Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 04:56

Суол аз Шӯрои уламо: Чаро болои масоҷид сурати моҳтоб мегузоранд?

19 июн 2017, 09:30

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон далели болои масоҷид гузоштани сурати моҳтобро шарҳ дод.

Тибқи иттилои ин ниҳод сурати моҳтоб дар болои масҷидҳо нишона ва рамзи Ислом аст: "Дар замони хилофати Аббосиён дар Шом дар болои маъбади насрониён нишони салиб гузошта шуда буд, халифаҳои Аббосӣ барои фарқ гузоштан масҷидҳои мусулмонон аз маъбади насрониён рамзи моҳтобро гузоштанд".


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • гарени

  • 19 июн 2017 11:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мохтоб ба дини ислом ягон рабте надорад ин рамзи туркхои усмонист"профессорхо"...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам инчо Шурои уламо сахв намудааcт, гузоштани сурати махтоб дар болои масочид ба Ислом ягон рабт надорад ва сурати мохтоб дар масочид аз чониби империяи Усмонихои Турк аввалин шуда гузошта шудааст. Баъдан аз чониби арабхо ва дигар мусалмонхо сурати мохтоб хамчун рамзи ислом кабул шудааст.
Посух додан
  • али

  • 19 июн 2017 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рафик муфти синни ба балогат расидан аз нигохи шариат чанд аст?ва чаро шумо рози хастед ки бачахои синнашон аз 12 то 17 ноболиганд?барои шумо Куръону суннат мухим аст ё конститутсия?
Посух додан
  • сомон

  • 19 июн 2017 13:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шурои уламо чи харза мегуи.
пеш аз ислом худои асосии арабхо Алхилол буд, худое ки сараш рамзи ниммохтоба буд. ин рамз аз дини пешинаи арабхо ба ислом гузашт.
таърихи пеш аз исломи арабхоро як бор хонед!
Посух додан
  • iljas

  • 19 июн 2017 13:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
гарени,
Дуруст лек дакиктараш туркхо инро аз оини зардуштии ачдодиамон гирифтанд. Шуро и уламо афсуус холигиш зиёд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
iljas, Мебахши бародар Шумо харза нагуед, зардуштихо ба оташ, шамъ ва дар даруни гор ба катраи об арч мегузоштанд Ба махтоб ин акнун аз дуруг беш нест
Посух додан
  • КУРУШ

  • 19 июн 2017 14:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИМРУЗ БУЗУРГТАРИН МУШКИЛОТИ ДУНЁИ ИСЛОМ ХАМИН АСТ КИ ОДАМОН САВОЛХОЕ КИ ДОРАН АЗ ЯК ТОИФА МАРДУМИ КАМСАВОД Ё ХАТТО БЕСАВОД ПУРСОН МЕШАВАНД. БОВАР КУНЕД АГАР МУСАЛМОНХО АЗ САВОЛХОЕ МЕПУРСАНД ЧОВОБИ ДУРУСТ ВА ИЛМИ ГИРАНД ХИЧ ЧАНГУ ХУНРЕЗИ ДАР ОЛАМИ МУСАЛМОНХО НАМЕМОНАД.
ИНЧО БАРОДАРОН ДУРУСТ КАЙД КАРДАН,ИН РАМЗИ УСМОНИХОСТ.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як замоне буд,ки доду гирифт муъомилот байни мардуми мусалмон ва дигар кишварҳо хусусан ғарб бештар шуд ҳар дину мазҳаб ва равияе ба худ рамзе дош. Подшоҳ ва Халифаи ҳамон замон барои мусалмонҳо ҳамин рамзро ихтиёр карданд. турк буд араб фарқд надошт,зеро ҳама таҳти итоати як подшоҳ ва ҳама мусалмон буданд. Инро ҳамчун як нишон борои дини мубини ислом интихоб карданд ва бас. Ман дар куҷое хонда будам ки сабаби моҳ ихтиёр кардан ин ба хотире буд,ки рӯзҳову моҳҳои исломи ба моҳ вобастаги дорад инчунин бисёри ҳукиҳои шариат ба моҳ вобастаги дорад чун Рамазон.... хулоса як рамзе аст, ки як вақт ҷумла мусалмонҳо онро ихтиёр карданд ва бо ҳамин рамз ҳукмрон буданд боян онро қадр карт тамом.
Посух додан
  • Конфутсий

  • 19 июн 2017 17:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сабаби мох гузоштан ин аст, ки асосан солшумории мусалмонон шамси ва камари аст ва махсусан солшумории арабхо бар асоси мох-камар аст ва хамин мохро рамзи солшумории камари аст ва бар болои масчид ба хотири ин аст ки нишон диханд солшумории мо камари аст ва инро махсусан дар мохи шарифи рамазон бештар метавонем дарк кунем, яъне тибки хадис мохро бубинеду руза гиред ва мохро бубинеду рузаро тамом кунед....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хилол чун рамзи сулолави дар замони Сосониён
Хилоле, ки бо ранги сабз чун рамзи ислом имрўз тафсир мешавад ва дар бому гунбади масчидхо ва мазорхо устувор гаштааст, аз мафохири фархангии ачдоди мардумони эронист, ки ислом ба мерос гирифтааст. Бо вучуди баъзе арком, ки кабули барвактии ин рамзро аз чониби ислом далолат мекунад, зухури хилол дар бому гунбади масчидхо ва дар мукобили салиби калисои исавихо карор додани он падидаест нисбатан баъди, ки тавсияи умумиро касб накард. Ба хар сурат хилол чун рамзи дини барои масчидхо ахамият дошт, хамчуноне ки салиб барои калисои исавихо ва ин рамз аз доираи исломи туркхои усмони берун нарафт ва тавсиа пайдо накард ва дар «масчидхои Туркистон то тасхири русхо ба назар намерасид», -гуфта буд В.В.Бартолд.
Пиромуни хилол чун мубайини хунари Сосони, ки дар сиккахои онхо тасвир ёфтааст, мукарраран ёдрас шудааст, вале дар бораи ин ки хилол низ дар гунбади маъбади Сосонихо вучуд дошт ва сарчашмахо аз он шаходат медиханд, камтар муаррихин таваччух мабзул доштаанд. Рочеъ ба маъбади Шиз [хамакнун вайронахои Тахти Сулаймон], ки маъбади асосии Сосонихои Форс махсуб мегашт, мегуфтанд, ки дар куллаи гунбади он хилоли нукраги чун балогардон (тилисман) хидматгузор буд ва амирони зиёде хостанд онро пас бигиранд, вале тавони онро надоштаанд. Эхтимол меравад, ки хилоли гунбади маъбади Шиз на танхо рамзи дини дошта, балки бештар рамзи сулолави будааст, зеро дар кисмати шимолу шарки Эрон ин рамз густариш наёфта буд, вагарна баъди тасхири ислом кулли сарзамини Эронро ин рамз тавсияи бештаре пайдо мекард. Вале хамчуноне ки имрўз дар Осиёи Маркази ба назар мерасад, дар куллаи гунбади масчидхо ва мазорхо хилолхои бузурге насб гашта ва хатто дар сангхои мармарии кабрхо низ тасвир намудани нима мох, ки пиромунаш «калимаи шаходат» хакк шудааст, ба хукми суннат даромадааст.
Хамза Камол

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!