Бахшҳо
15 июн 2017 09:36Тоҷикистон / Сиёсат

9 санади ҳамкории Тоҷикистону Арманистон: Аз иртиботи ҳавоӣ то ҳамкориҳои Додситониҳои кулл

Дар пайи дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Серж Саргсян, президенти Арманистон 9 санади нави ҳамкорӣ имзо шудааст.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибҳо аз ҷумла созишномаҳо миёни давлатҳо дар соҳаи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон, алоқаи ҳавоӣ, телекоммуникатсия ва алоқаи почта, эътирофи мутақобила ва баробарарзишии тахассуси таҳсилот, дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, тандурустӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш ва ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати корҳои хориҷа, Прокуратураи генералӣ ва Академияи илмҳоро ба имзо расондаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, аз сатҳи кунунии муносибатҳои ду ҷониб, ки имсол аз барқароршавии равобити дипломатии мамлакатҳо 25 сол пур мешавад, изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор доштааст, “Тоҷикистон аз ҳамкории зичу судовар манфиатдор аст ва мо кушиш менамоем, ки бо муколамаҳои сатҳи олӣ барои амалӣ кардани нақшаву ниятҳои некамон такони ҷиддӣ бахшем”.

Ба иттилои манбаъ, қабули Шартнома дар бораи дӯстию ҳамкорӣ ва таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ омили муҳим барои ноил гардидан ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ арзёбӣ гашта, пешниҳод шудааст, ки барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои истеъмолии якдигар алоқаи бевосита байни субектҳои амалкунандаи ҳарду ҷониб ба роҳ монда шавад.

Манбаъ мегӯяд, ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати куҳӣ, саноати сабуку хурокворӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ, инчунин алоқаю туризм аз самтҳои ояндадори рушди ҳамкории дуҷониба унвон шуда, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, коргоҳҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пахта, сангҳову металлҳои қимматбаҳо, истеҳсоли молҳои алюминӣ ва дигар ашёи рузғор ба манфиати ҳар ду кишвар зарур шуморида шудааст. Дар интиҳои мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои арманаш Серж Саргсянро даъват кардааст, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биорад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 июн бо сафари расмӣ ба Арманистон рафт.
Мӯҳр
1
Хандаи кас меояд, кариб ки миёни ду кишвар мубодилаи коло нест, доду гирифт нест, пас аз кучо робитаи хавои мешавад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)