Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 04:57

Боздошти се ҷавон дар робита ба латту кӯб ва ғорати як сарроф аз Исфара

19 июн 2017, 10:12

Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти 3 сокини аз 20 то 35-cолаи ноҳияи Исфара бо гумони латту кӯби як сарроф ва ғорати маблағи зиёди ӯ хабар медиҳад.

Муҳсин Юсуфов, як масъули дафтари матбуоти ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, яке аз дастгиршудаҳо сокини ҷамоати Чоркуҳ ва дуи дигар аз ҷамоати Навгилеми Исфара мебошанд. Ҳарсе гумонбарон дар бозор савдо мекардаанд: “Онҳо шаби 8 ба 9 апрели соли равон дар сар ниқоб пӯшида, бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматии сарроф Нурулло Музаффарови 45-сола, сокини ҷамоати деҳоти Навгилеми Исфара ворид мешаванд. Тариқи зӯроварӣ 150 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазору 500 доллари амрикоӣ ва 2 миллион рубли русиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд”.

Ҷаноби Юсуфов афзуд, кормандони пулис тайи беш аз 2 моҳ тавонистанд ҷинояти мазкурро ошкор ва гумонбарони онро дастгир намоянд: “Аз рўйи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Махмасиид

  • 19 июн 2017 10:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сарроф, тасарруф магар калимахои точикианд? Намешавад, ки бо калимахои одии точики нависед?
Посух додан
  • али

  • 19 июн 2017 11:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Каппаи саррофхам сухту каппаи гумонбаронхам,аммо каппаи милисаву тавтишотгарон обод мешавад,сарроф пушаймон мешавад ки ба коргарони хифзи хукук шикоят кард,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!