Бахшҳо

Пешниҳод баъди садамаи пурқурбонӣ: То 25-солагӣ рондани мошин манъ шавад!

Дар пайи нашри хабари садамаи пурқурбонӣ дар ҷануби Тоҷикистон бархе корбарони хабаргузории “Озодагон” пешниҳод кардаанд, маҳдудияти синусолӣ дар дарёфти шаҳодатномаи ронандагӣ боло бурда шавад.

Дар пайи як сониҳаи нақлиётӣ дар ноҳияи Восеъ, ки 18 июн ба вуқӯъ пайваст, 7 нафар ба ҳалокат расид. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ронандаи “Мерседес-бенс”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба самти муқобили роҳ баромадааст: “Мерседес” ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 42-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва се нафар мусофирони автомашинаи “Мерседес-бенс”, синну солашон 22-24-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, инчунин ронандаи автомашинаи “Опел-Астра” ва мусофири он марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири дигари “Мерседес-бенс”, ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар беморхона ҷон додааст”.

Як хонандаи сомонаи хабаргузории “Озодагон” зери ин хабар навиштааст, ҳукумати кишвар бояд рондани машинро ба ҷавонони зери 25 манъ кунад. Ба иддаои ӯ, ҷавононе, ки сари чамбари мошин менишинанд, фикри худ ва мусофиронашонро дар сар надоранд. “Бояд чораҳои қатъӣ дида шавад! Аз дасти ин беақлҳо дар кӯчаҳои шаҳр гашта намешавад! Ранги ҳайвони беақл мошин меронанд. Мансабдорон, ҳатман чунин қонун бароред, ки вазъият дар роҳҳо рӯз то рӯз бад шуда истодааст”,-таъкид намудааст ӯ.


Корбари дигар, ки ҷойи исмаш “Адл аз Душанбе” навиштааст, ба фикри хонандаи пешӣ мувофиқ будааст. Вай дар шарҳи худ менависад: “Рондани автомашина то 25-солаҳо қатъиян манъ карда шавад. Аксари ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ аз ҷониби ҷавонони то 25-сола содир мешаванд. Онҳо автомашинаро аз суръати муқарраршуда зиёд меронанд”.

Амрулло ҳам баъди изҳори ҳамдардӣ ба наздикони қурбониёни ин садама таъкид кардааст, “сад дар сад дуруст. Ҷавонон одоби дурусти ронандагӣ надоранд ... Аз Пешвои Миллат хоҳиш мекунем, барои иҷозати ронандагӣ аз синни 25 як қонун ҷорӣ кунанд”.

Вале на ҳама корбарон ба чунин пешниҳод розӣ ҳастанд. “Қонунмеҳвар” яке аз онҳост, ки навиштааст: “Бародарон бо баровардани қонуни нав маҳдудиятҳои бемаъно ҳеҷ беҳбудӣ намешавад. То имрӯз Тоҷикистон дар қатори давлатҳоест, ки қонунҳояш ноустувор аст. Танҳо роҳи масъала ин боло бурдани фарҳанги ҷомеа аст, ки иншоАллоҳ оқоёни мансабдор ин нуктаро ҳатман дарк хоҳанд кард”.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки ба 18 расидаанд, имкони дарёфти шаҳодатномаи ронандагӣ ва ҳаққи рондани мошинро доранд.
Мӯҳр
Шарт нест якбора то 25 соларо манъ кардан.Бо суръати баланд коида вайрон шавад, ду маротиба чарима, сеюмашба як сол аз хукуки ронандаги махрум..Ба як ду беодоб махдуд кардани хукуки бокимонда, кори хуб нест..

Адл аз Душанбе
Мавзуъи интихобшуда барои мухокима хело бомаврид аст. Садамаи наклиётии дар нохияи Восеъ содиршуда дахшат аст. Чунин садамахо бо марги одамон ва ё чарохати чисмони бардоштан кариб хар руз содир мешаванд, ки асосан аз чониби ронандагони чавони то 25 сола рух медиханд. Аз руи маълумотхои омори хам садамахо аз чониби ронандахои чавони то 25 сола содир мешаванд, коидавайронкунихои харакати рох низ аз чониби онхо бисёртар аст. Хатто амри Президенти мамлакатамон хам, ки талаб карда мешавад, бо автомашина ба тахсил нараванд, ба пурраги ичро намекунанд. Бо хар роху восита бо мошинхо то наздикии муассисахои таълими рафта, мошинхоро дар чойхои гайримукаррари гузошта, дар бисёр холатхо роххоро банд карда мемонанд, ки дар ин бора мунтазам дар барномахои телевизиони ВКД намоиш медихад. Дар мошинхои чунин чавонон ба чойи мусики ва сурудхои милли суруду мусикии бегона садо медихад. Холатхои пайка бо мошин хам аз чониби чунин чавонон борхо аз чониби ВКД ошкор шуд, хатто дар натичаи чунин пайкаи мошинхо чандхо нафар солхои пеш чони худро аз даст додаанд. Дар бисер мавридхо дар ин масъала бахсхо шуданд, вале ба чойи чавонони то 25 сола ба падарони мансабдори чунин чавонон часпиданд ва мухокима карданд, хол он, ки худи чавонон гунахкор буданд. Онхо дар ин синну сол масъулиятро ба пурраги дарк намекунанд. Дуруст мегуянд, ки аз руи чунин чавонон тартибу низоми харакат дар роххои шахр дагалона вайрон мешавад, аз суръати мукарраршуда зиёд харакат мекунанд, бисёр вакт бе асос манёвр карда хамаро ба ташвиш меоранд. Офарин Озодагон, ки ин масъаларо пайгири доред!!!

