Ҳалокати шаш нафар дар пайи инфиҷор дар масҷиди Кобул
Бар асари як таркиш дар яке аз масҷидҳои шиаён дар шаҳри Кобули Афғонистон шаш нафар ҷон бохтааст.
Шабакаи телевизионии “Tolonews” дар саҳфаи “Twitter”-и худ навишт, дар пайи инфиҷор ҳамчунин даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Ба иттилои манбаъ, марди ҳамлавар натавонистааст, ки дохили масҷид бишавад ва маводи мунфаҷираро дар ошхона, аз толори намозхонӣ дуртар аст, ба кор даровардааст.
Масъулияти ин таркишро гуруҳи ифротии ба ном “Давлати исломӣ” бар душ гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, гуруҳи “Толибон” изҳор дошта, ки ин амал кори дасти онҳо нест ва ҳеч гоҳе ба масоҷид ҳамла намекунад.
Ба иттилои “Tolonews”, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллӣ ва Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон ин ҳамларо шадидан маҳкум кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |