Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 22 август 2017, 21:40

Ғарқшавии модару духтар ва 4 нафари дигар дар рӯзҳои истироҳат

19 июн 2017, 11:10

Рӯзҳои истироҳати гузашта дар Тоҷикистон боз 6 нафари дигар ғарқ шуданд, ки 3 нафарашон ноболиғон мебошанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ 17-уми июни соли 2017, тахминан соати 15:35, зани 48-солаи сокини ноҳияи Данғара ва духтари 15-солааш ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳаашон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои манбаъ инчунин 18-уми июн, тахминан соати 14:00 сокини 56-солаи шаҳри Ваҳдат ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Кофарниҳон”, дар наздикии бозори “Хайр” ғарқ шудааст. Нафари чоруме, ки рӯзи шанбеи гузашта ғарқ шудааст, марди 26-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад: “Ӯ ҳангоми оббозӣ дар дарёи “Сир”, дар рӯ ба рӯи варзишгоҳи “Лочин”-и шаҳри Хуҷанд аз беэҳтиётиаш ғарқ шудааст”.

Инчунин писарбачаи 4-сола, сокини ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ соати 12:30 ба канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ба ҳалокат расидааст: “Дар баробари ин 18-уми июн, тахминан соати 15:00, писарбачаи 4-солаи ҷамоати деҳоти Маҷнуни ноҳияи Деваштич аз беэҳтиётии волидонаш ба ҳавзи назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ҷон додаст”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Соати 15:35, зани 48-солаи сокини н.Дангара бо духтари 15-солааш хангоми оббози". Ана ина мегуянд "цивилизация"( шармандаи дунё ва охирад).Тавба, Аллох аз ин руз занхои мусулмонро нигах бидор.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!