Наҷоти се нафар аз ғарқшавӣ дар Суғд
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд тайи се рӯзи гузашта се нафарро аз ғарқшавӣ дар “Баҳри тоҷик” ва дарёи Сир наҷот додааст.
Шаҳзода Буттаева, сухангӯи Ситод имрӯз, 13 июн ба “Озодагон” гуфт, соати 17:15-и 10 май ду нафар -- як сокини 39-cолаи шаҳри Хуҷанд ва як истиқоматкунандаи 38-солаи ноҳияи Бӯстон -- ҳангоми рондани гидросикли обӣ дар “Баҳри тоҷик” идораи онро аз даст дода, зери об мешаванд. Кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, ки он замон барои як рейд дар “Баҳри тоҷик” қарор доштанд, онҳоро наҷот медиҳанд.
Хонум Буттаева афзуд, баъд аз зуҳри рӯзи 12 июн як сокини 21-солаи ноҳияи Шаҳристон, ки донишҷӯйи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст, ҳангоми оббозӣ дар мавзеи саршавии обутобгоҳи шаҳрии дарёи Сир, ки онҷо оббозӣ манъ аст ва лавҳаҳои ишоратӣ низ насб шудаанд, ғарқ мешавад: “Ин ҷавон ҳам аз ҷониби кормандони Ситод наҷот дода шуд”.
Зимнан, Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд аз сокинон ва меҳмонони вилоят даъват кардааст, агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ ва ё дигар ҳодисаҳои фавқулодда шаванд, ба таври оҷил бо рақами (8-34-22)-5-15-55, 93-880-28-57 тамос бигиранд ва то расидани наҷотдиҳандаҳо чораҳои иловагӣ биандешанд.Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |