Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 17 декабр 2017, 05:36

Боздошти 6 вагон бо моли қочоқӣ

14 июн 2017, 17:53

Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти 6 вагон бо моли қочоқӣ хабар дод.

Тибқи иттилоияи Хадамоти гумрук, 20 номгӯйи моли қочоқӣ дар ҳаҷми 320 тонна аз Эрон вориди кишвар шудааст.

Манбаъ мегӯяд, шаҳрванд О. М. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ “Тозагии савдо” баромад намуда, аз Эрон 20 номгӯйи молу маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили чой, ҳалво, кафел, сару либоси мардонаву занона, қолин, гранул, селофани полиэтиленӣ ва ғайраҳоро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст.

Ба иттилои манбаъ, маҳсулоти қочоқӣ дар дидбонгоҳи гумрукии “Регар” ошкор шуда, арзиши он 2 миллиону 590 ҳазору 607 сомониро ташкил медиҳад: “Нисбат ба шаҳрванд О. М. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои тафтишот ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Х,асибсоз

  • 14 июн 2017 21:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба дигар бораш кор надораму лекин агар пусти мург дошта бошад монед гузарад!
Посух додан
  • Сайрам

  • 15 июн 2017 08:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чумхури бе дару дарвоза будаст? Ё ки дар пушти ин вагонхо одами зур бачо шудаст...
Посух додан
  • 8

  • 15 июн 2017 11:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хай нагз ку молхоро арзон мефурушад кас хайрон мешавад чи хел бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст?хаминхелаям мешудаст да е тавба.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!