5-cолаи маълул изҳори омодагӣ кардааст.

5 июн “Озодагон” бо нашри як хабар – “Дасти хайр: Ёрӣ диҳед, то Паймона соҳиби аробачаи маъюбӣ шавад” аз номи Маркази дастгирии оила -- “Умед” аз мардуми саховатманди кишвар даъват карда буд, барои соҳиби аробачаи маъюбӣ шудани Паймона ёрӣ бидиҳанд.

Вазорат дар ҷавоб ба ин хабар бо ирсоли як нома унвонии “Озодагон” гуфтааст, тибқи “Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, таҳти №604 тасдиқ шудааст, таъминот бо аробачаи маъюбӣ дар асоси ариза, нусхаи шиноснома,хулосаи шӯъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ё маркази саломатии ҷойи истиқомат тавассути бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз рӯи навбат амалӣ карда мешавад”.

Дар ин нома, ки бо имзои Қ.Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ирсол шудааст, гуфта мешавад, “вазорат омодааст, ки баъди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Пайвона як адад аробачаи маъюбии ройгон ҷудо намояд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Табрез

  • 12 июн 2017 17:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои як аробача кудак то 19 солагиш хуччат чамь мекуна бо 19 соли дига навбад мепоя. Метиед як аробача тиед! Наметиед саргардон накунед кудака шарм надоштед чунин мактуб навистед .
Посух додан
  • Oooo

  • 12 июн 2017 20:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом Озодагон, пулгуфтем равонкунем духтарчада зангзадем гуфтан кимикай хариданд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!