Бахшҳо

Боздошти раиси суғурта барои заминфурӯшӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти Абдураҳим Қувватов, собиқ сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Вахш хабар дод, ки дар фурӯши ғайриқонунии замин айбдор мешавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод Қувватов бо сӯиистифода аз мақоми хизматиаш моҳҳои май-июни соли 2009 аз Нуралиев А. ва Муидинова Р. барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ 3000 доллар гирифтааст: “Сипас бо роҳи сохтакорӣ ариза, қарор ва шаҳодатнома оид ба қонунигардонии молу мулк дар номи Нуралиев А. тайёр карда додааст”.

Манбаъ афзуд, ки инчунин Қувватов дар давраи фаъолияти кориаш барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвандон Мосулов М. ва Мосулов С. маблағи 3950 доллару 9100 сомонӣ гирифта, бо роҳи сохтакорӣ ба воситаи Дамонов Абдусалом ба номи Мусулов М. сертификати ҳуқуқи истифодаи замин тайёр карда додааст: “Ҳамчунин, бо мақсади ҷудо намудани қитаъи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвандон Зарипов М. 24000 доллару 5900 сомонӣ, Саидов Н.А., 10000 доллар, Нодирова Г.А., 4000 доллар, Тагаев Б.Г. 4000 доллар, Шамсиев И.Р. 5000 доллар, Зокиров Р. 9500 доллар, Алиев М.М.1500 доллар, Алиев Ф.М. 6500 доллар ва Ризоева С.А. 92000 сомонӣ гирифта, ба манфиати онҳо ягон амалро иҷро накарда, дар натиҷа бо ин кирдори худ ба номбурдагон зарарҳои гуногуни моддӣ расонидааст”.

Оҷонсӣ афзуд, феълан парвандаи ҷиноӣ нисбати Қувватов Абдураҳим ва Абдусалом Домонов барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтакорӣ ба суд ирсол гардид.

Дар ҳамин ҳол, Агентии "Тоҷиксуғурта" мегӯяд, Қувватов корманди собиқи ин ниҳод аст.
Мӯҳр
ин хел порахуронро як умр бояд зиндон кард!!!!

молодец , ами кортона давом бтен бкапен хамаша худованд куваттон бта, ки дигар дар точикистон ягон харомхур намонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)