Бахшҳо
20 июн 2017 09:53Ҳуқуқи инсон

Чаро доиранавоз Суриярав шуд?

Муслиҳиддин Раҳимов, писари хурдии Ғайрат Раҳимов буда, дар синфи ҳаштум мехонад. Ба гуфти модараш кӯдак аз замоне ки падараш маҳбасӣ шуд, на бо ҷӯраҳояш бозӣ мекунаду на дар сафи дигар аъзои оила нишаста, якҷо хӯрок мехӯрад.

“Ман ва дигар фарзандонам неку бади зиндагиро ҳис мекунем ва ба тақдир тан додем, ки сарвари оилаамон - Ғайратҷон бо шахсони аъзои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо дӯстӣ карда, ҳаёти ширинашро бо дастони худаш барбод дод. Аммо Муслиҳаддин, ки ҳанӯз ин ҳамаро дарк намекунад, такрор ба такрор мепурсад, модарҷон, чаро падари ҳама ҷӯраҳоям дар хона ҳастанду аз они ман не? Чаро дӯстонам мегӯянд, ки падари ту дар турма аст? Чаро бо ягон кас ҷанг кунам маро нею падарамро ҳақорат карда мегӯяд, ки “падарат террорист аст?”,- қисса мекунад Сайёра Истамова, ҳамсари Ғайрат.

КАСЕ БОВАР НАДОШТ, КИ ҒАЙРАТ БА ЯГОН ҲИЗБУ ҲАРАКАТ МЕПАЙВАНДАД

Оилаи Ғайратро хуб мешиносам. Оилае, ки ҳамаашон илмдору меҳнаткашанд. Худи Ғайрат ҳам ба корҳои деҳқонӣ ва рӯзи ҷашну маъракаҳо ба навозандагӣ машғул буд. Тайи чанд соли охир ба Русия рафта меомад. Писари калониашро ба донишгоҳ дохил намуда, соҳиби илм карда буд. Ростӣ то имрӯз ягон нафарро бовараш намеояд, ки Ғайрат чунин хаторо содир карда бошад. Ҳама ҳаваси ӯ ва оилаашро мехӯрд. Занаш дар боғчаи бачагона мураббия, фарзандаш омӯзгор. Вале дар мулки рус бо киҳо дӯстӣ ва чаро роҳи рӯшани зиндагияшро дидаю дониста торик кард, намедонам. Ҳаминашро аниқ медонам, ки ҳар қадаре ки идеяи Ғайратҷон вайрон шуд дар Русия шуд. Дар деҳа ӯ ягон сухани марбут ба дин намегуфт. Ҳатто намозхон набуд. Ақли ӯро дар ҳамон давлати Русия тира карданд, ӯ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ гаравида монд, -мегӯяд муовини раиси ҷамоат.

“ҲАР АЙБ КИ ҲАСТ, ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ”

Айб дар мусулмонӣ ва фаҳмиши баъзе афроди аҳли Ислом аст. Ҳазрати Муҳаммад (с) аз рўзҳои аввали нубуввати худ ва пайдоиши дини Ислом уммати худро ҳамеша ба иттиҳоду якпорагӣ, тадаббуру тафаккур ва дурандешӣ даъват мекарданд ва низ ҳамеша таъкид мекарданд, ки “дар дини Ислом таассуб нест”,-мегӯяд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд

Имрӯз ҳарифони дини Ислом барои тезутунд кардани авзои сиёсии ин ё он мавзеъ ҳамеша моҷароро бо истифода аз таассуби динӣ ривоҷ медиҳанд. Яъне, ин ҷо экстремизм ва таассуби динӣ хеле ҳиллакорона истифода бурда мешавад. Дар натиҷа дар ин байн боз як зуҳуроти нохуш рў мезанад, ки инро дар забони байналмилалӣ терроризм меноманд,-меафзояд ӯ.

ТАҲЛИЛҲО НИШОН ДОД, КИ ҶАВОНОН ДАР МУҲОҶИРАТ БА ИФРОТИҲО ПАЙВАСТААНД

Эҳсоналӣ Норалиев, раиси ҷамоати деҳоти Куруш мегӯяд, бештари онҳое ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд, дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанд. “Ман Ғайратҷонро хуб мешиносам. Зиндагии миёнаҳолона дошт. На намозхон буду на аз тоифаи мардҳое, ки занашро ба хонашинӣ, сатрпӯшӣ ё намозхонӣ маҷбур мекард. Аслан дойранавоз буд ва дар аксар маъракаҳои мардум хизмат мекард. Акнун дар Русия чи хел шуду ба доми миёнаравҳо афтода, ба ин роҳи хато рафтанд, худашон медонанду масъулини мақомот.

ШАВҲАРАМ САНЪАТКОР БУД, НА ҶИНОЯТКОР

Ғайрат Раҳимов, ки қаблан дар деҳа ба дойранавозӣ машғул буд, ӯро ҳама “Ғайрати дойрачӣ” ном мебурданд. На танҳо ҳамсар ва дигар аъзоёни оилааш, инчунин касе бовар надошт, ки нафаре ки дилбастаста санъат аст, роҳи санъатро ба роҳи ғурбат иваз мекунад. Илова бар ин дар замони ҳамчун гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор доштанаш ҳамагон бовар доштанд, ки Ғайрат, ки то ба имрӯз ҳатто ягон калима аз дину оин ва Ислому шариат сухан накардааст, бегуноҳияш исбот ва худаш озод мешавад. Вале ин умедвории пайвандон ва ҳамдеҳагонаш ба ноумедӣ расонид. Зеро он марде, ки рисолати мусмулмонӣ, яъне хондани намозро намедонист бо роҳи савганд ёд кардан ба гуруҳи ифротӣ пайваста буд.

