Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 17 декабр 2017, 05:36

Ихтисори нозирони "Барқи тоҷик" барои коҳиши талафот

21 июн 2017, 10:55

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи 34,4 миллион доллариро бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба тасвиб расонд, ки ба коҳиши талафоти нерӯи барқ дар вилояти Суғд равона шудааст.

Ғолиб Убайдзода, муовини раиси “Барқи тоҷик”, зимни муаррифии лоиҳа гуфт, аллакай барнома мавриди амал қарор гирифтааст ва натиҷаҳои мусбат дода истодааст. Ӯ гуфт, дар доираи лоиҳа идораи нерӯи барқ аз як марказ сурат мегирад ва корҳои маърифатӣ роҳандозӣ мешаванд: “Ҳисобкунакҳои муосир насб мешаванд. Мардум пулро на ба нозир, балки бевосита ба бонк месупорад”.

Ба гуфтаи Убайдзода дар пайи ин иқдом аллакай 97 нозири барқ аз кор озод шуданд, ё ба кори дигар гузаштанд.

Ба суоли Абдуҳалим Ғаффоров, вакили парлумон, ки чаро бо насби ҳисобкунакҳои нав хароҷоти мардум афзоиш ёфт, Убайдзода гуфт, ҳисобкунакҳои куҳна фарсуда шуда буданд ва бархе аз хароҷоти нерӯи барқро сабт намекарданд: “Ҳисобкунакҳои нав кӯчактарин харҷи нерӯи барқро ба ҳисоб мегиранд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Убайдзода =Бигузор, ки агар фарсуда шуда бошад, хам ба монанди хамин хисобкунаки нав насб кунанд буд. барои чи аз давалти чин хисобкунанки ранги самалёти реактивный хисоб мекардагира оварда дарди сари мардума бисёр карден! ича таги коса нимкосае хаст. ин чавоби Шумо мардума каноатманд карда наметавонад. бехтараш дар ин мохи шариф рости гапа гуед монед!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!