Бахшҳо

Корманди собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президент 8,5 сол равонаи зиндон шуд

Додгоҳ Қадамҷон Сафизода, корманди собиқи Дастгоҳи иҷроияи Президентро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Мувофиқи қонуни афви соли 2016 аз се як ҳисаи ин ҳукм кам шуда, 10 сол шуд ва бо назардошти 1,5 соли дар боздошт қарор доштани ӯ, акнун 8,5 солро пушти панҷара мегузаронад.

Бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаш тан аз ҳамроҳони Сафизода мутаносибан аз 12 то 15 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Хабарнигори “Озодагон”, ки дар назди бинои додгоҳ қарор дорад, мегӯяд, Парвиз Назарзода 15 сол, Фурқат Раззоқов, Арслон Маҳкамов, Владимир Бабаев ва Зуҳал Сангинов 13 солӣ ва Ҳикматулло Хоҷаев 12 сол равонаи зиндон шуданд. Нисбати онҳо низ қонуни афв тасдиқ шудааст.

8 июн айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қадамҷон Сафизода ва Парвиз Назаров 17 сол, барои Фурқат Раззоқов, Арслон Маҳкамов, Владимир Бабаев ва Зуҳал Сангинов 15 ва барои Ҳикматулло Хоҷаев 13 соли зиндонро талаб карда буд.

Рустам Назаров, падари Парвиз баъд аз эълони ҳукм дар суҳбат бо хабарнигорон, онро ноодилона хонда, гуфт, ба зинаҳои болоӣ ҳатман шикоят хоҳанд бурд. Ӯ аз маҳкумшудаҳо "беҳтарин мутахасисони соҳаи технологӣ" ном бурда, таъкид намуд, баъди чунин ҳукмҳо боварии ҷавонон аз адолати додгоҳӣ коста мегардад. Назаров афзуд, додгоҳ далелҳои муътамади вакилони дифоъро ба назар нагирифт.

Ин ҳафт нафар дар азхуд кардани 8 миллион сомонӣ муҷрим шинохта шуданд.

Қаблан, волидони ин афрод аз Озода Раҳмон, раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент хоста буданд, барои муҳокимаи одилонаи фарзандонашон дар додгоҳ, мусоидат кунад.

Гуфта мешавад, ин афрод бо ҳадафи ба даст овардани фоидаи пулӣ зангҳои байналмилалии ширкати “Мегафон”-ро бидуни иҷозат ба зангҳои дохилӣ табдил додаанд. Дастгоҳи онҳо 20 марти соли 2016 аз ҷониби кормандони Хадамоти алоқа ва УБОП-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мусодира шудааст.

Қадамҷон Сафизода дар гузашта курсии мудири Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро дар ихтиёр дошт.
Мӯҳр
Соро
8 млна обулой кардиян боз чй гуна умеди чавонон аз додгох коста мешудаст? Гапа бинед...

чабрдида
Аз мора пуломона руирост агроинвестбонк мегирад,кариб ду сол мешавад намедихад, боз дар даргохаш даромадан намемонад ва боз бо забонашон катачаги хам мекунанд, механданд издиватса карда, пишакашро касе пишт намегуяду хамин ду камбагали дилкушод нолашон ба дахоншон расид тули моххои дароз дар хамин сайт хамонро реклама карда гаштед. Дар хамин рамазон Худоро хуш меояд?! Конунхо хамааш барои сагерахо хаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)