Тохир аз Восеъ
Хама медонанд, ки автомашина ин манбаи хатари калондошта барои атрофиён махсуб мешавад. Бинобар ин бехтар мебуд, агар барои мусофиркаши аз синни 25 боло ичозат дода шавад ва аз чунин ронандахо имтихон оиди дониши назарияви ва амали дар бораи коидахои харакат дар рох дар алохидаги кабул карда шавад.

муйсафед
сад дар сад дуруст гуфтиянд ...бародарони посух додаги ..аз 25-сола боло дар зери чанбараки мошин рох дода шавад...чунки чавонони асри 21-монанди (лунатик) шидиянд...не сухани хуб , не рафтори хуб,не кирдори хуб доранд .....бовар кунед ...ними шаб дар кучахои шарамо ва дар падезхои чохои чаъмияти бо мошинхои худашон ...бо мусикии баланд тосубх давр мезананд....тамома аз рамкаи одамгари яхелаш баромадаги

БаХдо амуқа кори дигатон мондай, накьне ихе ягон вайи дига фикр кнен...

Курбанов Зафар ЮРИСТ
ХАМАИ ХУКУКХОРО БАРОИ ЧАВОНОН МАВХДУД ВА МАНЪ НАКУНЕД. ЧАВОНИ ИМРУЗА ЧИ ХУКУК ДОРАД НАБОШАД? ХАМА ХУКУКХОРО БАРОЯШОН МАХДУД КАРДЕД.

Дар хакикат маън карда шавад ичозати ронандагиро ба чавонони то сини 25-солаги. Вакте, ки чавонон оиладор мешаванд сохиби фарзанд мешаванд баъд кадри инсондустиро ба даст меоранд, хурмату эхтиромашон дигахел мешавад. Чавонон вакте, ки фарзандор мешавад баъд оилаашро эхтиёткорона аз рохи мошин мегузаронад, ки мошин назанад ва фикр мекунад, ки охиста мошинро рондан лозим аст ба оилаи бегона хатар наорад.

шахрванд
Бо махдуд кардани сину соли ронандаги масъала халли худро намеёбад. Халли чунин мушкили дар он хаст, ки аввалан фарзандонро тарбият додан даркор аст. 98 фоизи чавонон тарбия надоранд. Дар оила тарбия сар мешаваду баъд дар мактаб. Як бор дар дохили автобус ва тролейбус ахмият дихед ба рафтори чавонон, хуш аз саратон мепарад. Наход он чавонони беаклу фаросот нисбат ба модар ва хохару апаи худ чунин муносибат мекарда бошад?

Душанбе
Бисер пешниходи оли. Биёед як мурочиатномаи дастачамъи омода кунем ба хукумат, то ки ин пешниходро конуни кунанд. Хам одаммури аз садамахо камтар мешавад ва хам роххо аз пробка озодтар мешаванд. Аксарияти ин бачахои чавон мошинро барои показуха савори мекунанд ва хаворо ифлос мекунанд. Бигзор бачаи чавон дар тролейбусу автобус гардад, на ин ки пеш пеши по кати мошинаш гардад.

Беҳтарин пешниҳод то 25 сола рафта велосипед ронед беҳтараш.

Ба МО то 25 солагира Дар чои мошин Хар Ронда мегардем магар ин фикри нодуруст дигар рохашро бояд фикр кард

аз шах,ри Х,исор
ман шохиди чунин коре хастам ки хонанда холо хатмкунандаи синфи 11 асту зиëда аз 4-мох, мешавад ки х,учати ронандаги дораду такси мегардад дар вактхои холиги берун аз дарс! хатто аз деха ба аэропорт клент бурда меорад! пас инро хулоса баровард, ки ин ч,авон холо имтихони синфи 11 ро месупораду хучати синфи 11ро надорад пас он дар кучо ва кай тахсил карду ба вай ки хуч,ати ронандаги дод!?

Ардашер
Бо қабули чунин як қонун, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ даъво мекунанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро аз ҳуқуқи ронандагӣ низ маҳрум кард ва ин амр боис ба овозаҳои зиёд дар атрофи номи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад. Беҳтараш тариқи садову симо таблиғот нисбат ба фарҳанги ронандагӣ ва риояи қатъии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагон зиёд карда шавад. Лавҳаҳои таблиғотӣ ҳам дар ин замина нақши муассир мебозанд. Масалан, дар интернет чунин як лавҳаи таблиғотии дар канори роҳ насбшударо дидам, ки акси писарбача гузошта шудаасту зераш ҷумлаи хитобие бо ин мазмун навишта шудааст: падарҷон, оҳиста бирон! Фикр мекунам чунин таблиғоти мантиқӣ дилхоҳ ронандаро ба андешаи оҳиста рондани автомобил водор месозад.

Салом ҳамватанони азиз. Камина ҳам аз 25 сола зиёд кардани синни ҷавонон барои иҷозаи ҳуқуқи рондани мошинҳои сабукравро ҷонибдорӣ мекунад. Бале нафароне ҳастанд, ки дар ҷомеаю мо куллан фарҳанги мошин ё нақлиётрониро надоранд. Зиёда аз ин нафарони мазкур бо ин фарҳанги пасти нақлиётронӣ фикри атрофиёнро ҳаргиз намекунанд. Хуб ба назар мерасад афроди аз 25 зиёдтар ҳуқуқи гирифтани шаҳодатномаи нақлиётиро ба даст оварад.

Махмасиид
О ба ман як чиз нофахмо. Магар чавоне ки то 25 солаги дорои аклу фаросот нашудааст яку якбора онхоро пайдо мекунад? Аз хурди тарбия додан лозим аст хурмати якдигарро ва фарҳанги наклиётрониро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)