Оҷонсӣ: Масъули андоз тариқи ширкати модараш ним миллиони давлатро “хӯрдаст”
Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти масъули андози шаҳри Хоруғ хабар дод, ки гӯиё тариқи ширкати ба номи модараш қариб ним миллион сомонии давлатро аз худ кардааст.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ Мазабшоев.Э, ки дар мақоми сармутахассиси бахши ташкилӣ-андозбандии шахсони воқеии нозироти андози шаҳри Хоруғ кор мекардааст, соли 2013 ба номи модараш Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди (ҶДММ) “Ариана-5”-ро таъсис дода, фаъолияти онро ба роҳ мондааст: “Дар солҳои 2015-2016 бо дархостҳои Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон ба суратҳисоби ҶДММ “Ариана-5” ҳамчун ғолиби тендер барои дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ дар маҷмуъ 508.082 сомонӣ гузаронида шудааст”.
Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Мазабшоев танҳо ба маблағи умумии 21 ҳазору 950 сомонӣ таҷҳизоти техникӣ харида, боқимонда 486 ҳазору 132 сомониро аз худ намудааст: “Феълан алайҳи Мазабшоев барои исрофкорӣ ва сохтакорӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |