
Як узви “Ҳизби исломии Туркистон” барои 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд
14 июн 2017, 10:22
Суди вилояти Хатлон як сокини 26-солаи деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиёнро бо иттиҳоми узвият дар “Ҳизби исломии Туркистон”, ташкилоти фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон, барои 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Отабек Алимов дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 187, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида, яъне “иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурӯҳҳои муташаккил” гунаҳкор дониста шуда, тӯли 5 соли оянда дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр нигоҳ дошта мешавад.
Ҳукми суди вилояти Хатлон баъд аз зуҳри 7 июн эълон гардид ва ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Раисикунандаи мурофиа Сайфиддин Муҳиддинзода таъкид кард, ки Отабек Алимов ва ҳимоятгаронаш метавонанд давоми 10 рӯз аз ҳукм ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят ё эътироз оваранд.

- Тавре ки дар мурофиаи судӣ маълум гардид, - гуфт судя С. Муҳиддинзода, - дар Россия Саломов Илҳомжон Абдуназарович ном марди ӯзбектаборе пайрав ва таблиғгари “Ҳизби исломии Туркистон” (“Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”) буда, ҳамроҳи чанд нафари дигар ҷалб кардани ҷавонони бетаҷрибаро аз деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён, ки аксаран ӯзбекзабонанд, ба сафи ин ташкилоти террористию экстремистӣ эътирофшуда дар нақша доштаанд. Дар Маскав Отабек ва Суннатуллои он вақт 20-сола аз ҷониби Илҳомжон, Аҳман (шаҳрванди Ӯзбекистон) ва Ҳузайфа (шаҳрванди Қирғизистон) ном шахсон тавассути наворҳои видеоии марбут ба аъзо ва тарафдорони “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” мағзшӯӣ мешудаанд.
- Ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта, бар зидди ҳукумати қонунии ин кишвар мубориза бурдан даркор аст, - иброз медоштанд истихдомгарон. – Шумо агар дар сафи ин ташкилот “ҷиҳод”-ро амалӣ намуда, одам кушед ва дар ин роҳ кушта шавед, ҳатман вориди ҷаннат хоҳед шуд...
Пас аз як моҳ визаи Отабек тайёр шуда, ӯ ҳамроҳи се шаҳрванди Тоҷикистон ва се шаҳрванди Ӯзбекистон ба воситаи машинаи боркаши тамғаи “Автобус” аз Маскав ба Бокуи Озайрбойҷон раҳсипор шуд. Он ҷо се рӯз дар меҳмонхона будубош карда, пасон ба Зоҳидони Эрон ва аз он ҷо ба минтақаи Шактуи вилояти Вазиристони Покистон, ки пойгоҳи низомии “Ҳизби исломии Туркистон” мебошад сафар намуданд.
Дар Покистон Отабеку ёронаш ба Усмон ном амири ҳизби номбурда қасам ёд карда, шомили ин созмони ифротию террористӣ гардиданд. То моҳи майи соли 2013, яъне тақрибан ду сол дар асоси барномаи “Ҳизби исломии Туркистон” он ҷо таълимоти ҳарбӣ гирифта, якҷо бо дигар аъзои ин иттиҳоди ҷиноятӣ пойгоҳи низомии “ҲИТ”, воқеъ дар минтақаи Шактуи Вазиристони Покистонрро ҳимоя кардааст. Дар он он Отабек инчунин истифодаи намудҳои гуногуни силоҳу воситаҳои тарканда ва дигар фаъолияти дорои хусусияти террористию экстремистиро омӯхт.
Дар маводҳои парвандаи ҷиноятии Отабек Алимов омадааст, ки ӯ дар Ҷумҳурии исломии Покистон тибқи 7 моддаи қонуни ҷиноятии он кишвар маҳкум ба зиндон гардида, 2 марти соли 2017 бо ҳукми суд сафед ва озод карда шудааст. Баъди озод шудан Отабек кӯшиши ба Тоҷикистон баргаштанро карда, бо мусоидати сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Покистон ва Афғонистон ба ватан баргаштааст.
Сайфиддин Муҳиддинзода, раисикунандаи мурофиаи мазкур, гуфт, ки раводиди моддаи 187, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати аз 8 то 12 сол пешбинӣ кардааст. Аммо коллегияи судӣ ҳангоми таъйин кардани ҷазо ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо, яъне ба гуноҳаш иқрор кардан, сидқан пушаймон будан, дар ошкорсозии ҷиноят фаъолона мусоидат намудан, кӯшиши ба ҳаёти осоишта баргаштан, ҷавонӣ ва мусбат тавсиф шудани Отабекро ба инобат гирифта, ба ӯ ҷазои аз ҳадди поёнии дар моддаи 187, қисми 2-и КҶ ҶТ пешбинишуда камтарро муносиб донист.

Аз Улуғбек пурсидем, ки бародараш бо чӣ мақсаде ба Покистон сафар карда буд. Вай дар ҷавоб гуфт: “Ӯ фиреб хӯрдааст. Ба гапи ҳамсинфонаш даромада, гумроҳ шудааст. Бо Отабек имкони суҳбати зиёд надоштам, ки батафсил пурсамаш. Тахмин мекунам, ки ӯро бо роҳи сеҳру ҷоду ҷалб намудаанд. Зеро вай дар гузашта бачаи бисёр мазҳабӣ набуд, медонам, ки машрубот менӯшид”.
Заррагул Раҳимова, вакили мудофеи ҳуқуқи Отабек Алимов, зикр кард, ки ҳукми суд алайҳи зерҳимояташ хеле сабук аст. “Аммо агар нафари таҳти ҳимояи мо шикоят ё эътирозе дошта бошад, мо ҳатман ба суди зинаи болоӣ барои бозбинии ҳукм муроҷиат мекунем. Ин тасмимро бояд худи маҳкумшуда бигирад”, - афзуд З. Раҳимова.
Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли охир шумораи зиёди ҷавонон аз ноҳияи Қубодиён ба гурӯҳҳои тундрави террористӣ пайвастаанд. Деҳаи Қизилнишон, ҳозира Навбаҳор, як деҳаи ӯзбекнишини Қубодиён аст ва танҳо дар солҳои 2008-2012 беш аз 30 сокини ҷавон аз ин маҳал бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон” боздошт шудаанд.

Бояд гуфт, ки Суди вилояти Хатлон танҳо дар панҷ моҳи гузаштаи соли 2017-ум 28 парвандаи ҷиноятиро алайҳи 30 нафар ба баррасӣ гирифтааст, ки онҳо дар пайравӣ ва узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ гумонбар дониста шуданд.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
Комрони БАХТИЁР
Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Бознашр аз http://khatlon-ruznoma.tj