Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 17 декабр 2017, 05:36

Минбаъд маоши раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Президент муайян мекунад

14 июн 2017, 11:32

Аз ин ба баъд музди меҳнати раисони ду палатаи Маҷлиси олии Тоҷикистонро ҳам раисҷумҳур муайян хоҳад кард.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумон имрӯз, 14 июн лоиҳа ворид намудани илова ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ”-ро пазируфтанд.

Амрихудои Дамдор, вакили Маҷлиси намояндагон зимни муаррифии ин лоиҳа гуфт, бар асоси ин тарҳ минбаъд маоши раиси ҳар ду палатаҳои парлумонро Президент муайян мекунад. То ин вақт музди меҳнати раиси Маҷлиси намояндагон аз ҷониби вакилон муайян мегардид.

Ӯ афзуд, маоши вакилонро дар гузашта ҳам раисҷумҳур муайян мекард.

Амрихудои Дамдор баъди анҷоми ҷаласаи имрӯз дар суҳбат ба “Озодагон” ҳаҷми музди меҳнати вакилони Маҷслиси намояндагонро 5 ҳазор сомонӣ гуфт. Вай афзуд, давоми чор панҷ соли ахир ҳақмузди вакилон тағйир наёфтааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Кимоб

  • 14 июн 2017 11:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ба он маьност ки дар ояндаи наздик вазифаи раиси мачлиси миллиро бархам медиханд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охе, ин ба меъёри Констутсия мувофиат мекунад?! Инро боз "кадом дуст" ба Пешвои миллат пешниход кард, бо тактикаи кории худ ва душманона.
Ба Кимоб! Дар тамоми давру замон ба монанди вазифаи Раиси Мачлиси Миллиро бархам додан гуфтани гап гайриимкон аст. Таърихан, хатто дар даврахои форматсияхои дигар, хатто давраи шохона мустакилияти палата дар меъёри муайян нигох дошта мешуд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ое ба вакилони мо гирифтани 5000сомони халол аст?? Дар замоне,ки як мардикори точик аз субх то шом ба 30-40 сомони кор мекунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!