Бо вуҷуди он ки аз маҳбусӣ шудани шавҳар беш аз як сол гузаштааст, вале ҳамсари ӯ - Сайёра то ҳол бовар надорад, ки аз дасти шавҳараш чунин амал омадааст. Зеро ин зан ятим калон шудааст ва шавҳараш доим ваъда мекардааст, ки азоби ятимиро кашидӣ, дигар намегузорам, ки хор шавӣ.

БЕКОРИЮ НОДОРӢ ҒАЙРАТРО БА МУҲОҶИРАТ КАШОНД

Аксар нафароне, ки пойбанди ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо мегарданд, вақте ҳолномаашонро мефаҳмӣ маълум мегардад, ки на шуғле доранду на маълумот. Ҳатто мактаби миёна пурра нахондаанд. Раҳимов Ғайратҷон низ маълумоташ миёна аст. Занаш Сайёраш мегӯяд, ки шавҳарам бо вуҷуди маълумоти олӣ надоштанд, ба навозандагӣ рӯй оварда буд. Вале баъди калони шудани фарзандон масъалаи таҳсил ва дигар муаммо ба миён омаду шавҳарам ба натиҷае расид, ки минбаъд бо навозандагӣ рӯз гузаронида намешавад ва рӯй ба муҳоҷират овард.


Аз чор фарзанд писари калониямонро хонондем ният доштем дигар фарзандонамонро низ баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил намоем, то мисли падараш азоб накашанд. Шояд шавҳарам дар вақташ мехонду соҳиби касбу кори хуб мешуд ба муҳоҷират рафтаву ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракат намепайваст? Кош ба ҳар тоифаи одамон дӯстӣ ва арфтуо намекарду чор фарзандамро дар кӯчаи оворагӣ гузошта паси панҷара намерафт. Танҳо рӯзҳои шанбе ва якшанбе, ки маърака мешуд агар соҳибмаъракаҳо даъват кунанду рафта хизмат мекард ва музди ночиз мегирифт. Барои ҳамин нодорию ночорӣ ӯро муҳоҷир кард, ки ба ин роҳи хато рафт. Худам дар кӯдакистон мураббия ҳастаму аз ҳамин ҳисоб фарзандонамро таъмин мекунам. Рӯзҳои шанбе ва якшанбе мардикорӣ меравам.

600 РУБЛИ РУСӢ “АЪЗОҲАҚҚӢ”-И ҒАЙРАТЕ, КИ ЗАНАШ МАРДИКОР АСТ

Тахмин моҳи июни соли 2014 Ғайратҷон бо ҳамроҳии ҳамдеҳагонаш Сарвар Раҳмонқулов ва Элдор Ҳотамов (ҳарду ҳам ҳоло дар маҳбасанд) ва дигарон ба шунидани амри маъруфи Мансур ва Хайрулло мераванд. Дар он маърака онҳо бештар дар бораи ҷангҳои ҷиҳод дар Сурияву Ироқ, оид ба он ҷангҳову ҷиҳод ва рафта иштирок кардан, фарз будани иштирок дар ҷангҳои ҷиҳод дар тамоми дунё, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати исломӣ барпо кардан суханронӣ намудаанд. Инчунин оид ба расонидани кӯмаки пулӣ ба бародароне, ки ба бародароне, ки дар давлати Сурия ҷангида истодаанд амри маъруфҳо кардаанд. Сипос номбурдагон ҳама даст ба дасташонро болои дасти ҳамдигар гузошта, барои кумак қасам хурдаанд. Ғайратҷон дар баёноташ оид ба аъзоӣ ба Иттиҳодияи Террористии “Ҷундуллоҳ” баёнот дода, навиштааст: “Ман Ғайратҷон, бо роҳи Ислом то охири нафасам хизмат мекунам, барои зиёд намудани сафи ҷамоат даъват мекунам, барои ташкил намудани давлати Хилофати Бузург хизмат мекунам ва ҳамаи амру супоришҳои Амирамро бечунучаро иҷро мекунам ва агар лозим шавад ҷони худро дар ин роҳ фидо мекунам”.

Пас аз аъзо шудан ба Иттиҳодияи мазкур Сарвар барои кӯмак барои бародароне, ки дар ҷиҳод иштирок карда истодаанд, ҳар моҳ ба арзиши 600 рубли русӣ маблағ месупурдааст.

8 СОЛИ ИНТИЗРИЮ ПУШАЙМОНИИ ҒАЙРАТ

Раҳимов Ғайратҷон Икромович, 17 августи соли 1967 дар ҷамоати деҳоти Куруш, деҳаи Куркати ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Номбурда бо қисми 2 моддаи 187-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳати 8-сол аз озодӣ маҳрум гардид. Акнун мебояд ин мард ин муддатро калони ислоҳии низомат пурзур сипарӣ намояд.

Фарзона МУРОДӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)