Бахшҳо

Парлумон рӯзи интихоботи президентии Қирғизистонро дақиқ кард

Жогорку Кенеш, парлумони Қирғизистон розӣ шуд, то интихоботи президентӣ дар ин кишвар 15 октябри соли 2017 баргузор шавад.

Вакилони парлумон дар ҷаласаи имрӯз, 14 июн аз қарори марбута ҷонибдорӣ карданд. Бар пояи ин қарор Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бояд заминаҳо барои як интихоботи озоду шаффофро тибқи қонунгузории Қирғизистон муҳайё созад.

Алмосбек Отамбоев,
раисҷумҳури Қирғизистон дар гузашта дар суханрониҳояш борҳо эълон кард, ки дигар муддаии курсии президентӣ намешавад. Аз ҷумла моҳи декабри соли 2015 дар нишасти матбуотии солонааш изҳор дошта буд, баъди анҷоми ваколати президентиаш комилан аз сиёсат меравад ва дигарбора на танҳо президент, балки сарвазир ва ҳатто раиси парлумон ҳам шуданӣ нест. Ӯ гуфта буд, набояд аз ҳар чизе барои худ сипар сохт, ҳатто аз Қонуни Асосӣ: “Президент бояд бидонад, ки ин як таваккалкории бузург аст. Агар чунин бозиҳо идома пайдо кунанд, ман маҷбурам ба мардум муроҷеъ шавам”.

Ба қавли Отамбоев талошҳо барои боқӣ мондан дар қудрат ва масдуд кардани роҳҳои сиёсӣ билохира ба “қушқорҷанг” оварда мерасонад.

Моҳи феврали соли равон бошад, дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо “Euronews” Отамбоев гуфт, президенти ояндаи ин кишварро на Маскав ва на Вашингтон, балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд. Ӯ сару садозоеро, ки Владимир Путин зимни сафараш ба Бишкек номзади хостаи Кремлро ба президентии Қирғизистон муайян хоҳад кард, рад намудааст: “Ин сафсатаи сиёсатмадорҳоест, ки Қирғизистонро ба ҳолати пойбандӣ расонда буданд, аммо имрӯз кишвар тамоман дигар аст. Қирғизистон аз ҳамаи ҳамсояҳо вобаста буд, онҳо кай, ки мехостанд интиқоли газу барқро қатъ мекарданд, марзҳоро мебастанд. Аммо имрӯз Қирғизистон дигар аст. Президентро на Маскаву на Вашингтон балки шаҳрвандони Қирғизистон интихоб мекунанд. Бовар кунед ин кишвару ин мардум дигар аст. Мо масоили худро худамон ҳал мекунем”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)